Чи тавре ки маълум аст, олами наботот хеле ғанӣ, рангин ва фавқулода гуногунхел аст. Чунин гуногуннавъӣ, гуногуншаклӣ ва тағйирпазирии рустаниҳо тасодуфӣ набуда, он ба тағйирёбӣ ва дигаргуншавии шароитҳои муҳити зисти рустаниҳо зич алоқаманд мебошад.
Рустаниҳои дараҷаи паст аз рӯйи сохт ва шаклҳои ҳаётиашон сохти ниҳоят содаанд ва тани онҳо ба узвҳои махсус ташаккулёфтаи рушдунумӯкунанда ҷудо намешаванд. Масалан, бактерияҳо фақат сохти ҳуҷайравӣ дошта, пластид ва ядро надоранд. Занбӯруғҳо бошанд, агарчи баъзе аломатҳои ба ҳуҷайраҳои ҳайвонот ва рустаниҳо монанд дошта бошанд ҳам, инчунин, боз аломатҳои махсусе доранд, ки танҳо ба худи онҳо хос аст. Гулсангҳо организмҳои зиндаи симбиотикие мебошанд, ки танаи онҳо аз ҳуҷайраҳои (гифҳои) занбӯруғӣ ва обсабзӣ ташаккул ёфтааст. Шумо дар мавзӯъҳои дарсҳои оянда ба сохту фаъолияти ҳаётии онҳо муфассал шинос хоҳед шуд.
Дар рустаниҳои дараҷаи олӣ танаи (ҷисм ё пояи) онҳо ба узвҳои алоҳидаи нағзинкишофёфта – реша, поя, барг ва дигар узвҳо ҷудо шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо дар рустании том вазифаи муайянеро иҷро мекунанд.
Дар рӯйи замин тақрибан 250 ҳазор навъи рустаниҳои гулдор ё пӯшидатухм мавҷуд аст. Дар онҳо гул ва мева бо тухмаш ҳосил мешавад. Ин узвҳо барои давом додани насли рустанӣ хизмат карда, тавассути ин узвҳо афзоиш ва паҳншавии онҳо амалӣ мегардад.
Чи тавре ки ҳангоми омӯзиши фанни ботаника дар синфи 5-ум медонед, яке аз хусусиятҳои муҳиму асосӣ ва фарқкунандаи рустаниҳои гулдор дар онҳо мавҷуд будани гул мебошад. Хусусияти дигар – пӯшидатухмии онҳост, зеро дар онҳо тухммуғҷа ҳатман дар дохили ғӯраки мевадон ҳосил мешавад ва бо гузашти муайяни вақт ғӯрак ба мева, тухммуғҷа бошад, ба тухм табдил меёбад. Ҳамин тавр, тухм ҳамеша дар дохили мева пинҳон аст. Бинобар он рустаниҳои гулдорро рустаниҳои пӯшидатухм низ меноманд.
Шаклҳои ҳаётии рустаниҳои гулдор гуногун мебошанд. Онҳо дар шакли дарахт, бутта, нимбутта ва алаф вомехӯранд. Ҳамаи рустаниҳои дарахтӣ ва буттагӣ бисёрсолаанд. Рустаниҳои алафӣ яксола, дусола ва бисёрсола мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ба сершуморӣ ва бисёрнавъии рустаниҳои гулдор нигоҳ накарда, дар тӯли таърихи тӯлонии соҳаи кишоварзӣ миқдори каме аз онҳо дар шакли рустаниҳои зироатӣ мавриди истифода қарор доранд.
Азбаски набототи худрӯй ва зироатӣ дар шароитҳои гуногун нашъ унамо мекунанд, онҳо аз якдигар бо бисёр сифату хусусиятҳои хосаашон фарқ мекунанд. Меваи рустаниҳои зироатӣ (ки бо дахолати бевоситаи инсон ба вуҷуд оварда шудаанд), одатан, хеле калонандоза, бомаза, хушҳазмшаванда ва серҳосил мебошад. Дар навбати худ, рустаниҳои худрӯй аз рӯйи хусусиятҳои пешпазакӣ (зудпазакӣ), дарозумрӣ ва ба шароитҳои номусоиди муҳити зист тобовар буданашон аз рустаниҳои зироатӣ фарқ мекунанд.
Аз рӯйи қонуну қоидаҳои таснифотӣ (систематикӣ) шуъбаи рустаниҳои гулдорро ба синфи рустаниҳои дупаллатухм ва якпаллатухм ҷудо мекунанд. Чунин рустаниҳо, аз қабили пахта, лӯбиё, нахӯд, каду, бодиринг, тарбуз, лаблабу, себ, гелос, зардолу ва ғайраҳо ба рустаниҳои дупаллатухм тааллуқ доранд. Ба рустаниҳои якпаллатухм гандум, ҷав, арзан, ҷуворимакка, пиёз, лола, савсан ва ғайраҳо дохил мешаванд. Умуман, рустаниҳои дупаллатухм нисбат ба рустаниҳои якпаллатухм тақрибан чор маротиба зиёдтаранд.
Бамаврид аст қайд кунем, ки дар омӯзишу тадқиқот ва таснифоти набототи Тоҷикистон саҳми олимон ва таҳқиқотчиёни Пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ки соли 1941 таъсис дода шудааст, хеле калон ва назаррас аст. Бо роҳбарии бевоситаи набототшиноси маъруф П.Н.Овчинников таҳия ва нашри асари бисёрҷилдаи «Флораи Тоҷикистон» дар соли 1937 оғоз гардид. Дар солҳои минбаъда ин асари пурарзиш дар ҳаҷми 10 ҷилд аз чоп баромад ва дастраси аҳли илм гардид. Дар навишту тайёр кардани асари бисёрҷилдаи гаронбаҳо, ки дар он оид ба 4513 навъи рустаниҳои спорадор, тухмдор ва гулдори ватанамон маълумотҳои дақиқи ботаникию таснифотӣ гирд оварда шудааст, саҳм ва хизматҳои шоёни олимони волоихтисос – М.Р.Расулова, С.Ю.Юнусов, А.П.Чукавина, Г.Ф.Кочкарева, Г.К.Кинзикаева, Л.Н.Абдусаломова, Б.А.Шарифова ва дигарон бағоят калон ва шоистаи таҳсин аст. Ин таҳқиқотҳои пурарзиш имкон доданд, ки 170 намуди нави рустаниҳо кашф шуда, зиёда аз 200 намуди рустаниҳо, ки ба онҳо хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад, ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил карда шаванд.
Флораи рустаниҳои спорадори Тоҷикистон низ хеле ғанию ҷолиби диққат мебошад. Таҳқиқу таҳлилҳои бомароми илмӣ имкон доданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 2200 навъи обсабзҳо, 2000 навъи занбӯруғҳо, зиёда аз 300 навъи гулсангҳо ва 400 навъи ушнаҳо ба қайд гирифта шуда, аз ҷиҳати ботаникӣ пурра тасниф карда шаванд. Дар ин ҷабҳа месазад саҳму хидматҳои пурарзиши олимони варзида – У.К.Маматқулов, Г.А.Шмелев, И.Қудратов ва дигаронро махсус қайд кунем.
Дар охир мебояд қайд кард, ки дар пешбурд, омӯзиш ва таҳқиқоти бисёр соҳаҳои мухталифи таҳқиқоти ботаникӣ ва коркарди роҳҳои оқилона истифода бурдани набототи кишварамон саҳму хидматҳои шоёни чунин олимони маъруф, аз қабили О.Федченко, B.Л.Комаров, Н.Ф.Гончаров, К.В.Станюкович, Ю.С.Григорев, С.С.Иконников, В.И.Запрягаева, Р.В.Камелин, Б.М.Комаров, О.Ш.Шукуров, М.И.Исмоилов, М.Ҳоҷиматов ва дигарон хеле калон ва назаррас аст.
Аз мудирият:
Мавзӯҳои китоби Ботаника (китоби дарсӣ барои синфи 6, нашри соли 2016) бо муаллифии С. Султонов, М. Нигмонов аст, дар сомонаи мо дар барчаспи “Ботаника синфи 6” оварда мешаванд.