Зиндагиномаи Умари Хайём (биография)

Умари Хайём (18 майи 1048 – 4 декабри 1131). Умари Хайем биография на таджикском языке. Хаёт ва фаъолияти Умари Хаем бо забони точики / тоҷикӣ

Зиндагӣ ва фаъолияти офаринишии Умари Хайём пур аз аҷобат аст. Аҷобати аввал он аст, ки дар миёни бузургони илму адаби мо танҳо рӯзи таваллуд ва марги ӯ бо рӯзу моҳу солаш муайян мебошад. Аз рӯйи «Зичи маликшоҳӣ», ки онро Умари Хайём бо супориши султон Маликшоҳ тартиб додааст, донишмандон муайян намудаанд, ки ӯ рӯзи 18 моҳи майи соли 1048 дар Нишопур дар хонадони хаймадӯз ба дунё омадааст ва дар рӯзи 4 декабри соли 1131 дар худи ҳамон шаҳр дар даст «Китоб-уш-шифо»-и Ибни Сино аз дунё гузаштааст.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ, як тан аз ҳамасрон ва шогирдони Умари Хайём ва касе, ки бо ӯ ҳангоми зинда буданаш дар шаҳри Балх мулоқоте доштааст, дар «Чаҳор мақола» аз гуфтаи Хайём ёд овардааст: «Гӯри ман дар мавзеъе (ҷое) бошад, ки ҳар баҳоре шамол бар ман гулафшон мекунад». Муаллифи «Чаҳор мақола» вақте дар соли 1136 пас аз чор соли марги Хайём ба Нишопур расидааст, тасдиқ намудааст, ки дарвоқеъ «дар поёни девори боғе хоки ӯ дидам ниҳода ва дарахтони ангуру зардолу сар аз боғ берун ва чандон барги шукуфа ба хоки ӯ рехта буд, ки хоки ӯ дар зери гул пинҳон шуда буд. Ва маро ёде омад он ҳикоят». Ин ҳам аз ҷумлаи аҷобатест, ки дар зиндагии Хайём рух додааст.

Умари Хайём пеш аз он ки манзили гулафшони охираташро дар зодгоҳаш ёбад, замоне бо даъвати подшоҳи қарохонӣ ба Бухоро ва Самарқанд рафта буд, дар он ҷо дер намонда, ба Нишопур бармегардад. Вале вақте ки соли 1095 дар зодгоҳаш таъқибу озори озодандешоне мисли ӯ аз тарафи мутаассибон оғоз мегардад, маҷбур мешавад бо баҳонаи ҳаҷ Нишопурро тарк бигӯяд ва танҳо пас аз хомӯш гардидани балво баргардад. Дар бораи он ки воқеан ҳам, аҳли замонаи Хайём ӯро дар дин таъна мезаданд ва ӯ аз тарси хуни худ ба ҳаҷ рафт, Ибн-ал-Қифтӣ (1172-1248) шаҳодат додааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аҷобати дигар он буд, ки Хайём шоир набуд, балки, пеш аз ҳама, ситорашинос, риёзидон, табиб ва файласуф буд ва як силсила рисолаҳое дар илмҳои алҷабр ва алмуқобала, риёзиёт, ҳайат, фалсафа, тиб ва мусиқӣ таълиф намудааст, ки дар Шарқ ва Ғарб шуҳрати беандоза доранд. Тақвиме, ки бо сардории Умари Хайём дар замонааш дар расадхонаи Исфаҳон дуруст шуда буд, нисбат ба тақвими ҷории григориянӣ, ки дар асри XVI танзим гардидааст, ҳафт сония дақиқтар буда, иштибоҳоти солонааш ҳамагӣ бисту шаш сонияро ташкил медиҳад. Дигар ин ки, ба эътирофи умум, кашфи қонуне, ки имрӯз бо номи «Биноми Нютон» машҳур аст, ба ӯ тааллуқ дорад. Аммо ӯ ҳамчун шоир шуҳрати бештаре ёфт нисбат ба олимиаш.

Аҷобати дигар он аст, ки Умари Хайём аз шеър танҳо рубоӣ сароидааст ва он ҳам имрӯз дар шакли ба истилоҳ «рубоиҳои сайёр» мавҷуд мебошанд, яъне, бисёре аз он рубоиҳо, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, дар девону куллиёти шоирони дигар низ мавҷуд мебошанд. Аз ин сабаб баҳси нисбати онҳо ба шоир ва миқдори воқеии онҳо то имрӯз давом дорад. Сарчашмаҳои гузашта ва муосир миқдори онҳоро аз шаш то ба панҷ ҳазор зикр намудаанд.

Аҷобати дигар ин аст, ки вақте соли 1852 адиби англис Эдвард Фитсҷералд маҷмӯаи «Рубоиёти Умари Хайём»-ро ба забони англисӣ ба адади ҳамагӣ дусаду панҷоҳ нусха аз ҳисоби худаш ба чоп расонд, ду сол дар дукони китобфурӯшӣ хоб рафт, нусхае аз онро касе харидорӣ накард. Вале баъд якбора ба фурӯш рафт ва овозаи он тамоми Аврупоро фаро гирифт ва ба чандин забони дигари дунё тарҷума шуд.

Ва ниҳоят, аҷобати дигар ин ки ҳамаи тарҷумаҳои рубоиёти Хайём ба забонҳои машҳури аврупоӣ, пеш аз ҳама, баргардонии англисии Эдвард Фистҷералд, пур аз нуқсонанд ва аз асли форсии тоҷикии онҳо хеле дур мебошанд, лекин бо ин ҳама шуҳрат доранд ва он рӯз аз рӯз афзун мегардад.

Сирри ин аҷобат дар чист? Сирри он дар ин аст, ки Хайём чӣ мегӯяд ва чӣ тавр мегӯяд.

Умари Хайём дар рубоиҳояш дар бораи зиндагию марг, маънии ҳастии одам, замон, ҷойи одам дар он ва ғ., яъне дар бораи он муаммоҳое, ки ҳар яки мо ба онҳо ҳамарӯза ҷавоб меҷӯем, мулоҳиза меронад ва кӯшиш мекунад, ки ба саволҳои “Кием?”, “Аз куҷо омадаем?”, “Ба куҷо меравем?”, “Барои чӣ омадаем?” ва ғ. посух бигӯяд. Бино ба қавли Хайём, зиндагӣ даргузар аст, ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд, касе дар ин ҷаҳон ҷовидон нест.

Аз ин сабаб ҳаётро бояд қадр кард ва онро ба хушӣ гузаронд.

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр асту бад-он сон гузаронӣ, гузарад.

Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Некуст даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрӣ?
Дардеҳ қадаҳе бода, ки шаб мегузарад.

Рӯзе, ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Хуш бош кунуну умр бар бод макун.

Эй бода, ту маъшуқи мани шайдоӣ,
Ман мехураму натарсам аз расвоӣ.
Чандон хурамат, ки ҳар кӣ бинад, гӯяд:
«Эй хумми шароб аз куҷо меоӣ?»

Ибриқи майи маро шикастӣ, раббӣ,
Бар ман дари айшро бибастӣ, раббӣ.
Бар хок бирехтӣ майи гулгунро,
Хокам ба даҳан, магар ту мастӣ, раббӣ?!

Майлам ба шароби ноб бошад доим,
Гӯшам ба наю рубоб бошад доим.
Гар хоки маро кӯзагарон кӯза кунанд,
Он кӯза пур аз шароб бошад доим.

Хайём гуфтааст, ки агар лавҳаи қазо (тақдир, сарнавишт) дар дасти ӯ мебуд, онро ба майлу муроди хеш менавишт ва ғамро яксара аз ҷаҳон бармедошт ва аз шодӣ сар ба чарх меафрохт:

Гар даст ба лавҳаи қазо доштаме,
Бар майлу муроди хеш бингоштаме.
Ғамро зи ҷаҳон яксара бардоштаме
В-аз шодӣ сар бар чарх афроштаме.

Аз назари Хайём марг давоми мантиқии зиндагист, аз ин сабаб аз он набояд тарсид. Ӯ мегӯяд, ки инсон агар сад сол зияд, ҳазор сол умр бинад, оқибат хоҳад рафт ва назди марг ҳама баробаранд, чи шоҳу чи гадо, чи пиру чи барно. Вале ин дунё ҳазорҳо сол боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ ӯ донистанист, ки чаро одам ба дунё меояд ва барои чӣ зуд аз он меравад.

Онон ки куҳан буванду онон ки наванд,
Ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд.
В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.

Ин куҳна работро, ки олам ном аст,
Оромгаҳи аблақи субҳу шом аст.
Базмест, ки вомондаи сад Ҷамшед аст,
Гӯрест, ки такягаҳи сад Баҳром аст.

Хайём бовар бар он дорад, ки дар табиат чизе нест намешавад, вай пас аз марг дар шакли дигаре зуҳур мекунад. Ҳамчун далел ӯ бештар мисоли хок ва кӯзаро меорад.

Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.

Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.
В-ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки дар гардани ёре будаст.

Дигар аз мавзӯъҳои асосии рубоиёти Умари Хайём хушбошию хушгузаронии зиндагист, ки онро ба истилоҳи аврупоиён «гедонизм» мегӯянд. Шоир бар он ақида аст, ки чун умри одамӣ гузарону кӯтоҳ буда, марги ӯ ногузир аст, илова бар он зиндагонӣ ва замона чунон номуносиб ва номувофиқ мебошад, беҳтар он аст, ки ӯ аз қисмати бади хеш ва рӯзгори бадаш фаромӯш кунад ва хуш бошад. Дар ин чиз инсондӯстӣ ва зиндагидӯстии шоир ба хубӣ намудор шудааст. Ӯ мегӯяд:

З-он май, ки шароби ҷовидонист, бихур.
Сармояи айши инҷаҳонист, бихур.
Сӯзанда чу оташ аст, лекин ғамро
Бурранда чу оби зиндагонист, бихур.

Хайём, замона аз касе дорад нанг,
К-ӯ дар ғами айём нишинад дилтанг.
Май нӯш дар обгина бо нолаи чанг,
З-он пеш, ки обгина ояд бар санг.

Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош,
Гар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош.
Поёни ҳама кори ҷаҳон нестӣ аст,
Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош.

Дар асоси рубоиҳое, ки шоир дар мавзӯи маю майгусорӣ ва хушбошию хушгузаронии умр, асрори азал, ин дунёву охират, сарнавишт, биҳишту дӯзах ва ғ. сурудааст, баҳси доманадоре ба вуҷуд омадааст, ки Хайём кист: каси бадмаст, даҳрӣ ё сӯфӣ? Ин баҳсро худи ӯ тезутунд намудааст, зеро ба забони ҳол омадааст, ки:

Гар ман зи майи муғона мастам, ҳастам
В-ар ошиқу ринду бутпарастам, ҳастам.
Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад,
Ман худ донам, ҳар он чи ҳастам, ҳастам.

Як даст ба Мусҳафему як даст ба ҷом,
Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром.
Моем дар ин гунбади фирӯзарухом,
На кофири мутлақ, на мусулмони тамом.

Умари Хайёмро наметавон шоири бадмаст ё бадмастӣ номид, зеро майи ӯ сирф майи ангурӣ нест, балки майи адабӣ ва майи маънавист. Маест, ки аз дараҷаи майи ангурӣ берун рафта, ба рамзи хушӣ, зебоӣ, лаззати индунёӣ, ба тасвири шоирона табдил ёфтааст.

Ман бода хурам, валек мастӣ накунам,
Илло ба қадаҳ дароздастӣ накунам.
Донӣ, ғаразам зи майпарастӣ чӣ бувад?
То ҳамчу ту хештанпарастӣ накунам.

Умари Хайёмро ҳамчунин наметавон шахси даҳрӣ, бедин номид, зеро ӯ мусулмони комил буд. Аммо вай азбаски олим буд, ба ҳар чиз ва ба ҳар ҳодиса аз рӯйи ақлу мантиқ менигарист, чунонки ин корро пеш аз ӯ Ибни Сино ва Носири Хусрав карда буданд. Вай ҳам мисли ин саромадони бузурги худ ҳар чиву ҳар касро, ки ба ақл мувофиқ буд, пазируфтааст ва он чиро, ки мувофиқ нест, рад кардааст. Чунончи:

Ёраб, ту гилам сариштаӣ, ман чӣ кунам?
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман набиштаӣ, ман чӣ кунам?

Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!
В-он кас ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ!
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ!
Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!

Умари Хайём мавҷудияти биҳишту дӯзах, зиндагии пас аз марг, мукофоти амал, қазову қадар, сарнавишти азалиро хилофи мантиқ шуморида, онҳоеро, ки аз инҳо тарафдорӣ намудаанд, мазаммат ва масхара карда, дар ҳаққашон суханҳои тунду талх зиёд гуфтааст.

Дар фасли баҳор агар бути ҳурсиришт
Як соғари май бардиҳадам бар лаби кишт,
Ҳарчанд ба назди ома ин бошад зишт,
Саг беҳ зи ман аст, агар кунам ёди биҳишт.

Гӯянд: «Туро биҳишт бо ҳур хуш аст».
Ман мегӯям, ки: «Оби ангур хуш аст».
Ин нақд бигиру даст аз он нася бишӯй,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст.

Шоири озодандеш ва донишманди ҳамадон ба даъвои ононе, ки гӯиё аз асрори азал ва ҳикмати зоти Худованд бохабаранд, бовар надорад ва ҳамаи гуфтугӯву суханҳояшонро беҳуда ва ғайримантиқӣ мешуморад.

Асрори азалро на ту донию на ман
В-ин ҳарфи муаммо на ту хонию на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту,
Чун парда биюфтад, на ту монию на ман.

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд.
Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.

Ниҳоят Умари Хайём сӯфӣ набуд, на сӯфии амалӣ ва на сӯфии назарӣ. Хайём аз рӯйи ақида пайрави Арасту ва шогирди Ибни Сино буд ва аз таълимоти фалсафии машшоӣ (ақлгароӣ) ҷонибдорӣ мекард. Ӯ инсонпарвар (ҳуманист), зиндагидӯст ва зебоипараст буд. Аз ин рӯ бесомониҳои дунё, аҳли он, нобаробарӣ ва беадолатиҳоро қабул надошт, бар зидди онҳо эътироз мекард.

Эй чарх, чӣ шуд, хасисро чиз диҳӣ,
Гармобаву осиёву даҳлез диҳӣ.
Озода ба нони шаб гаравгон бидиҳад,
Бояд ки бар ин чунин фалак тиз диҳӣ.

Он беҳ, ки дар ин замона кам гирӣ дӯст,
Бо аҳли замона суҳбат аз дур накуст.
Он кас ки ба куллӣ эътимоди ту бар ӯст,
Чун чашми хирад боз кунӣ, душманат ӯст.

Қаҳрамони ғиноии Хайём ринд аст, каси озод, озодандеш, фарохназар, ҷӯянда, мутафаккир, поктинат, зиндагидӯст, ҳаётдӯст, касе, ки аз рӯйи ақл амал мекунад, ошӯбгар ва лоубол низ мебошад ва бинобар он ҳам эълом медорад, ки:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Ин қаҳрамон, ки баъдан дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ нақши асосиро хоҳад гирифт, то андозае бозтобдиҳандаи чеҳраи муаллиф ва монанд ба ӯ донишманди ақлгаро мебошад.

Аз рӯйи гуфтаҳои маълуми ду муаллифе, ки ба замони ӯ наздик буданд, яке – Абӯбакр Наҷмиддини Розӣ (ваф. 1256) ва дигаре – ал-Қифтӣ (1172-1248), ба хубӣ эҳсос мешавад, ки дар замонааш ҳомиёни бардурӯғи шариат рубоиёти Хайёмро хилофи он дониста, онҳоро ба морони дар зоҳир зебо ва дар ботин заҳрпош монанд карда, ҳушдор медоданд, ки фирефтаи гуфтаҳои ӯ нашаванд, ба маъниҳои ниҳонии онҳо диққат диҳанд, ки басо хатарнок мебошанд.

Ал-Қифтӣ бемонанд будани Умари Хайёмро дар илмҳои нуҷум ва ҳикмат эътироф намуда, орзу кардааст, ки «Эй кош, дар ақидаи динӣ низ ҳамин зайл устувор мебуд!».

Умуман тамоми рубоиҳои Хайём дар моҳият қасида дар васфи бузургии инсон мебошад, ки ӯро шоир нақши нигини ангуштарини ҷаҳон мешуморад ва мегӯяд:

Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарӣ аст,
Бе ҳеч шаке, нақши нигинаш моем.

Шуҳрати Умари Хайём ҳамчун шоир танҳо дар он нест, ки мавзӯъ ва мазмунҳоеро баён доштааст, ки онҳо ҷовидонӣ буда, ба дили ҳар фард дар тамоми гӯшаҳои дунё наздик аст, балки дар он ҳам мебошад, ки шоир тавонистааст, ки онҳоро дар қолаби хурди рубоӣ бо баёни мӯҷаз, расо, нишонрас, рангин ва бо мантиқи қавӣ бигунҷонад. Ба дараҷае, ки пас аз ӯ шоирони зиёде дар пайравии ӯ рубоӣ гуфтаанд, аммо касе ба ӯ баробар шуда натавонистааст. Барои мисол, рубоии зерин монанд ба як намоишномаест, ки аз чаҳор бахш (саҳна): «Гардун», «Ҷайҳун», «Дӯзах» ва «Фирдавс» иборат буда, дар худ умри фарсудаи одамиро бисёр барҷаста ва бо вусъати ҳамосӣ инъикос намудааст:

Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,
Ҷайҳун асаре зи чашми полудаи мост.
Дӯзах шараре зи ранҷи беҳудаи мост,
Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.

Хайём кӯтоҳӣ ва зудгузарии умри одамиро бо баёни ду-се маънии шоирона чунон устодона ва ҳунармандона ба қалам додааст, ки онро хотирмон ва фаромӯшношуданӣ гардондааст.

З-овардани ман набуд гардунро суд
В-аз бурдани ман ба иззу ҷоҳаш нафузуд.
В-аз ҳеч касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣ буд?

Тазод ва баёни тазодӣ аз воситаҳои дӯстдоштатарини Хайём дар шеър мебошад. Истифода аз чунин воситаи тасвир гунҷоиши қолаби кӯчаки рубоиро вусъати беандозае бахшидааст. Шоир бо зикри он ки хишти сари хумро аз мулки Ҷамшед, як ҷуръаи майро аз ғизои Марям ва оҳи саҳарӣ аз синаи масти харобро аз нолаи Абӯсаиди Абулхайр ва Иброҳими Адҳам хуштар медонад ва бо ҳамин ғанимат донистани чизи нақдро аз нася ва дастнорас авло мешуморад.

Хишти сари хум зи мулкати Ҷам хуштар,
Як ҷуръа май аз ғизои Марям хуштар.
Оҳи саҳарӣ зи синаи масти хароб
Аз нолаи Бӯсаиду Адҳам хуштар.

Хайём дар рубоии дигар «гул»-ро бо «хор», «нур»-ро бо «нор» ва «хирқаву хонақоҳу шайхӣ»-ро бо «ноқусу калисиёву зуннор» муқобил гузошта, қаноат ба қисмати бади хеш кардааст, ки дар амал эътирози сахтест ба беадолатиҳои замона ва муҳити носозгори динию мазҳабии он.

Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст
В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст.
Гар хирқаву хонақоҳу шайхӣ набувад,
Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.

Ҳар сухан, ҳар калима, ибора, ҳарфу ҳиҷо, лафзу маънии шоир дар рубоиҳояш дар ҷояш, бо ҳадафе омадааст, дар он ҳеч гуна ҳашв, на малеҳу на қабеҳ, овардани калимаву ибораеро ба хотири анбориши мисраъ ва байт намебинем. Хайём мисли як меъмори забардаст хишти суханро болои хишт чунон мегузорад, ки ҳеч холигоҳе дар байни онҳо намемонад, мисли як наққоши забардаст ҳар рангро бо тобишҳои зиёдаш чунон бо ҳам мувофиқ меорад, ки ҷое барои серу кам ва таносуби рангҳоро вайрон кардан намемонад. Муаллиф бо зикри як ё ду ҷузъиёт фазои баҳоронро ба ин зебоӣ ба қалам додааст:

Рӯзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,
Абр аз рухи гулзор ҳамешӯяд гард.
Булбул ба забони паҳлавӣ бар гули зард
Фарёд ҳамекунад, ки: «Май бояд х(в)ард».

Дар байни мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём дар наср рисолаи «Наврӯзнома» низ ҳаст, ки тахминан дар соли 1079 навишта шудааст. Тавре ки аз муқаддимаи ин асар бармеояд, онро муаллиф бо хоҳиши як дӯсти наздикаш ба баёни мухтасари сабаби ниҳодани ҷашни Наврӯз ва кадом подшоҳ ниҳодааст ва дигар оини подшоҳон ва сиришти эшон дар ҳар коре бахшидааст. Ҳар коре, ки муаллиф дар оғози «Наврӯзнома» ба он ишора намудааст, аз инҳо иборат мебошад: «Андар оини подшоҳони Аҷам», «Омадани мубади мубадон ва наврӯзӣ овардан», «Офарини мубади мубадон ба иборати эшон»,»Андар ёд кардани зар ва он чи воҷиб бувад дар бораи ӯ», «Андар аломати дафинаҳо», «Ёд кардани ангуштарин ва он чи воҷиб ояд дар бораи ӯ», «Ёд кардани хавил (неши ҷав) ва он чи воҷиб ояд дар бораи ӯ», «Ёд кардани шамшер ва он чи воҷиб ояд дар бораи ӯ»,»Ёд кардани тир ва камон ва он чи воҷиб ояд дар бораи он»,»Ёд кардани қалам ва хосияти он ва он чи воҷиб ояд дар бораи он», «Ёд кардани асп ва ҳунари ӯ ва он чи воҷиб ояд дар бораи ӯ», «Номҳои аспон ба забони порсӣ», «Андар зикри боз ва ҳунари ӯ ва он чи воҷиб ояд дар бораи ӯ», «Андар гузидани боз», «Гуфтор андар манфиати шароб», «Ҳикоят андар маънии падид омадани шароб» ва «Гуфтор андар хосияти рӯйи неку».

Муҳтавои «Наврӯзнома», ҳадаф ва сабки баёни он «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковусро ба ёд меорад. Умари Хайём агарчи нагуфтааст, ки он дӯсташ кӣ буд, аммо маълум аст, ки аз онҳое будааст, ки мехостааст бо оини мулуки Аҷам ошноӣ пайдо бикунад ва онҳоро биомӯзад ва аз онҳо кор гирад.

Бино ба навиштаи Умари Хайём, «аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз рубъе (чаҳоряке) аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд… ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо (пайравӣ) карданд.

Ва қисса он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ бинишаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод, офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омада, мубадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни он рӯзгор буданд».

Каюмарс ҳар солро ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахше сӣ рӯз ва ҳар якеро аз он номе ниҳодааст, ки то ба ҳол дар Эрон расман маъмул мебошанд.

Умари Хайём пас аз шарҳи сабаби ниҳодани ҷашни Наврӯз нуктаеро таъкид намудааст, ки то ба ҳол дар байни мардуми мо ривоҷ дорад. Ӯ гуфтааст, ки «ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».

«Наврӯзнома»-и Умари Хайём донишномаест дар бораи ҷашни Наврӯз ва он чи воҷиб ояд дар бораи он, яъне, расму оинҳои маъмули мулуки Аҷам, ва барои ҳамин ҳам як сарчашмаи муътабарест барои омӯхтани таърихи пайдоиши ҷашни бостонии Наврӯз ва расму оинҳое, ки дар миёни подшоҳони гузаштаи Аҷам маълум ва машҳур буданд. Муаллиф гоҳе барои тасдиқи гуфтаҳои хеш аз хондаву шунидаҳои хеш, аз саргузашти шоҳони Аҷам ҳикоятҳо овардааст, чунонки муаллифи «Қобуснома» низ карда буд.

Наздикии «Наврӯзнома» бо «Қобуснома» танҳо бо доштани ҳикоят ва монандии бобу фаслҳои алоҳидаи онҳо тамом намешавад, балки дар забон, таркиби луғавӣ, сабки баён низ ба ҳам монанд мебошанд ва аз ин ҷиҳат низ арзиши муайяни адабӣ доранд ва аз ривоҷи наср дар баробари шеър дар он замон гувоҳӣ медиҳанд.


Рубоиёти Умари Хайёмро инҷо бинед <<

ҚаблӣМероси адаби ва илмии Носири Хусрав
БаъдӣЗиндагиномаи Саноии Газнави / Ғазнавӣ (биография)