Тарбияи эстетикӣ дар корҳои берун аз синф

Тарбияи эстетики дар корхои берун аз синф.


Дар системаи корҳои беруназсинфии мактаби ибтидоӣ ба шаклҳои гуногуни тарбияи эстетикӣ эътибори калон дода мешавад. Мактабиёни хурдсол ба фаъолияти эҷоди бадеӣ саъю кӯшиши зиёд доранд. Муаллимони пешқадам ин майли онҳоро ба инобат гирифта, ба мақсади тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва ақлии кӯдакон дар корҳои берун аз синф шаклҳои мувофиқро ба нақша мегиранд.

Нисбати тарбияи дарки зебоишиносии толибилмони хурдсол васеъ истифода бурдани азёдкунии порчаҳои назмӣ ва насрӣ нақши намоиш додани манзараҳои дар суравтҳо тасвирёфтаи табиат ва бевосита додани онҳо шавқи зиёд мебахшанд. Ба кӯдакон бахусус нишон додани зебоии манзараҳои табиат: кӯҳсорону чашмасорон, пахтазору ғаллазорҳои беканор, шӯхобҳои кӯҳии ҳаётбахш, хониши мурғони озодбол, боғу марғзорҳои сабзу хуррами диёр барояшон хеле гуворо ҳаловатбахш аст.

Ин талаботи кӯдакон тибқӣ ташкил кардани экскурсия ба табиат, музейҳо, осорхонаҳои таърихӣ, боғи ҳайвонот, маҳфилҳо (ҳаваскорони санои нафиса, табиатшиносони ҷавон, техникони ҷавон) амалӣ гардонда мешавад. Талабагон ҳангоми экскурсии бо ашё ва ҳодисаҳои воқеӣ аз наздик шинос мешаванд. Фаслҳои табиати солро мушоҳида ва муқоиса мекунанд, гиёҳҳои шифобахш меғундоранд, гербария месозанд, аз нигораҳои ҷамъовардаашон намоишгоҳҳо ташкил менамоянд. Дар ҳамин радиф бо онҳо ҳисси ватандӯстӣ, муҳофизати табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва афзунгардонии неъмат ва сарватҳои табиат низ тарбия дода мешавад. ҳамаи ин чӣ дар тарбияи фикрию ахлоқӣ ва чӣ дар тарбияи муштараки эстетикӣ саҳми зиёд мегузорад.

Талабагон дар маҳфилҳои ҳаваскорони мактаб шеърҳо аз ёд кардан, аз порчаҳои бадеӣ, саҳначаҳо ва нақшҳо офаридан, дар ҳузури мактабиён ва волидаён дар рӯзҳои ид ва ҷамъомадҳои анъанавӣ баромадҳо карданро дӯст медоранд. Дар маҳфилҳои табиатшиносон дар маркази табиатшиносони ҷавон бо кишти анвои зироат, ҳайвоноту паррандаон шинос мешаванд, дар маҳфилҳои маркази техникони ҷавон ба сохтани асбобҳои миллӣ бевосита иштирок мекунанд, навозандагӣ ва сарояндагиро ёд мегиранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҷои муҳимро дар ҳаёти мактабиёни хурдсол хониши берун аз синф ва конференсияи хонандагон ташкил медиҳад. Талабагон дар қатори машғулиятҳои таълимӣ аз хониши асарҳои берун аз синф сабақи аввалини шуурона таҳлилкунӣ мегиранд. Онҳо ба масъалҳои асосии асари бадеӣ чуқур шинос шуда ба ошкор кардани образҳои он эътибор медиҳАнд ва ба конференсия омодагӣ мегиранд. Ин шакли кор ба таври пурра аз синфи сеюм истифода бурда мешавад. Конференсияи хонандагон, ки аз ҷониби китобдори китобхона ва муаллим баргузор мегардад, нишон медиҳад, ки хонандагони хурдсол ба муҳокимаи асарҳои бадеӣ иштиёқи зиёд доранд. Муҳокимаи китобҳо ба онҳо муқоиса кардани фаъолияти худ бо образҳои гуногуни бадеиро имкон медиҳанд.

Дар зебоиписандии кӯдакон дидану таҳлил кардани кинофилмҳои бадеӣ мавқеи ниҳоят калон дорад. Аз ин хотир дар назди мактабҳо ташкил кардани киноклубҳо, кинолекторияҳо, кино-тетрҳо дар назар дошта шудааст. Муаллимон бояд зуд-зуд коллективона намоиши кинофилмҳоро барои дастпарварони худ ташкил кунанд. Филмҳои дидаи айёми кӯдакӣ ба онҳо на танҳо дар хотирашон дуру дароз нақш мебандад. Пеш аз тамошои филм муаллим талабагонро ба кадом масъалоҳо эътибор доданашонро огоҳ мекунад ва баъди дидани он ҳатман муҳокима мекунанд. Сухани муқадиммавиро, одатан муаллим оғоз намуда, сипас ба муҳокимаи озод мепардозанд.

Барои баланд бардоштани доираи назари зебошиносии талабагон тамошои санъати меъморӣ, кандакорӣ, нақшу нигорҳои санъати волои миллӣ, ки дар қасру биноҳо, ҷойхонаю меҳмонхонаҳо, биною театрҳо, пайкараю муҷасаммаҳо, шаҳрҳо зебу зинат медиҳанд, аҳамияти калони эстетикӣ доранд. Талабагон аз толори намоишгоҳи рассомони ватанӣ олам-олам ҳаловат мебардоранд ва ба ваҷд меоянд.


 Мавзӯи пурра >> Тарбияии эстетики хонандагон

ҚаблӣТарбияи эстетикӣ дар ҷараёни таълим
БаъдӣМавзӯи 20. Тарбияи ҷисмонии мактабиён