Коллективи бачагона ва талаботи кӯдакон ба муносибати тарафайн

Коллективи бачагона ва талаботи кудакон ба муносибати тарафайн


Иттиҳод – ягонагӣ, як шудан, ҳамдастӣ. Дар педагогикаи умумиҷаҳонӣ иттиҳодро коллектив гӯянд.

Коллектив калимаи лотинӣ буда, маънои ҷомеъ (ҷамъшавӣ, якҷоягӣ, гурӯҳ, зумра) – ро дорад. Коллектив – гурӯҳи ихчами иҷтомоӣ, муттаҳиди одамоне, ки ба мақсади ҳалли вазифаҳои муайяни ҷамъиятӣ машғуланд. Чунончи, коллективи меҳнатӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, спортӣ ва ғ. Аломатҳои асосии хоси коллектив: ягонагии мақсад, ташкили фаъолияти муайяне, ки ба манфиати фард ва ҷамъият равона карда шудааст.

Дар ғун кардани таҷрибаҳои зиндагӣ инсон, хусусан кӯдакон, ба фаъолият, рафтор ва муносибатҳои калонсолон эҳтиёҷи зиёд доранд, зеро онон дар сарроҳи таҷрибаҳои зиндагианд. Ба онҳо пеш аз ҳама, рафтору муносибатҳои солими иттиҳодҳои калонсолон (муаллимон, мактабиён, меҳнатӣ ва ғ.) шоистаи пайравӣ мегарданд. Алалхусус бидуни робита ва пайравӣ инкишофи инсон ғайриимкон аст.

Иттиҳоди тифоқу хайрхоҳи тарбиявии мактаб узвҳои худро зимни афкори умум ва муҳити солим баҳри донишандӯзӣ, рафтору иқдоми шоиста, комёбиҳои меҳнатӣ устувору нерӯманд мегардонад. Фард дар робита бо иттиҳод таҷриба ва имкониятҳои инкишофи ҳамаҷониба мегирад ва бузургу тавоно мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Абдулқодири Бедил барҳақ гуфтаанд:

Васли ин сон гули муроди ҳама,
Боиси фарқу иттиҳоди ҳама.

Ба хусус шароити зиндагӣ, кору фаъолияти инсоният аз давраи ибтидоӣ зарурати муттаҳидшавии одамонро тақозо карда омадааст, чунки иттиҳод боиси нерӯмандӣ, шикастнопазирӣ ва бурдбориҳо буд ва ҳаст.

Нисбати коллективи тарбиявии мактабиён педагогҳои барҷастаи давраи шӯравии собиқ Н. К. Крупская, А. С. Макаренко, В. А. Сухомлинский ва чанде дигарон зарурати онро ба назар гирифта, барои ҳаллу фасли мақсадҳои ба миён гузоштаи сохти ҷамъиятӣ ва баҳри ташаккул додани фаъолияти иттиҳод саҳми фаъол гузошта, ба он маъно, хусусият ва сифатҳои нав ба нав доданд. Номбурдагон, пеш аз ҳама барои дар рӯҳияи коллективистӣ тарбия намудани насли наврас таҳти тадқиқ ва таҷрибаҳои амалии худ ба натиҷаҳои беназир ноил гаштанд. Аз ин лиҳоз

А. С. Макаренко, маҳз дар коллектив озодӣ ва қадру қимати шахсият таъмин мегардад, гуфта махсусан қайд кардааст.

Дар коллектив рушду камолоти фард бештар аз ҳисоби таҷрибаҳои муфид, афкори солими дигарон рух медиҳад. Натиҷа ва барӯмандие, ки иттиҳод медиҳад, парокандагӣ дода наметавонад.

Дар иттиҳод фард ба муносибатҳои корӣ, талаботи умум, фаъолияти ҳалли муштараки вазифаҳои муҳими фардӣ ва иҷтимоӣ, муқаррароти марбут, қоида ва тартибот риоякуниро ёд мегирад ва билохира ӯ аз маҳдудияти шахсӣ раҳо меёбад.

Муносибатҳои байниҳамӣ ҳеҷ гоҳ эътибори шахсиро истисно намекунад, баръакс, онро боз ҳам устувор мегардонад, ба шарте, ки дилбастагии шахсӣ боло гирад ва ба он бояд кӯшид, ки дар байни талабагон муносибатҳои дӯстона барқарор бошад. Аломатҳои муҳими коллектив ин муназзамӣ, устуворӣ, муносибат, фаъолият ва масъулияти байни хонандагон мебошад. Пас, таҳти коллективи тарбиявӣ чиро фаҳмидан мумкин аст?

Ба гуфти Н. К. Крупская, коллективи бачагона «гурӯҳест, ки бо таассуроти умум, ба нафъи умум, ба кори умум, ақидаҳои умум ва дӯстӣ муттаҳид шудааст»[1]. ин таассурот, завқу шавқ ва корҳои умумиро ба мақсадҳои ҷамъиятӣ, ба ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ мепайвандад. А. С. Макаренко моҳияти коллективи бачагонаро боз ҳам муфассалтар муайян карда, гуфта буд, ки коллектив – ин организми зиндаи иҷтимоӣ, барои он организм, ки вай орган дорад, дар он ваколат, масъулият, муносибати қисмҳо ва ба ҳампайвастагӣ дорад, агар инҳо намебуд коллектив ҳам нест, ба ҷои он фақат зумра ё издиҳом ҳаст.

Дар педагогика ҳар гурӯҳро коллектив номидан мумкин нест, чунончи, гурӯҳи (дастаи) ғоратгаронро барои он коллектив гуфтан мумкин нест, ки амалиёти онҳо бархилофи шахсу ҷомеа равона карда шудааст, на ба манфиати умум. Аз ин рӯ коллективи тарбиягирандагон (толибилмон) бо аломатҳои зерини худ фарқ мекунанд:

  1. Моҳиятан мақсади умумӣ ва иҷтимоӣ доштан. Мақсади коллектив ҳатман ба мақсади умум ва ҷамъиятӣ мувофиқат мекунад, ки онро ҷомеа ва давлат дастгирӣ менамояд ва ба ғояҳои ҳокимият созгор аст.
  2. Фаъолияти якҷояи умумӣ баҳри зуд комёбшавии мақсад ва ташкили фаъолияти дастаҷамъӣ. Ҳар узви коллектив вазифадор аст, ки дар кори ташкили ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунад. Фаъоляити умумӣ ва натиҷаҳои он масъулияти шахсӣ баланд аст.
  1. Масъулияти муносибати солими ҳамдигарфаҳмӣ байни якдигарӣ. Байни аъзоёни коллектив нафақат мақсади ягона, ҳамчунин фаъолияти муштарак баҳри масъалаҳои ҳалталаб арзи вуҷуд дорад.
  2. Интихоби умумии органи роҳбарикунанда. Дар коллектив муносибати демократӣ барқарор карда мешавад. Органи (ташкилоти) идоракунии коллектив бо роҳи интихоби ошкорои овоздиҳии аксарият ташаккул дода мешавад.

Ба ғайр аз аломатҳои номбурда коллектив боз бо дигар хусусиятҳои худ фарқ мекунад: муҳити солими дохиликоллективӣ, муттаҳидӣ, ҳимоякунӣ, дахлдорӣ ба коллектив низ вуҷуд дорад. Дар коллективи хуб ташкилшуда ба ҳамдигар ёрирасонӣ, хайрхоҳӣ, беғаразӣ, танқиди солим ва худтанқидкунӣ, мусобиқа зоҳир меёбад. Бидуни инҳо коллектив қимати худро гум мекунад.

Дар анҷом аз гуфтаҳои боло чунин таърифот бармеояд:

Коллективи тарбиявӣ ҳамин хел иттиҳоди тарбиягирандагонест, ки ҳаёт ва фаъолияташон бо мақсад ва вазифаҳои ҷамъиятӣ мутобиқат намуда, органҳои худидоракуниаш хуб кор мекунад, дар он муносибатҳои байни шахсият бо муташаккилии баланд, бо вобастагии масъулият, саъю кӯшиши ноилшавӣ ба комёбиҳои умум ва ғановати маънавӣ ифода мегардад.


[1] Крупская Н. К. Пед. соч. в 10 т. Т. 2. М., – 1958. с. 198 – 199. 2 Макаренко А. С. Соч. в 7 т. Т. 5. М., –  1958. с.229.

ҚаблӣСистемаи методҳои тарбия
БаъдӣМарҳалаҳои инкишофи коллектив