Аҳамияти лучтухмон дар табиат ва хоҷагии халқ

Ахамияти лучтухмон дар табиат ва хочагии халк.


Олами наботот дар рӯйи замин сарчашмаи ҳаёт мебошад. Дар ҳақиқат, мавҷудият ва фаъолияти ҳаётии инсон, ҳайвонот ва микроорганизмҳоро бе мавҷудияти он «уқёнуси сабз», ки рустаниҳо онро ба вуҷуд овардаанд, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Наботот тамоми мавҷудоти зиндаро бо гази оксиген таъмин мекунад. Ба туфайли раванди фотосинтез рустаниҳои сабз атмосфераро бо оксиген бой гардонда, инчунин ҳаворо аз миқдори барзиёди гази карбонат ва дигар омехтаҳои газҳои зарарнок тоза нигоҳ медоранд.

Рустаниҳои сӯзанбарг дорои аҳамияти калон буда, дар табиат ва хоҷагии халқ мавқеи махсус доранд. Арча, санавбар ва дигар сӯзанбаргон қобилияти баланди мустаҳкам кардани хокро дошта, онро аз шусташавӣ нигоҳ медоранд. Инчунин, бешазори дарахтони сӯзанбарг ба монанди ҷангалҳои дарахтони паҳнбарг ба зуд обшавии барф монеъ гардида, бо ин восила заминро сернам нигоҳ медоранд.

Ҳар сол миллионҳо метри мукааб чӯб тайёр карда мешавад, ки қариб 80%-и онро ҷангалҳои сӯзанбарг медиҳанд. Чӯби дарахтони сӯзанбаргро дар сохтмони биноҳо, истеҳсоли асбобҳои мусиқӣ, ҷевон (мебел), сохтани кӯпрукҳо, мустаҳкам намудани даромадгоҳу нақби конҳо ва ба сифати симчӯб истифода мебаранд.

Даркорхонаҳои кимиё аз сӯзанбарг зифт мегиранд ва ҳангоми қатрон намудани онҳалкунандаҳои гуногуни органикӣ, аз қабили спирти техникӣ, атсетон, скипидар, эфир ва ғайраҳо истеҳсол карда мешавад. Аз чӯби санавбар нахи сунъии абрешиммонанд ҳосил мекунанд. Аз чӯби коҷ коғази хушсифат истеҳсол мекунанд.

Ҷангалҳои дарахтони сӯзанбарг ва хусусан арчазорҳо тавассути баргашон ба миқдори зиёд моддаҳои зудбухоршавандаро (равғани эфирӣ) хориҷ мекунанд ва бо ин васила ҳавои муҳити сукунаташонро аз микробҳои касалиовар покиза нигоҳ медоранд. Масалан, равғани эфире, ки аз як гектар арчазор хориҷ мешавад, барои аз микробҳо тоза нигоҳ доштани ҳавои як шаҳри калон кифоя мекунад. Хусусиятҳои мустаҳкамӣ ва тобоварии чӯби арчаро ба назар гирифта, аз қадимулайём онро барои бунёди биноҳо, сохтани киштиҳо, дар саноати автомобилбарорӣ ва мебелсозӣ васеъ истифода мебурданд. Зеро чӯби зифтноки арча нисбат ба таъсири ҳашарот ва микроорганизмҳои пӯсонанда хело устувор мебошад. Мутаассифона, дар натиҷаи фаъолияти ғайриоқилонаи инсон сол аз сол арчазорҳо кам шуда истодаанд. Бинобар он, дар миқёси ҷаҳон истифодаи чӯби арча дар истеҳсолоти хоҷагии халқ манъ карда шудааст. Буридани дарахти арча хиёнати даҳшатнок нисбат ба ин сарвати пурқимату бебаҳои табиат мебошад.

Чалғӯзаи хушбӯю ширини арча, ки дар таркибаш ба ҷуз зифт боз тақрибан 40% қанд дорад, дар саноати хӯрокворӣ ва дорусозӣ васеъ истифода бурда мешавад. Дар таркиби қанди он миқдори фруктоза ва глюкоза хеле зиёд аст.

Қиём ва шираи чалғӯзаи арчаро дар соҳаи тиб ҳамчун воситаи балғамрон, пешоброн, дезинфексиякунанда истифода мебаранд. Дар саноати хӯрокворӣ бошад, чалғӯзаи арчаро дар соҳаи коркарди моҳӣ, консервабарорӣ, гӯшту шир ва қаннодӣ истифода мебаранд.

Равғани эфири аз баргу навдаи арча бадастовардашуда дорои хусусияти антисептикӣ буда, онро дар соҳаи байторӣ (ветеринарӣ) ва ҳамчун пасткунандаи дард барои табобати касалии тарбод (ревматизм) истифода мебаранд. Дар заминаи равғани эфир балзами арча тайёр карда шудааст, ки воситаи хуби табобати ҷароҳат ба ҳисоб меравад.

Ғайр аз ин, дар баргу навдаи ҷавон, чалғӯза ва пӯстлохи арча ба миқдори зиёд моддаи даббоғӣ мавҷуд аст, ки дар саноати чармгарӣаҳамияти калон дорад.


Тестҳо

1.Рустаниҳои сӯзанбарг дар табиат чӣ аҳамият доранд?

  • А. Танҳо хокро аз эрозияи бод ва шусташавӣ нигоҳ медоранд
  • Б. Танҳо ҷойи зисти парандагон мебошанд
  • В. Хокро аз эрозия нигоҳ медоранд, муҳити сукунаташонро аз микробҳои касалиовар покиза нигоҳ медоранд.
  • Г. Нури офтобро бештар фурӯ мебаранд

2.Рустаниҳои лучтухм тавассути чӣ гардолуд мешаванд.

  • А. Тавассути ҳашарот
  • Б. Тавассути шамол
  • В. Тавассути об
  • Г. Тавассути паранда
ҚаблӣАфзоиши рустаниҳои лучтухм
БаъдӣРустаниҳои пӯшидатухм (гулдор) – ҳамчун гурӯҳи олиташкил