Мубодилаи моддахои гайриорганики. Танзими мубодилаи моддахо. Мубодилаи об ва намакхои минерали. Вазифаи гадудхои тарашшухи дохили дар танзими мубодилаи моддахо.
Мубодилаи об ва намакҳои минералӣ
Об қариб аз се ду ҳиссаи вазни баданро ташкил медиҳад. Дар ситоплазма аз ядрои ҳуҷайра назар ба моддаҳои дигар об бисёртар аст. Тағйироти сершумори кимиёвии моддаҳои ҳуҷайра танҳо дар маҳлули об ба вуҷуд меояд. Об дар таркиби хун, лимфа ва шираи ҳозима хеле бисёр аст.
Организм мунтазам обро талаф медиҳад. Об аз бадани одам бо пешоб, арақи бадан, наҷосат ва буғи нафас берун меравад. Бинобар ин, миқдори оби организми одам бояд ҳамеша пурра бошад. Одам бе об ҳамагӣ якчанд шабонарӯз зиндагӣ карда метавонад.
Ба организм, инчунин намакҳои минералӣ заруранд. Таркиби доимии муҳити дохилӣ ба туфайли онҳо нигоҳ дошта мешавад. Иштироки намакҳои калсий барои лахта шудани хун ҳатмист. Қисми зиёди моддаи байни ҳуҷайраҳои бофтаи устухон аз намакҳои минералӣ иборатанд. Қариб ҳамаи намакҳои минералии барои организм зарурбуда дар таркиби хӯроки муқаррарӣ ба миқдори кофӣ мавҷуданд. Дар он фақат намаки хлориди натрий камӣ мекунад. Бинобар ин, ба хӯрок намаки ошӣ илова мекунанд.
Вазифаи ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ дар танзими мубодилаи моддаҳо
Ҳамаи ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ мубодилаи моддаҳоро танзим мекунанд.
Ҳормонҳои ғадуди сипаршакл (расми 77) равандҳои оксидкунандаро танзим карда, ҳамчунин ба афзоиш ва нашъунамои организм таъсир мерасонанд. Суст шудани фаъолияти ғадуди сипаршакл ё гирифта партофтани он боиси хеле вайроншавии мубодилаи моддаҳо (микседема) мегардад.

Дар бофтаҳои беморони микседема равандҳои оксидкунанда суст шуда, ҳарорати баданашон паст, набзашон суст ва худ фарбеҳ шуда, ангезиши системаи асабашон кам мегардад. Агар беморон мувофиқи фармоиши духтур ҳар рӯз доруҳои ҳормониеро, ки аз ғадудҳои сипаршакли ҳайвонот тайёр карда мешаванд, истеъмол кунанд, беморӣ табобат меёбад. Чунин муолиҷаро бе таваққуф, тамоми умр давом додан лозим аст. Паст шудани фаъолияти ғадудҳои сипаршакл сабзиш ва инкишофи кӯдаконро суст мегардонад.
Ҳангоми афзоиши фаъолияти ғадудҳои сипаршакл суръати равандҳои мубодила меафзояд. Дар ин ҳол дил тез-тез кашиш хӯрда, фишори хун баланд мешавад ва ҳаяҷонпазирии системаи асаб меафзояд. Одам асабонӣ гардида, зуд монда мешавад. Ин нишонаҳои бемории “Базедов” аст. Беморони бемории “Базедов” доимо гурусна мемонанд, бисёр хӯрок мехӯранд ва дар баробари ин хеле лоғар мешаванд. Ғадуди сипаршакли ин қабил одамон калон буда, чашмонашон аз косахонааш мебарояд.
Барои табобати дарди “Базедов” доруҳоеро қабул мекунанд, ки ба ҷудошавии ҳармонҳо монеъ мешаванд. Баъзан бо роҳи ҷарроҳӣ қисми ғадудҳои сипаршаклро гирифта партофтан рост меояд.
Ғадудҳои болои гурда якчанд ҳормонҳоро ҳосил мекунанд. Онҳо мубодилаи карбогидрат, чарб, сафедаро назорат карда, боиси ба карбогидрат табдил ёфтани сафедаҳо мешаванд ва мубодилаи намаку обро танзим мекунанд (расми 77).
Вайрон шудани танзими мубодилаи моддаҳо боиси пайдоиши бемориҳои гуногун, ба монанди пайдошавии санг дар талхадон мегардад (расми 78).

Дониши худро санҷед:
- Об, намакҳои минералӣ дар организм чӣ нақшеро мебозанд?
- Ғадуди сипаршакл дар мубодилаи моддаҳо чӣ нақшеро мебозад?
- Танзими кадом намуди мубодилаҳо ба ғадудҳои болои гурда вобаста аст?
- Кадом ҳормонҳои қабати қишрӣ ва мағзии ғадуди болои гурдаро медонед?
- Норасоии элементи йод кадом бемориро ба амал меорад?
- Санги талхадон чӣ хел пайдо мешавад?