Рустаниҳои пӯшидатухм (гулдор) – ҳамчун гурӯҳи олиташкил. Рустанихои / растнихои пушидатухм (гулдор) – хамчун гурухи олиташкил.
Шумо дар бобҳои аввали китоби дарсии синфи 5-ум ба сохт ва хусусиятҳои махсуси узвҳои нашвӣ ва ҷинсии рустаниҳои гулдор шинос шуда будед. Рустаниҳои пӯшидатухм назар ба он гурӯҳи рустаниҳое, ки то алҳол шинос шудаед, сохти мураккабтар дошта, дар онҳо бори аввал гул пайдо мешавад.
Ҳамин тавр, пайдо шудани гул ва бо мева пӯшида будани тухм яке аз аломатҳои хос ва фарқкунандаи рустаниҳои пӯшидатухм ба ҳисоб рафта, онҳо бо ин хосияташон аз лучтухмон фарқи куллӣ доранд. Аломати дигари фарқноки пӯшидатухмон, дар онҳо мавҷуд будани тухмдон мебошад, ки аз гардгирак, сутунча ва ғӯрак иборат аст. Тухммуғҷаи пӯшидатухмон дар дохили ғӯраки тухмдон ҷойгир аст.
Гули рустаниҳои пӯшидатухм андоза, шакл, ранг ва сохти гуногун дорад. Гардолудшавии онҳо бо ёрии шамол, ҳашарот ва дар як гурӯҳи ками онҳо тавассути парандаҳо амалӣ мегардад. Гардолудшавӣ – афтодани гард аз гарддон ба гардгираки тухмдон мебошад.
Гарди ба гардгирак афтода инкишоф ёфта истода, гарднайчаи дароз ва хеле борикро ба вуҷуд меоварад. Вазифаи гарднайча ба тухммуғҷаҳо бурдани нутфаҳо мебошад. Ҳамин тавр, гарднайча бо ду нутфа то тухммуғҷаҳо сабзида, ба он дохил мегардад. Чунин тарзи бордорӣ фақат ба рустаниҳои гулдор хос аст. Дар натиҷаяке аз нутфаҳо бо тухмҳуҷайра омезиш ёфта, онро бордор мекунад. Дар баробари ин нутфаи дуюм бо ҳуҷайраи калони марказии халтаи ҷанин омезиш ёфта, онро бордор мекунад.
Тухмҳуҷайра баъди бордоршавӣ тақсим шуда, ба ҷанини рус тании нав табдил меёбад. Дар ҷанини пайдошуда решачаи ҷанинӣ, поячаи ҷанинӣ, муғҷаи нӯгӣ ва барги аввалини ҷанинӣ ё тухмпалла (дар рустаниҳои дупалла 2-то, дар рустаниҳои якпалла 1-то) ташаккул меёбанд. Баъди бордоршавӣ, ҳуҷайраи калони марказии халтаи ҷанин низ тақсим шуда, ҳуҷайраҳои эндоспермро ба вуҷуд меоварад, ки дар он ҷо моддаҳои ғизоӣ захира мешаванд. Эндосперм ҷанини инкишофёфтаистодаро ҳангоми сабзиш бо моддаҳои ғизоӣ таъмин мекунад.
Ҳамин тариқ, баъд аз гардолуд ва бордоршавии гули рустаниҳои пӯшидатухм – тухммуғҷаи он ба тухм, ҷилди тухммуғҷа ба пӯсти тухм табдил меёбад. Аз ғӯраки тухмдон мева ва аз девори ғӯрак мевапарда инкишоф меёбад. Меваи рустаниҳои гулдор тухмро аз таъсири омилҳои номусоиди муҳити зист эмин нигоҳ медорад. Дар ташаккули меваи баъзе рустаниҳои гулдор на танҳо ғӯрак, балки дигар ҷузъҳои гул низ иштирок мекунанд. Ҳамин тавр, тухм дар дохили мева пинҳон (ё пӯшида) аст. Аз ин рӯ, рустаниҳои гулдорро бо ибораи дигар рустаниҳои пӯшидатухм низ меноманд.
Давомнокии умри рустаниҳои пӯшидатухм гуногун мебошад. Чунончи, умри рустании лолахасак, ҳавоборонак, бойчечак, гули сиёҳгӯш, гули наврӯзӣ ва лола ҳамагӣ як-ду моҳ буда, баъзе намояндагони он, аз қабили дарахти чинор, булут зиёда аз садҳо сол умр мебинанд.
Баъзе рустаниҳои пӯшидатухм ниҳоят азимҷуссаанд. Дарахти эвкалипт зиёда аз 100 м қад меафрозад. Дар байни онҳо рустаниҳои ниҳоят майдаҷусса низ ҳастанд. Масалан, наскобӣ ё тухлаб.
Тест
Аломатҳои асосию фарқкунандаи рустаниҳои пӯшидатухмро муайян кунед.
- А. Доштани барги сода ва мураккаб
- Б. Доштани гули дуҷинса
- В. Доштани гул ва бо мева пӯшида будани тухм
- Г. Доштани шакли алафӣ ва дарахтӣ