Мақомоти гумрук

Мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии ҶТ, риояи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии ҶТ таъмин менамоянд[1].

Таърихи ташкилёбии мақомоти гумрук, механизми фаъолияти он, рушди усулҳои кории мақомоти гумрук, намудҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва мубориза барзиди онҳо аз ҷониби олимони ин соҳаи ҳуқуқ[2] мавриди омӯзишу тадқиқ қарор гирифтаанд, ки ин аз аҳамият холи нест.

Сохтори мақомоти гумрук чунин аст:

  1. Мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ;
  2. Идораҳои минтақавии гумрукӣ;
  3. Гумрукҳо;
  4. Дидбонгоҳҳои гумрукӣ[3].

Вазифаҳои асосии мақомоти гумрук инҳоянд:

  1. Дар таҳияи сиёсати гумрукии ҶТ иштирок намуда, ин сиёсатро амалӣ менамоянд;
  2. Дар доираи салоҳияти худ ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд;
  3. Риояи қонунгузориҳои гумрук ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки назорати иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти гумрук гузошта шудааст, таъмин менамоянд;
  4. Мамнӯияту маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҶТ нисбати моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда муайянгардидаро таъмин менамоянд;
  5. Ҳуқуқу манфиати давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҳимоя мекунанд;
  6. Заминаи моддию техникӣ ва иҷтимоии мақомоти гумрукро тараққӣ медиҳанд;
  7. Дар доираи салоҳияти худ барои ҳифзи амнияти миллӣ, ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи муҳити зист ва арзишҳои фарҳангӣ тадбирҳо меандешанд;
  8. Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукиро татбиқ мекунанд, барои тезонидани интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ шароит фароҳам меоранд;
  9. Боҷҳои гумрукӣ, андоз, хироҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, боҷҳои зиддидемпингӣ, махсус, боҷҳои ҷубронӣ, ҷаримаҳои ҳуқуқвайронкунии гумрукиро меситонанд, дуруст ва сари вақт ҳисоб ва супоридани ин боҷу хироҷ ва андозҳоро таҳти назорат мегиранд, барои маҷбуран ситонидани онҳо чора меандешанд;
  10. Тартиби аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани молу воситаҳои нақлиётро таъмин менамоянд;
  11. Дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқи моликияти зеҳниро ҳимоя менамоянд;
  12. Бар зидди қочоқ ва дигар ҷинояткориҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мубориза мебаранд, ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, яроқу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, арзишҳои фарҳангӣ, маводи радиоактивӣ, намудҳои ҳайвоноту набототе, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид менамояд, узв ва маҳсули онҳо, объектҳои моликияти зеҳнӣ, дигар молро пешгирӣ менамоянд, инчунин ба муборизаи зидди терроризми байналмилалӣ ва пешгирӣ кардани дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ дар фурудгоҳҳои ҶТ мусоидат менамоянд;
  13. Дар доираи салоҳияти худ назорати асъории марбути молу воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ интиқолшавандаро мувофиқи қонунгузории ҶТ анҷом медиҳанд;
  14. Омори гумрукии тиҷоратии хориҷӣ ва номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро амалӣ менамоянд;
  15. Иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъмин менамоянд, бо мақомоти гумрук ва бо мақомоти дигари босалоҳияти давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки бо масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ машғуланд, ҳамкорӣ мекунанд;
  16. Дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ корҳои иттилоотӣ ва машваратиро ба ҷо меоранд, бо тартиби муқарраршуда мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва шаҳрвандонро бо маълумоти марбути масъалаҳои гумрукӣ таъмин менамоянд;
  17. Дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ корҳои илмию тадқиқотиро доир менамоянд;
  18. Дигар вазифаҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд[4].

[1] Ниг.: Моддаи 460 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006. – С. 271.

[2] Ниг.: Кенджа Хасанов. Таможня Республики Таджикистан: создание и становление. – Душанбе: «Шарки озод», 1998. – 194с; Оймаҳмадов М. Асосҳои фаъолияти гумрукӣ.– Душанбе, 1997; Раҷабов М.Н. Ҳуқуқи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Васоити таълимӣ. Муҳаррири масъул, ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ, д.и.ҳ., проф. Ш.М. Менглиев. – Душанбе, 2001. – 185с. ва ғ.

[3] Ниг.: Моддаи 461 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006. – С. 272.

[4] Ниг.: Моддаи 462 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006. – С. 272-274.


ҚаблӣТанзими гумрукӣ ва назорати гумрукӣ
БаъдӣҲамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ