Намуд, шакл, навъ ва жанрҳои адабӣ

Жанри адабӣ, Намуд, шакл, навъ ва жанрхои адаби.


Дар асрҳои XIII ва XIV, яъне дар як давраи пурошӯбу фоҷиабор то андозае шамъи фарҳангу адаб фурӯзон буд ва дар жанрҳои гуногуни адабӣ нависандагон асар эҷод кардаанд.

Дар ин давра баъзе жанрҳои адабӣ нисбати асрҳои пешин мақоми хешро аз даст дода, теъдоди дигари навъҳои адабӣ ғановати бештар касб намудаанд.

Касида

Қасида. Жанри қасида таърихи куҳан дорад ва дар асрҳои XIII ва XIV низ мавриди истифодаи адибон қарор дошт. Вале он шукӯҳу камолоте, ки дар асрҳои пешин дошт, аз даст дод. Сабаби ин, пеш аз ҳама, дар он буд, ки вазъи замон, яъне ҳаёти сиёсӣ ноором, муташанниҷ буд. Мулк вайрону адибон сарсону саргардон ва дар ғами ҷон буданд. Ғайр аз ин, дар кишвар мадҳшаванда, яъне харидорони қасида хеле кам буданд.

Дигар онҳоро мадҳ кардан намехостанд. Баъзе адибоне, ки қасида гуфтаанд, ба хотири девонҳои худ ин анъанаро давом доданд. Ба ҳар ҳол қасидаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ дар эҷодиёти адибони пешқадам Амир Хусрав, Ҳасани Деҳлавӣ, Авҳадии Мароғӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Саъдии Шерозӣ, Сайфи Фарғонӣ бештар ба назар мерасанд. Мавзӯи қасидаҳои онҳо бештар панду андарз, мазаммати золимон, таърифу тавсифи илм ва ашхоси ҳунарманду ҳунарпарвар, насиҳати шоҳону ҳокимон, таблиғи онон ба доду диҳиш ва амсоли ин буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Газал. Ғазал

Ғазал. Ин шакли шеърӣ дар адабиёти асрҳои XIII ва XIV мақоми хосса дошт. Аз нигоҳи банду баст чун асрҳои пешин бетағйир монд. Вале дар мазмуну мундариҷаи ғоявӣ андак тағйирот ворид гардид. Бештар мавзӯъҳои ирфонӣ ба ғазал ворид гардид. Таваҷҷуҳи намояндагони ин ҷараён ба ғазал зиёд буд ва андешаҳои ирфонии хешро бештар дар ғазал ифшо карданд.

Ғайр аз ин, ғазалҳое низ эҷод шудаанд, ки бевосита дар бораи зиндагии қаҳрамони лирикӣ мебошанд. Ҳамин тавр, ғазалҳои ҳасбиҳолӣ арзи вуҷуд намуданд. Чунончи, ба ин ғазали Хоҷуи Кирмонӣ таваҷҷуҳ намоед:

Хуррам он рӯз, ки аз хиттаи Кирмон биравам,
Дилу ҷон дода зи даст, аз пайи ҷонон биравам.

Бо чунин дард надонам, ки чӣ дармон созам,
Магар ин, к-аз пайи он мояи дармон биравам.

Бояд ин қофила дар роҳ ба киштӣ гузарад,
Чу мани дилшуда бо дидаи гирён биравам …

Ҳамчу Хоҷу гарам аз ганҷ насибе надиҳанд,
Рахт барбандаму з-ин манзили вайрон биравам.


Рубоӣ

 Рубоӣ. Рубоӣ ҳам мисли ғазал дар ҳамин давра мақоми хешро аз даст надод. Он ҳаваскор ва он шавқманде, ки ба шеъру шоирӣ мепардохт, нахуст аз эҷоди рубоӣ кори хешро оғоз мекард, зеро ин жанри шеъри кӯтоҳ ва барои баёни андеша осонтар ва сабуктар менамуд. Дигар, дар байни халқи тоҷик аз қадимулайём сурудани рубоӣ ба ҳукми анъана даромада буд ва имрӯз ҳам давом дорад.

Аз тарафи дигар, барои ифшои ҳолатҳои рӯҳӣ, вазъи зиндагӣ, баёни афкори иҷтимоию сиёсӣ рубоӣ созгортар маҳсуб мешуд. Сайфи Исфарангӣ дар рубоисароӣ табъи баланду қалами расо доштааст:

Ранги шафақ аз акси рухи зарди ман аст,
Боди саҳарӣ аз нафаси сарди ман аст.
Дар чашми хушат, ки ҷони ман куштаи ӯст,
Он сурхии хуни дили пурдарди ман аст.

Сироҷуддини Қумрӣ дар аҳди муғул рӯзгори нохуш дошт. Ин шоири хушзавқ дар сурудани рубоӣ табъи болидае дошт. Ба табъи болидаи ӯ рубоии зер мисолест равшан:

Эй абри баҳор, хор парвардаи туст,
В-эй хор, даруни ғунча хункардаи туст.
Гул сархушу лола масту наргис махмур,
Эй боди сабо, ин ҳама овардаи туст.

Ҳамин тавр, дар эҷодиёти адибони асрҳои XIII ва XIV жанрҳои мухаммас, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд ба назар расиданд ва мавриди истифода қарор доштанд. Бахусус жанри достон ё маснавӣ инкишоф ёфт.

Достон аз нигоҳи сохт ва устухонбандӣ чун асрҳои пешин ҳамон тавр монда бошад ҳам, вале аз лиҳози мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ тағйир ёфт. Мисоли барҷастаи ин «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) шуда метавонад. «Маснавии маънавӣ» аз нигоҳи шакл, яъне қофиябандӣ (аа, бб, вв ва ғайра) бетағйир мондааст. Аммо аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво фарқ дорад.

Анъанаи достонсароӣ дар ин асрҳо давом кард. Дар пайравии «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ «Хамса»- ҳои дигар иншо шуданд. Амир Хусрави Деҳлавӣ ба Низомии Ганҷавӣ пайравӣ намуда, «Хамса» офарид. Агар «Хамса»-и Низомӣ аз панҷ достони мустақил иборат бошад, Амир Хусрав се «Хамса» офарид ва миқдори достонҳоро се маротиба зиёд намуд. Яъне, ба ҷойи панҷ достон 15 достон эҷод кард.

Дар ин давра достонҳои ахлоқӣ, ҳамосӣ ва ишқӣ низ ба майдон омаданд. Масалан, Соҳиби Шерозӣ дар бораи қаҳрамонию диловарии Қутбуддини Мубориз достоне офарид. Дар он муборизаҳои мардуми тоҷику форсро ба муқобили истилогарони муғул, турку ғузҳо ва афғонҳо, ки ҳамеша барои забти Эрон омода буданд, мавзӯи достони хеш «Дафтари дилкушо» қарор дод. Дар фасли охири достон муаллиф Абулқосим Фирдавсиро ситоиш намуда, аҷнабиёни истилогар, аз ҷумла муғулҳоро ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Достонҳои «Ҷоми Ҷам»-и Авҳадии Мароғӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Фироқнома» ва «Ҷамшеду Хуршед»-и Салмони Соваҷӣ, «Суҳбатнома»-и Ҳайдари Шерозӣ асарҳои ишқӣ ва ахлоқӣ буда, дар ин асрҳо эҷод шудаанд.

ҚаблӣОдоби Салом
БаъдӣШеърхо дар бораи Китоб