Сохти ҳуҷайраи рустанӣ (растанӣ)

Тамоми организмҳои зинда, аз он ҷумла рустаниҳо, аз ҳуҷайраҳои андозаашон хеле хурд, ки бо чашми одӣ дида намешаванд, иборатанд. Ҳуҷайра ва сохти ҳуҷайрагии организмҳоро дидан фақат ба туфайли такмилу сайқал ёфтани санъати шишасозӣ имконпазир гардид. Барои ба сохти ҳуҷайраи рустанӣ шинос шудан препарати пардаи тунуку нафиси мағзи пиёзро тайёр кунед.

Барои ин пӯсти хушки пиёзро аз мағзаш дур карда, бо теғи тез як порча пӯст ё пардаи тунуку шаффоферо, ки мағзи сафеди пиёзро пӯшонидааст, ҷудо намоед.

Бо қатрарез ё қаламчаи шишагин ба рӯйи шишаи ашёгузор як-ду қатра оби соф чаконда, пардаи аз пиёз ҷудокардаатонро ба он гузоред. Барои он ки пардаи пиёз нағз паҳн шавад, онро дар қатраи об бо нӯги сӯзан эҳтиёткорона ҳамвор кардан лозим аст. Ба об як қатра маҳлули йод ҳамроҳ карда, пардаи пиёзро бо шишаи тунуки рӯйпӯш пӯшонед. Чунин микропрепарати тайёр, яъне пардаи пиёзро ба мизчаи ашёгузори микроскоп ниҳода, (14) дидан мумкин аст.

Расми 14. Тарзи тайёр кардани микропрепарат (ашё)-и пардаи пиёз

Дар зери микроскоп ҳуҷайраҳои пардаи пиёз дарозрӯя менамоянд (15) ва ба ҳамдигар ҷафс ҷой гирифтаанд.  Ҳар кадом ҳуҷайра аз берун бо лифофаи (ҷилди) шаффоф пӯшонида шудааст ва дар ҷо-ҷойи он сӯрохиҳои бағоят хурд – масомаҳо ба назар мерасанд. Ҳуҷайраи рустаниҳо ба пуфакҳое монанданд, ки холигиаш бо моддаи зиндаи ҳаётан заруру беранги часпак (ғализ) – ситоплазма пур шудааст. Ситоплазма тамоми хосиятҳои организми зиндаро доро буда, қобили ғизогирӣ, расиш, нафаскашӣ, ҳаракат ва афзоиш мебошад.  Ситоплазма оҳиста бомаром ҳаракат мекунад. Вай ҳангоми сахт гарм шудан ё ях бастан вайрон шуда, ҳуҷайрааш нобуд мешавад.

Расми 15. Сохти ҳуҷайраи пардаи пиёз

Дар ситоплазма ҷисмчаи таркибаш хеле ғафсу ғализ (зич) – ядро ҷой гирифтааст. Дар ядро ядрочаро дидан мумкин аст. Бо ёрии микроскопи электронӣ муқаррар кардаанд, ки сохти ядрои ҳуҷайра ниҳоят мураккаб мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маълумот дар бораи Микроскоп

Қариб дар ҳамаи ҳучайраҳои рустанӣ, хусусан дар ҳуҷайраҳои нисбатан пир ковокӣ ё холигӣ – вакуолаҳо мавҷуданд. Онҳо аз шираи ҳуҷайра пур мебошанд. Шираи ҳуҷайра маҳлулест, ки дар он қанд ва дигар моддаҳои органикию ғайриорганикӣ ҳал шудаанд.

Дар шираи баъзе ҳуҷайраҳо мавҷуд будани моддаҳои гуногуни ранг-деҳ мумкин аст, ки ба гулбарг ва дигар узвҳои рустанӣ ранги кабуд, бунафш ва гулобӣ мебахшанд. Баъзан миқдори шираи ҳуҷайра дар вакуола чунон бисёр мешавад, ки ситоплазмаро ба девори лифофа ҷафс гардонда, гӯё тамоми ҳуҷайраро як вакуолаи калон ишғол мекунад. Ҳуҷайраҳои меваи пухта ва узвҳои серобу сермағзи рустанӣ сершира мешаванд. Ҳангоми буридан ё осеб ёфтани меваи пухта ё ягон узви дигари сероби рустанӣ лифофаи ҳуҷайра осеб меёбад ва аз вакуолаи он шира ҷорӣ мегардад.

Дар ситоплазмаи ҳуҷайраи рустанӣ ҷисмчаҳои дигар – пластидҳо мавҷуданд. Миқдори пластиди ҳуҷайраи узвҳои гуногуни рустанӣ ҳархела буда, онҳо дар зери асбобҳои калонкунанда нағз намудор мешаванд.

Дар рустаниҳои гулдор пластидҳои рангашон сабз, зард, ё норинҷӣ ва беранг дида мешаванд. Пластидҳои ҳуҷайраи пиёз беранганд. Ранги ин ё он узви рустанӣ ба ранги плас- тидҳо ва моддаҳои рангдеҳи шираи ҳуҷайра вобаста аст. Пластидҳои сабзро хлоропластҳо меноманд ва ранги сабзи барги рустаниҳо одатан ба мавҷудияти онҳо вобаста аст.

Ранг, шакл ва андозаи ҳуҷайраҳои узвҳои ҳархелаи рустанӣ хеле гуногун мешаванд.

Узвҳои рустанӣ (Узвхои растани)


Саволҳо

  1. Микропрепарати пардаи пиёзро чӣ тавр тайёр мекунанд?
  2. Сохти хучайра чи гуна аст?
  3. Ранги кадом узвҳои рустанӣ ба моддаҳои рангдеҳи пластидҳо вобаста аст?
  4. Пластидҳо аз рӯйи рангашон чӣ хел мешаванд?
  5. Шираи ҳуҷайра дар куҷо ҷойгир шудааст ва он чиҳо дорад?

Сохти хучайраи рустани/растани

ҚаблӣМаълумот дар бораи Микроскоп
БаъдӣГуногуншаклии ҳуҷайраи рустанӣ (растанӣ)