Хазинаи маърифат – Андеша

– Бар кори хуб ният кунед,
Бар ҷабру ғаму андӯҳ сабр кунед,
Бар кам қаноат кунед,
Хатоҳоятонро қабул кунед,
Тассаруф кунед,
Ба ғайри Аллоҳ (ҷ.ҷ) ба дигаре бандагӣ макунед.

Панду андарзи муфид аз китоби Хазинаи маърифат


– Як дунёи бузург гардиш мекунад, пас аз гардиш кардани наздиконат шубҳа макун.


– Ба ҳар гуна хушомадгӯӣ, изҳори сипос макун, зеро гусфандро низ қабл аз қурбонӣ дӯстдорӣ мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– Меъдаатонро бо нони дигарон, баданатонро бо либоси дигарон ва ҷайбатонро бо пули дигарон пур накунед.


– Кош, одамон низ чун мошинҳо мебуданд. Қабл аз дӯстӣ барпо кардан назди устое бурда мешуд, то ин ки усто вайрон будан ва ё набуданашро ташхис намояд.


То гузаштан аз пул (купрук) хирсро амак магӯ. Агар дар вақти гузаштан пул шиканад, ба он тараф (ба он дунё) чун амакбачаи хирс меравӣ.

(Неҷип Фазил Кисакурек)


– Дар тарозуи нодуруст қалбатро масанҷ, вагарна ғамгин мегардӣ.


– Дар ҳаёт ба хеҷ чиз ғамгин машав. Фаромуш макун, ки он чизе, ки туро ғамгин месозад, аз ӯ барои ту хайре нест.


– Пинҳонкунандаи сухан не, балки ошкоргуянда мард аст. Сухан, ки баромад, баргардонидани он дард аст. Пеш аз сухан гуфтан фикр карданро ҳисобу китоб мегуянд. Баланд парвоз кардан хуш аст, аммо афтиданаш гарон аст.


– Бахшандаи ҷон ҳам Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ) аст ва гирандаи ҷон ҳам Аллох Таоло (ҷ.ҷ). Ту чӣ ин қадар талош мекунӣ, мисле ки ҷон аз худат бошад.

(Неҷип Фазил)


-Ҳap як хӯрдан ҳазм кардан дорад. Пеш аз хӯрдан, фикри ҳазми онро бикун. Ё дар ин дунё ҳазм мекунӣ ва ё рӯзи қиёмат бо азоб пардохташ мекунӣ.

(Субҳон Курбонов)


Аз Китоби Хазинаи Маърифат

Aмал – Хазинаи маърифат

ҚаблӣМухотаб чист?
БаъдӣШеър дар бораи Точик ва точикам – тоҷик