Муъмин Қаноат

Муъмин Каноат


Устод Мӯъмин Қаноат 2 майи соли 1932 дар деҳаи Курговад дар Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта ва сипас дар колхоз кор кардааст. Нахустин ашъораш дар поёни даҳаи 1940 дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд.

Вай соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикӣ дар донишкадаи ториху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Солҳо дар ҳайъати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда нахуст масъули бахши шеър, сипас дабири масъули маҷалла буд. Чанд замоне ҳам сарвиростори нашриёти «Ирфон» -ро бар зимма дошт..

Аз соли 1961 то соли 1991 узвиИттиҳодияи нависандагони ИҶШСбуд. Мудири шӯъбаи назм, котиби масъули маҷаллаи «Садои Шарқ» (1956-1966), муовини раиси Садорати ИНТ (1968-1976), аз 1976 то 1991 котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. Директори Институти осори хаттииАИ ҶТ (1991). Раиси Кумита оид ба корҳои байналхалқии Шӯрои Олии ИҶШС (1991). Замоне узви Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (аз 1962 то оғози даҳаи 1990), узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Намояндаи халқии ИҶШС (1989-1991)(иҷлосияи X — XI), котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони ИҶШС, раиси Кумитаи тоҷикистонии пуштибонӣ аз сулҳ, узви Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ, узви Кумитаи Шӯравии ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африко буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муъмин Қаноат нимаи дуюми рӯзи 18 майи соли 2018 дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Душанбе вафот кард. Маросими дафни Муъмин Қаноат рӯзи 19 май доир гардид ва дар Лучоб ба хок супорида шуд.


Осори Муъмин Каноат:

Нахустин маҷмуъаи ашъори Мӯъмин Қаноат соли 1960 бо номи «Шарора» ба табт расида буд. Соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард. Ин достонҳоро сипас чун осори сарфарозшуда ба Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо мунташир ва ба дигар забонҳо баргардон шудаанд: аз он ҷумла, ба русӣ «Голоса Сталинграда», «Советский писатель», М., 1979 ва нашриёти «Ирфон» (1979), дар Фрунзе ва Нуқусе (1980). Чопи қирғизии ин осор «Достони Оташ» ва ғазалҳои устодро низ дар бар дошт. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. То кунун беш аз 12 маҷмуъаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” ӯро аз маъруфтарин шоирони порсигӯи садаи 20 кардаанд. Яке аз тозатарин осораш достони «Масъуднома» аст ки дар бораи Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъудсуруда шудааст.


Мукофот ва Ҷоизаҳои Муъмин Қаноат:

Шоири халқии Тоҷикистон,

Парчами Сурхи Кор,

«Нишони Фахрӣ»,

Сипосномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Беларус,

нишонҳои ифтихории КМ ВЛКСМ «Барои кори сахткӯшона», «Барои ширкати фаъол дар кори комсомол» ва дигарҳо сарфароз гардондаанд.

Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977),

Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1980).


Шеър дар васфи забони тоҷикӣ

Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ эй ҷаноб,
Ҳарчи меҷӯйӣ, биҷӯ,
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳарчи меҷӯйӣ, биҷӯ.
Порсӣ гӯйи, дарӣ гӯйи варо,
Ҳарчи мегӯйӣ, бигӯ.
Лафзи ишқу дилбари гӯйи варо,
Ҳарчи мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист
Ҳамчу меҳри модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки шири модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо.


Калидвожаҳо: шоир, нависанда, мавзуи озод, иншо, мавзӯи озод, мавзухои озод, адабиёт, адабиёти точик, адабиёти тоҷик, мумин каноат, муъмин каноат, муъмин қаноат, Канд чуи панд чуи, шархи холи/тарчумаи холи/зиндагиномаи Муъмин Каноат.

ҚаблӣШеърҳо дар васфи Тоҷикистон
БаъдӣБандагӣ даркор нест