Зиндагӣ охир cap ояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
Гар фишори рӯзгор обат кунад, мискин машав,
Мард бош, эй хастадил, шармандагӣ даркор нест.
Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони дур,
Осмонро гӯ: бирав, борандагӣ даркор нест!
Гар ба шарти пойбӯсӣ cap бимонад бар танат,
Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандагӣ даркор нест.
Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,
Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест!
Абулқосим Лоҳутӣ
Зиндаги охир cap ояд, бандаги даркор нест