Фаъолияти олии асаб. Рефлексхои гайришарти ва ахамияти онхо. Таълимоти И. М. Сеченов ва И. П Павлов оид ба офаридани фаъолияти олии асаб. Рефлексхои гайришарти.
Таълимоти И. М. Сеченов ва И. П Павлов оид ба офаридани фаъолияти олии асаб
Чи хеле ки медонед, дар давоми бисёр асрҳо одамон дар бораи шароити зист, сукунат, мутобиқ шудани ҳайвонҳо фикрҳои гуногун баён кардаанд. Рафторҳои ба мақсад мувофиқ ва оқилонаи одамон, ки аз ҳайвонот ба куллӣ фарқ мекарданд, ҳайратовар буданд. Одамон фикр мекарданд, ки ин ҳодиса аз тарафи Худо офарида шудааст. Шуури муташаккил, тафаккури инсон ва рӯҳи абадиро Худо ба ӯ додааст. Вале олимон И. Сеченов ва И. Павлов ин таълимоти динӣ доир ба рӯҳро рад кардаанд. Соли 1863 китоби И.М.Сеченов «Рефлексҳои мағзи сар» аз чоп баромад. Дар ин асар аввалин бор дар таърихи табиатшиносӣ рафтор ва фаъолияти «ҷонӣ» – рӯҳии одам бо принсипҳои рефлексии кори системаи асаб баён карда шуд. И. Сеченов исбот кард, ки рефлексҳои мағзи сар се зинаро дар бар мегиранд. Якум, ибтидоӣ бо таъсироти беруна ба ангезиш омадани аъзои ҳис мебошад. Дуюм, марказӣ ҳолатҳои ба ангезиш омадан ва боз доштани он дар мағзи сар. Дар асоси онҳо ҳодисаҳои рӯҳӣ (ҳиссиёт, тасаввурот, идрок ва ғайра) ба амал меоянд. Сеюм, ҳаракату амали одам, яъне рафтори ӯ мебошад. Ҳамаи ин силсила бо ҳам алоқаманду сабабгори якдигаранд.
Сеченов Иван Михайлович (1829-1905)
Табиатшиноси рус, мутафаккири материалист, асосгузори мактаби физиологияи рус, эљодкори равияи табиатшиносии илмӣ дар психология (равоншиносӣ). Соли 1863 аввалин бор асари И. Сеченов «Рефлексҳои мағзи сар» чоп шуд. Соли 1866 асари дигари И. М. Сеченов «Физиологияи системаи асаб» чоп ва соли 1901 асари «Очеркҳои ҳаракатҳои кории одам» нашр шуд, ки он ба омӯзиши гигиенаи меҳнат ибтидо гузошт.
И. Павлов давомдиҳандаи ғояҳои пешқадами И. Сеченов буд. Вай усули илмиеро кор карда баромад, ки бо ёрии он асрори кори мағзи сари ҳайвоноту одам маълум гардид. Ӯ таълимотро дар бораи рефлексҳои ғайришартӣ кор карда баромад. И. Сеченов асосгузори назарияи умумии фаъолияти олии асаб – физиологияи рафтор мебошад.
Рефлексҳои ғайришартӣ
1) Рефлекси модарзодӣ буда, аз насл ба насл мегузарад. 2) Барои ҳама намудҳо як хел ба амал меояд. 3) Бо таъсири ангезандаҳои барои ҳаёт муҳим, масалан, хӯрок ё садамаҳо ба вуҷуд меоянд. 4) Нест ва аз нав барқарор намешаванд, фақат аз як намуд ба намуди дигар мегузарад. 5) Ҷиҳатҳои муайяни анатомӣ ва физиологии худро доранд, ки дар вақти вайрон шудани мағзи сар нест мешаванд.
Дар байни рефлексҳои ғайришартӣ рефлекси мавқеият ҷойи намоёнро ишғол мекунад. И.П.Павлов ин рефлексҳоро «навин» номидааст, ки он метавонад ба ҳар гуна ангезандаҳо ҷавоб гардонад ва мавқеи аъзо ва системаҳоро муайян кунад. Набудани ин рефлекс ҳаёти ҳам ҳайвонот ва ҳам инсонро дар хатар мемонад. Камонаки рефлекси ғайришартӣ дар асоси мағзи сар ва бо иштироки ҳароммағз мегузарад. Барои ба амал омадани онҳо иштироки қабати қишрии нимкураҳои калон шарт нест. Чунонч, тасодуфан кӯдаконе таваллуд мешаванд, ки нимкураҳои калони мағзи сар надоранд. Онҳо умри дароз намебинанд, вале дорои одитарин рефлексҳои организм мебошанд.
Дониши худро санҷед:
- Хизматҳои И. М. Сеченов ва И. П. Павлов доир ба фаъолияти олии асаб дар чист?
- Ақидаҳои пешқадами И. М. Сеченов доир ба фаъолияти рӯҳии одам дар чист?
- Корҳои И. М. Сеченов ва И. П. Павлов дар инкишофи илмии рафтор чӣ аҳамият доранд?
- Кадом рефлексҳои ғайришартиро медонед?
- Рефлексҳои ғайришартӣ аз шартӣ чӣ фарқ доранд?