Хосил шудани тухм ва мева

Ҳосил шудани тухм ва мева. Ҳуҷайратухми бордоршуда (зигота) ба ду ҳуҷайра тақсим мешавад. Ҳар кадоме аз ин ҳуҷайраҳо дар навбати худ тақсим мегардад. Дар натиҷаи борҳо тақсим шудани ҳуҷайра ҷанини бисёрҳуҷайраи рустании нав ташаккул меёбад.

Аз ҳуҷайраи калонтарини марказии халтаи ҷанин, ки бо нутфаи дуюм омехта шудааст, ҳуҷайраи эндосперм, ки дар он моддаҳои ғизоӣ захира мешаванд, инкишоф меёбад. Ин моддаҳо барои ғизо ва инкишофи ҷанин заруранд. Аз пӯсти (пардаи) тухммуғҷа пӯстлохи тухм инкишоф меёбад. Баъди бордоршавӣ аз тухммуғҷа тухм инкишоф меёбад, ки аз пӯст, ҷанин ва захираи моддаҳои ғизоӣ иборат аст.

Пас аз гардолуд ва бордоршавӣ ба ғӯрак моддаҳои ғизоӣ ҷорӣ гардида, вай тадриҷан ба меваи пухта табдил меёбад. Аз девораи ғӯрак мевапарда ҳосил мешавад ва он тухмро аз таъсири шароити номусоид муҳофизат мекунад. Дар ташаккули меваи баъзе рустаниҳо дигар узвҳои гул низ иштирок мекунанд.

Вазифаи муҳимтарини мева – муҳофизат ва паҳн кардани тухм мебошад.

Ҳар як мева аз мевапарда ва тухм иборат аст. Мевапарда девори сабзидаю шаклдигаркардаи ғӯраки гул мебошад. Аксар вақт дар ҳосилшавии мевапарда дигар қисмҳои гулбуни гардбарг, гулбарг, косабарг ва гулгоҳ иштирок мекунанд.

Тухм аз тухммуғҷа ҳосил мешавад.

Гуногуншаклии меваҳо хеле зиёду сершумор (бузург) аст. Агар дар гул фақат як мевадон бошад, меваи аз он инкишофёфтаро сода (95) меноманд (гандум, нахӯд, олуболу). Аз гуле, ки якчанд тухмдон дорад, меваи мураккаб ташаккул меёбад (марминҷон, тамашк). Тӯдамева аз тӯдагули тому яклухт дар натиҷаи ба ҳам пайвастшавии якчанд меваҳо, ки як ҷузъи томро ташкил мекунанд, (95) ҳосил мешавад (ананас, тут, лаблабу).

Аз рӯйи миқдори тухм меваҳо ба меваҳои яктухма ва бисёртухма ҷудо мешаванд.

Вобаста ба он, ки мевапарда дар таркибаш чӣ миқдор об дорад, меваҳо ба меваҳои тар ва хушк ҷудо мешаванд. Меваҳои тари пухта дар таркиби мевапардаашон мағзи сероб доранд.

Азбаски мева ва тухм хӯроки инсон аст, ӯ бисёр навъҳои сермаҳсулу хушсифати рустаниҳоро ба вуҷуд овардааст. Мева ва тухм хӯроки чорво низ мебошанд. Онҳоро дар саноат ва тиб васеъ истифода мебаранд.

Дар ноҳияҳои субтропикӣ рустаниҳоеро парвариш мекунанд, ки қимати баланди хӯрока (95) доранд (масалан, норанҷ (мандарин), афлесун, анор, зайтун, чормағз ва ғайра).

Расми 95. Меваҷоти ноҳияҳои субтропикӣ ва тропикӣ
Расми 95. Меваҷоти ноҳияҳои субтропикӣ ва тропикӣ

Дар минтақаҳои тропикӣ бошад, дарахтони қаҳва, какавро мепарваранд. Аз тухми онҳо қаҳва, какао ва шоколад тайёр мекунанд. Меваҷоти муз (банан), норгил, дарахти «нон», нағзак (манго) ва авокадоро сокинони мамлакатҳои тропикӣ васеъ (95) истифода мебаранд.


  1. Ҷанини бисёрҳуҷайраи рустанӣ чӣ тавр ташаккул меёбад?
  2. Эндосперм чӣ тавр ҳосил мешавад ва он чӣ аҳамият дорад?
  3. Мева чӣ тавр ташаккул меёбад?
  4. Мевапарда чист?
  5. Меваи сода аз меваи мураккаб чӣ фарқ дорад?
  6. Вобаста ба миқдори об дар мевапарда меваҳоро ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мекунанд?
ҚаблӣБордоршавии растанихои гулдор
БаъдӣГул чист? Бордоршави чист? Гардолудшави чист?