Давлати Афина

Давлати Афина. Аттика. Муборизаи Демос бо Эвпатриҳо. Ислоҳоти Солон. Ислоҳоти Клисфен.


АТТИКА

Дар тарафи ҷанубу шарқии Юнон дар баҳри Эгей нимҷазираи калоне воқеъ шудааст. Дар ҳамин ҷо вилояти Аттика воқеъ гардида буд. Дар тарафи ғарбии он ҳамвории калоне доман паҳн кардааст. Дар миёнаҳои он дар ҳазорсолаи II пеш аз милод шаҳри Афина бино гардид.

Заминҳои Аттика он қадар ҳосилхез нестанд. Дар ин заминҳо гандум ҳосили хуб намедод. Дар мавзеъҳои наздикӯҳӣ мардум ба парвариши ангур ва зайтун машғул буданд. Кулолгарони Аттика зарфҳои сафолии гуногун, аз ҷумла амфораҳо тайёр мекарданд, ки ба кӯзаҳои дудаста монанд буданд, ки ҳаҷмашон аз кӯза калонтар ба чашм мерасид.

Расми 171. Бандари Пирей дар асри V пеш аз мелод
Расми 171. Бандари Пирей дар асри V пеш аз мелод

Маркази шаҳри Афинаро, ки дар баландие воқеъ буд. Акропол меномиданд. Дар наздикиҳои Акропол бозоре буд, ки онро Агора меномиданд. Ба он ҷо зироаткорону боғпарварон ва чорводорону косибон маҳсулоти изофаи худро оварда мефурӯхтанд. Дар Агора растаҳои дуконҳои сершумори косибон мавҷуд буданд. Дуконҳои косибӣ дар амал устохонаҳои онҳо буданд. Косибон асбобҳои кор, силоҳ, маснуоти заргарӣ, чарм ва ғайра истеҳсол мекарданд.

Дар Аттика ва шаҳри калонтарини он – Афина тиҷорат пешрафт дошт. Тоҷирони афинагӣ молҳои худро ба киштиҳо бор карда, ба дигар шаҳру мамлакатҳо бурда фурӯхта, аз ин даромади калон ба даст медароварданд.

Дар асрҳои VIII – VI пеш аз милод дар Афина сохти ғуломдорӣ ба вуҷуд омад. Давлати ғуломдории пешини Афинаро Шӯрои куҳансолони иборат аз 9 нафар идора мекард. Дар Афина ашрофон оҳиста-оҳиста ҳокимиятро ба даст дароварданд. Ашрофи Афина тарзи идоракунии давлати худро «аристократӣ», яъне «ҳокимияти беҳтаринҳо» меномиданд.

Рушди хоҷагӣ дар Афина неруи кории зиёдро талаб мекард. Барои ҳамин дар Аттика шумораи ғуломон торафт зиёдтар мешуд. Ғуломон корҳои вазнинтаринро иҷро мекарданд ва худ ягон ҳуқуқе надоштанд. Онҳо моликияти ғуломдорон буданд.

МУБОРИЗАИ ДЕМОС БО ЭВПАТРИҲО

Пурзӯршавии нобаробарии молумулкӣ ва зиёдшавии навъҳои касбу ҳунари гуногун ба табақаҳо ҷудошавии аҳолии Афинаро тезонд. Аҳолӣ ба се табақа тақсим шуд. Ба табақаи якум ашрофони авлодӣ дохил мешуданд, ки номи эвпатриёнро гирифта буданд. Қисми зиёди кишоварзон, чорводорон ва косибон, ки демос (халқ) ном бурда мешуданд, табақаи дуюмро ташкил мекарданд. Ба табақаи сеюм ғуломон дохил буданд.

Дар асрҳои VIII – VI пеш аз милод эвпатриён дар Афина ҳукмрон буданд. Ин ашрофони навбаромад заминҳоеро, ки пештар ба тамоми аъзои ҷомеа тааллуқ доштанд, азхуд карданд. Акнун аксари ҳамқавмҳои собиқи онҳо безамин шуда, ба эвпатриён тобеъ гардиданд.

Ҳокимиятро ба даст гирифта, эвпатриён урфу одат ва анъанаҳои авлодию қабилавиро нест карданд. Ба ҷойи онҳо соли 621 пеш аз милод дар Афина аз тарафи шоҳ Драконт қонунҳои нав ҷорӣ карда шуданд. Дар асоси онҳо масалан, қассоси хунӣ бекор ва барои кашида гирифтани моликияти шахси дигар, аз ҷумла, замин, ҳукми қатл муқаррар карда шуд. Қонунҳои Драконт ба манфиати эвпатриҳо буданд. Онҳо имкон медоданд, ки эвпатриҳо халқро истисмор кунанд. Ин ҳолат норозигии мардумро ба вуҷуд овард. Ин буд, ки онҳо бар зидди истисморкунандагони худ ба мубориза бархостанд. Дар охирҳои асри VIII пеш аз милод зиддияти байни мардум ва эвпатриҳо торафт меафзояд. Ин зуҳурот хавфи хунрезии калонро ба миён овард. Аз ҳамин сабаб, эвпатриҳо ба демос (мардум) баъзе гузаштҳо карданд.

Демос аз иштирок дар идоракунии давлат маҳрум буд. Аз номи ӯ шӯрои куҳансолон сухан меронд. Демос барои он мубориза мебурд, ки дар идоракунии Афина иштирок кунад. Инчунин талаб мекард, ки қарзҳои демос аз эътибор соқит дониста шаванд. Яке аз мақсадҳои асосии демос соҳиби замин шудан буд.

Дар ҳамин шароит соли 594-и пеш аз милод дар Афина ҳокимият ба Солон мегузарад. Ӯ аз тарафи шӯрои куҳансолон архонти якум интихоб гардид.

ИСЛОҲОТИ СОЛОН

Солон арбоби бузурги давлатӣ, мутафаккир, шоири боистеъдод ва нотиқи хубе буд. Вай вазъи дар мамлакат баамаломадаро хуб мефаҳмид. Таъхир кардан мумкин набуд. Ҳамин ки ӯ архонти (шоҳи) Афина интихоб шуд, ба иҷрои барномаи ислоҳотии худ шурӯъ кард. Солон як силсила қонунҳое баровард, ки онҳо ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакатро дар бар гирифтанд. Ислоҳоти Солон ба обёрии вилояту навоҳии кишоварзӣ ва парвариши дарахти зайтун равона гардида буд.

Акнун барои аз хориҷи кишвар оварда фурӯхтани равғани зайтун, ки пештар манъ буд, иҷозат дода шуд. Зайтунпарварӣ ба соҳаи сердаромади Афина табдил ёфт.

Дар қонунҳои Солон моддаҳое буданд, ки мардумро ба ҳунармандӣ ҳавасманд мекарданд. Дар яке аз онҳо гуфта мешуд: «Фарзанде, ки падараш ба ӯ ягон ҳунар наомӯзондааст, аз нигоҳубини падараш озод аст».

Барои осон шудани додугирифт Солон ченаки боэътимоди ягонаи дарозӣ ва вазнро ҷорӣ намуд. Акнун Афина пули ягонаи худро ҳам сикка мезад.

Солон сарфу харҷи беҳуда, сохтмони мақбараҳои бошукӯҳ ва ғайраро, ки пули зиёдро талаб мекарданд, манъ намуд.

Мувофиқи ислоҳоти Солон ҳамаи аҳолии озоди Афина ба чор табақа тақсим карда шуд. Онҳое, ки 500 медим ва аз ин зиёда даромад доштанд, ба табақаи аз ҳама баланд– «панҷсаддорҳо» мансуб буданд. Онҳое, ки зиёда аз 300 медим даромад мегирифтанд, ба табақаи дуюм ё худ ба табақаи «саворагон» дохил мешуданд. Одамони табақаи сеюм «зенгитҳо» ном дошта, даромадашон 200 медим ва зиёда аз он буд. Табақаи аз ҳама поён ва камбағал «фетҳо» буданд ки аз 200 медим камтар даромад мегирифтанд.

Ба ин ва ё он табақа тааллуқ доштан маънои дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян буданро ҳам ифода мекард. Масалан, намояндагони табақаи якум ва дуюм дар лашкари савора хизмат мекарданд ва ба вазифаҳои баланд таъйин карда мешуданд. Зенгитҳо бошанд, ба лашкари пиёдаи вазнинсилоҳ сафарбар карда мешуданд. Фетҳо танҳо дар маҷлиси халқӣ овоз медоданду халос.

Барои қарздорӣ ба ғуломӣ табдил додани одамони Афина манъ карда шуд. Ин иқдом ба манфиати ашроф зарбаи сахт зад, зеро онҳо аз ҳисоби замини қарздорон заминҳои худро зиёд мекарданд ва ҳам соҳиби ғуломони зиёд мешуданд. Акнун деҳқонон аз заминҳои худ маҳрум намешуданд. Инчунин ҳаҷми моликият ба замин муайян карда шуд. Беш аз меъёри муқарраршуда касе ҳақ надошт, ки замин дошта бошад.

Дар корҳои ҳарбӣ ҳам ислоҳот гузаронида шуд. Акнун лашкари асосии Афина пиёданизоми вазнинсилоҳ буд, ки аз ҳисоби зенгитҳо ташкил карда мешуд.

Масъалаҳои муҳимми давлатиро Маҷлиси халқӣ ҳал мекард. Аз ҷумла, ислоҳоти Солон низ дар он муҳокима ва қабул гардида буд. Солон дар соҳаҳои молия, додгоҳ, пулис ва ғайра ҳам ислоҳот гузаронд.

Ислоҳоти Солон натиҷаи хуб дод. Он ғолибияти демосро бар эвпатриҳо таъмин намуд. Моҳияти асосии ин ислоҳот дар он буд, ки иштироки тамоми аҳолиро дар идоракунии давлат таъмин менамуд. Юнониҳо чунин идоракунии давлатиро «демократия» меномиданд, ки маънояш «ҳокимияти демос»– халқ мебошад.

ИСЛОҲОТИ КЛИСФЕН

Баъди қариб 50 соли вафоти Солон дар Афина Клисфен ба сари ҳокимият меояд. Ислоҳоти ӯ аз соли 509 пеш аз милод то соли 507 пеш аз милод ба амал бароварда шуд.

Клисфен мамлакатро ба қисматҳои алоҳидаи маъмурӣ тақсим кард. Аттика ба 10 вилоят тақсим гардид. Ҳар як вилоят аз се ноҳия иборат буд.

Дар замони Клисфен ҳам масъалаи замин дар Аттика яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафт. Аз рӯйи ислоҳоти Солон ин масъала пурра ҳал нагардид. Масалан, гурӯҳи одамоне, ки «метекҳо» ва «ҷавобшудагон» номида мешуданд, безамин буданд. Клисфен онҳоро ҳам ба қатори шаҳрвандони Афина дохил кард. Ин иқдом имкон дод, ки «метекҳо» ва «ҷавобшудагон» ҳам соҳиби замин шаванд.

Клисфен хост, ки аз ҳисоби заминҳои ашроф ба безаминҳо ва камзаминҳо замин бидиҳад, вале ин кор мушкил буд. Дере нагузашта, роҳи ҳалли он ёфт шуд.

Соли 506 пеш аз милод халкидҳо аз ҷазираи Эвбе ба Афина ҳамла карданд. Афинагиҳо онҳоро торумор намуданд. Бо фармони Клисфен заминҳои аз халкидҳо мусодирашударо ба 4 ҳазор нафар деҳқонони камзамин ва безамин тақсим карда доданд.

Ислоҳоти Клисфен Маҷлиси халқиро ҳам фаро гирифт. Ӯ ба ҷойи «Шӯрои 400», ки дар замони Солон ташкил карда шуда буд, «Шӯрои 500»-ро таъсис намуд. Мувофиқи қонунҳои Клисфен, як қисми мансабҳои давлатӣ, аз ҷумла 10 нафар андозғункунандагони баландмақом, 10 нафар сипаҳсолорон (стратегҳо) ва 10 нафар ҳокимони вилоятҳо интихобӣ шуданд.

Қонунҳои Клисфен ташаккули давлати ғуломдориро дар Афина, ки дар асри VIII пеш аз милод оғоз ёфта буд, ба охир расонданд. Дар Афина давлати демократии ғуломдорӣ ба вуҷуд омад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи мавқеи ҷуғрофӣ ва вазъи хоҷагии Афина нақл кунед.
  2. Шаҳри Афинаро аз харита нишон диҳед.
  3. Дар бораи муборизаи демос бо эвпатриҳо нақл кунед.
  4. Солон дар Афина кай ба сари ҳокимият омад?
  5. Дар бораи ислоҳоти Солон далелҳо биёред.
  6. Ислоҳоти Солон ба нафъи кӣ буд ва он чӣ натиҷа дод?
  7. Ислоҳоти Клисфенро шарҳ диҳед.
  8. Дар натиҷаи ислоҳоти Солон ва Клисфен дар Афина кадом давлат ташаккул ёфт?
  9. Қисмати ба шумо бештар писандафтодаи мавзӯъро баён кунед.
ҚаблӣДостонҳои Ҳомер (Гомер)
БаъдӣДавлати Спарта