Зиндагии Носири Хусрав

Носири Хусрав (1004 – 1088). Замони шоир ва зиндагиномаи ӯ, Носири Хусрав биография

Носири Хусрав соле ба дунё омад, ки панҷ сол пеш аз он давлати пуриқтидори тоҷикон Сомониён барҳам хӯрда, дар Хуросон ва Мовароуннаҳр қудрати сиёсӣ ба дасти сулолаҳои гуногуни турк ва султононе, мисли Маҳмуди Ғазнавӣ гузашт, ки дар корҳои мазҳабӣ сахт мутаассиб буданд.

Бино бар гуфтаи муаллифи «Маҷмаъ-ут-таворих», султон Маҳмуд соли 1029, ки он вақт Носири Хусрав понздаҳсола буд, дар шаҳри Рай бисёр бузургони Оли Дайламро ба гуноҳи бадмазҳабӣ ва гаравидан ба ботиния ба дор кашида, қисме аз онҳоро дар пӯсти гов дӯхта, боқимондаашонро бо баҳонаи дар он мавҷуд будани китобҳои рофизиён ва мулҳидон асир гирифт. Аз сӯзонидани китобхонаи бузурги Рай, ки танҳо феҳристи китобҳояш дар даҳ ҷилд будааст, муаллифи «Таърихи Байҳақӣ» хабар додааст.

Носири Хусрав аз он ки сарзамини аҷдодиаш Мовароуннаҳру Хуросон, ки «макони илму ҳикмат» буду ҳоло ба чанги туркони «беилму адаб», «авбоши бехонумон», «қавми ҳомун» афтода, ба «мулки девони малъун» табдил ёфтаасту мардумию сарварӣ аз халқ берун шудааст, ғам мехӯрад ва онҳоро ба нафрати зиёд носазо мегӯяд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Эй фалаки зудгард, вой бар он,
К-ӯ ба ту, эй фитнаҷӯй, мафтун шуд.

Ҳар кӣ ба шамъи хирад надид раҳат,
Пеши ту мадҳуш гашту Шамъун шуд.

Аз чӣ дар оӣ ҳаме дарун, ки чунин
Мардумӣ аз халқ ҷумла берун шуд?

Феъли ҳама ҷавр гашту макру ҷафо,
Қавли ҳама зарқу ваъда афсун шуд.

Мулки ҷаҳон гар ба дасти девон буд,
Боз кунун ҳолҳо ҳам-эдун шуд.

Бози ҳумоюн чу ҷуғд гашт хирӣ,
Ҷуғдаки шуму хирӣ ҳумоюн шуд.

Сар ба фалак баркашид бехирадӣ,
Мардумию сарварӣ дар оҳун шуд.

Боди фурӯмоягӣ вазид аз ӯ,
Сурати некӣ нажанду маҳзун шуд.

Хоки Хуросон чу буд ҷойи адаб,
Маъмани девони нокас акнун шуд,

Ҳикматро хона буд Балху кунун
Хона-ш вайрону бахт ворун шуд.

Мулки Сулаймон агар Хуросон буд,
Чун ки кунун мулки деви малъун шуд?…

Бандаи эшон буданд туркон, пас
Ҳол гаҳ эдуну гоҳ эдун шуд.

Бандаи туркон шуданд боз магар
Наҷми Хуросон наҳсу махбун шуд.

Чокари қибҷоқ шуд шариф зи дил
Ҳурраи ӯ пешкори хотун шуд.

Лоҷарам, ар ноқисон амир шуданд,
Фазл ба нуқсону нақс б-афзун шуд.

Шоир ба хулосае омадааст, ки дар ҳар замине, ки қадами номубораки «қавми ҳомун» мерасад, аз он ба ҷойи наботот бало мерӯяд:

Бало рӯяд набот андар замине,
Ки аҳлаш қавми ҳомунанду Қорун.
Наботи пурбало ғуззасту қибчоқ,
Ки рустастанд бар атрофи Ҷайҳун.

Носири Хусрав, ки аз «пок фарзанди озодагон» – ашрофони заминдори бумӣ буд, аз он ки ҳамнажодонаш бандаи туркон шудаанд, азоб мекашид.

Туркон ба пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон
Буданд хору оҷиз ҳамчун зани сароӣ.
Имрӯз шарм н-ояд озодазодагонро
Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ.

Аз ҳамкорӣ бо султонони турктабори ғазнавӣ ва салҷуқӣ ва шиносоии наздик бо сиёсати давлатдории онҳо Носири Хусрав ба хулосае меояд, ки ба онҳо умед бастан нашояд. Бинобар ин соли 1045 аз шуғли девонӣ истеъфо дод ва дар таърихи 6 марти 1046 бо ҳамроҳии бародари хурдиаш Абӯсаид ва ғуломи ҳинду бо роҳи Сарахс ба Нишопур сафар мекунад ва аз он ҷо ба Симнону Рай, Қазвину Табрез меравад ва соли 1047 ба Макка мерасад ва фаризаи ҳаҷро анҷом медиҳад. Пасон се сол дар Миср боқӣ мемонад ва бо роҳбари тариқати исмоилия Ҳибатуллоҳ Абӯнаср ибни Абиимрони Шерозӣ вомехӯрад ва ба шарофати вай дараҷаҳои мазҳаби Исмоилия – мустаҷиб, маъзун, доъӣ, ҳуҷҷатро мепаймояд. Ҳамчунин бо ёрии ӯ ба ҳузури Имоми ҳаштуми Фотимиён – Абӯтамим Маид ибни Алӣ ал-Мустансир (1036-1094) пазируфта мешавад ва «ҳуҷҷати ҷазираи Хуросон» мешавад.

Чӣ шуд, ки дар вазъ ва рӯҳияи Носири Хусрав гардиши қатъӣ ба вуҷуд омад, хидмати дарборро тарк намуд ва ба таълимоти исмоилӣ гаравид? Сабаби беруниашро худи муаллиф дар оғози «Сафарнома»-аш баён намудааст. Мувофиқи гуфтаи ӯ, моҳҳои октябр-ноябри соли 1045 аз Марв ба Панҷдеҳи Марврӯд ва аз он ҷо ба Ҷузҷон меравад ва қариб як моҳ дар он ҷо мемонад ва шароб пайваста мехӯрад. Ва шабе дар хоб мебинад, ки яке ба ӯ мегӯяд: «Чанд хоҳӣ аз ин шароб, ки хирад аз мардум зоил (паст) кунад, агар баҳуш бошӣ, беҳтар». Ман ҷавоб гуфтам, ки: «Ҳукамо ҷуз ин чизе натавонистанд сохт, ки андуҳи дунё кам кунад». Ҷавоб дод, ки: «Бехирадӣ ва беҳушӣ роҳате набошад, ҳаким натавон гуфт касеро, ки мардумро ба беҳушӣ раҳнамун бошад, балки мардумро чизе бояд талабид, ки хирад ва ҳуш бияфзояд». Гуфтам, ки: «Ман инро аз куҷо орам?». Гуфт: «Ҷӯянда ёбанда бошад» ва пас сӯйи қибла ишорат кард ва дигар сухан нагуфт». Чун аз хоб бедор шудам, он ҳол тамом бар ёдам буд, ин насиҳат бар ман кор кард ва бо худ гуфтам, ки «аз хоби чиҳилсола низ бедор гардам». Андешидам, ки то ҳама афъол (кирдор) ва аъмоли худ бадал накунам, фараҳ (шодмонӣ) наёбам».

Носири Хусрав чӣ андуҳе дошт аз дунё, ки барои кам кардани он пайваста шароб мехӯрд ва он чизе, ки хирад ва ҳушро бияфзояд ва талабашро ба ӯ маслиҳат доданд ва сӯйи қибла ишорат карданд, чӣ буд? Тавре ки аз асарҳои ӯ бармеояд, андуҳаш аз замонаи ноором ва ноодилона буд, ки идораи он ба дасти мардуми ҷоҳил ва бехирад буда, аҳли илму маърифат ба хорию зорӣ гирифтор буданд. Ӯ аз молу шоҳу мир навмед шуда, рӯ ба аҳли тайласону аммомаву ридо шудааст. Муаллиф дар ҷустуҷӯйи ҳақиқат ва адолат ба сафар мебарояд, ҳаҷ мекунад ва ба Миср, маркази давлати Фотимиён меравад. Шиносоӣ бо он давлат, пешвоёни мазҳаби исмоилия ӯро ба натиҷае мерасонад, ки ҳақиқат ва адолат дар он ҷост. Ӯ бо як таваҷҷуҳи хосса аз тартибу низоми он кишвар, ки осоишу офияти мардумашро таъмин намуда буд ва эътимоди мардумро ба даст оварда буд, сухан меронад Беҳуда нест, ки ӯ се сол дар он ҷо мемонад. Гумон меравад, ки ҳадафи аслии ӯ низ аз сафари ҳафтсолааш маҳз шиносоӣ бо давлати Фотимиёни Миср ва таълимоти мазҳаби исмоилия буд. Аз миёни тамоми мазҳабҳои маъмули он давр фақат пайравони исмоилия мардумро ба мубориза бар зидди салтанати салҷуқӣ даъват мекарданд. Ин чиз, бидуни шак, ба табиати озодиҷӯ ва ҳақиқатҷӯ ва адолатпарвари Носири Хусрав мувофиқ омада буд. Барои муаллиф исмоилия на танҳо ҷаҳонбинии динии дилхоҳ, балки воситаи баёни афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва сиёсиаш низ буд.

Бархостам аз ҷою сафар пеш гирифтам,
Н-аз хона-м ёд омаду н-аз гулшану манзар.

Аз порсию тозию аз ҳиндию аз турк
В-аз синдиву румӣ зи ибрӣ ҳама яксар

В-аз фалсафию монавию собию даҳрӣ
Дархостам ин ҳоҷату пурсидам бемар…

Пурсанда ҳамерафтам аз ин шаҳр бад-он шаҳр,
Ҷӯянда ҳамегаштам аз ин баҳр бад-он бар.

Гуфтам, ки мавзӯи шариат на ба ақл аст,
Зеро ки ба шамшер шуд ислом муқаррар.

Тақлид напазруфтаму ҳуҷҷат наниҳуфтам,
Зеро ки нашуд ҳаққ ба тақлид мушаҳҳар.

Ба хотири пайдо намудани ҷавоб ба саволҳои худ рӯ ба «аҳли тайласону аммомаву ридо» меорад, аммо тавре ки худ мегӯяд, «ҷуз дарду ранҷ ҳеч нагардид ҳосилам» аз он касоне, ки сӯйи онҳо ба умеди шифо шуда буд:

Ҷуз дарду ранҷ ҳеч нагардид ҳосилам
З-он кас, ки сӯйи ӯ ба умеди шифо шудам.

В-аз молу шоҳу мир чу навмед шуд дилам,
Зӣ аҳли тайласону аммома-в ридо шудам.

Гуфтам, ки роҳи дин бинамоянд мар маро,
Зеро ки з-аҳли дунё дил пурҷафо шудам.

Гуфтанд: «Шод бош, ки растӣ зи ҷаври даҳр»,
То шод гашт ҷонаму андар наво шудам…

Гуфтам: «Чу номашон уламо буду кор ҷавр,
К-аз дасти фақри ҷаҳл бад-эшон раҳо шудам.

То чун ба қолу қили мақомоти мухталиф
Аз умр чанд сол миёншон фано шудам”.

Гуфтам: «Чу ришва буду риё молу зуҳдашон,
Эй Кирдгор, боз ба чӣ мубтало шудам?»

Носири Хусрав ҳақиқату адолатеро, ки меҷуст, на аз даргоҳи подшоҳон ва на аз уламои динии аҳли суннат ва динҳои дигар, балки дар таълимоти исмоилӣ ёфтааст. Аз ин хусус ӯ дар як қасидааш ба таври ошкоро баён доштааст. Муаллиф суханро аз он оғоз намудааст, ки замоне ки дили пур дошт, «гоҳе зи дарди ишқ паси хубчеҳрагон», «гоҳе зи ҳирси мол паси кимиё» шуда будаасту пиндоштааст, ки даҳр чарогоҳи ӯ шудаасту вай сутурвор чарост. Замоне ки аз ранҷи рӯзгор ҷонаш хаста гаштааст, якчанд бо сано ба дари подшоҳ шудааст, аммо ҷуз дарду ранҷ ҳеч нагардидааст ҳосилаш. Бинобар он рӯ ба сӯйи банӣ Мустафо шудааст:

Чун ғадр кард, ҳила намондам ҷуз он, к-аз ӯ
Фарёдхоҳ сӯйи банӣ Мустафо шудам.

Фарёд ёфтам зи ҷафову даҳои дев,
Чун дар ҳариму қасри имомулливо шудам.

Донӣ, ки чун шудам, чу зи девон гурехтам,
Ногоҳ бо фариштагон ошно шудам.

Бар ҷони ман чу нури имоми замон битофт,
Лайлуссарор будаму шамсуззуҳо шудам.

Номи бузург имоми замон аст аз ин қибал
Ман аз замин чу Зуҳра бад-ӯ бар само шудам.

Носири Хусрав 23 октябри 1053 ба Балх баргашта, аз пайи таблиғу ташвиқи мазҳаби исмоилӣ мешавад. Ҳудуди таблиғоти ӯ аз Балх то ба вилоятҳои Табаристону Мозандарон ва Сиистону Хатлон мерасад. Афзоиши нуфузи Носири Хусрав ва миқдори пайравонаш «уламову умарои» мутаассиби Фиръавни рӯз ва замонро ба шӯр меорад ва онҳо оммаи мардумро бар зиддаш барангехтанд, кинаҷӯй гаштанд ва ӯро аз Хуросон, аз хонумонаш ронданд:

Маро дунон зи хонумон биронданд,
Гурӯҳе аз намози хеш соҳун.

Хуросон ҷойи дунон шуд, нагунҷад
Ба як хона-дарун озода бо дун.

Надонад ҳолу кори ман ҷуз он кас,
Ки дунонаш кунанд аз хона берун.

Носири Хусрав ҳайрон аз он аст, ки уммате аз ҷаҳолату шумӣ ба ӯ ба хотири он ки гуфтааст: «Аз Расул Алӣ халқро васист (ҷонишин)» аду шуданд ва ӯро айб мегиранд.

Эй уммате, зи ҷаҳли адуи расули хеш,
Ҳайрон ман аз ҷаҳолату шумий шумо шудам.

Гар гуфтам: «Аз Расул Алӣ халқро васист»,
Сӯйи шумо сазои мусово чаро шудам?

В-ар гуфтам: «Аҳли мадҳу сано оли Мустафост»,
Чун зӣ шумо сазои ҷафову ҳиҷо шудам?

Айбам ҳамекунед бад-он ч-ам бад-ӯст фахр,
Фахрам бад-он ки шиъати Оли Або шудам.

Аз баҳри дин зи хона биронданд мар маро,
То бо Расули ҳаққ ба ҳиҷрат сиво шудам.

Аҳмад ливои хеш Алиро супурда буд,
Ман зери он бузургу муборак ливо шудам.

Шоир онҳоро уммати бутпараст мехонад ва зикр мекунад, ки онҳо мехоҳанд, ки ӯ ҳам монанди онҳо бошад. Ҳол он ки онҳо мисли ӯ дар дин таҳқиқ надоранд ва ба қадри ӯ намефаҳманд:

Ин уммати бутпарастро бин,
Овехта ҳалқашон ба шастам.
Хоҳанд ҳаме, ки ҳамчу эшон
Ман ҷуз, ки Худойро парастам.
Валлаҳ, ки ҳаме нахӯрд хоҳам
Бо шаккари бутпараст пистам.

Аз хатари дунболагирӣ Носири Хусрав маҷбур шуд, ки Балхро тарк намуда, аввал ба Гургон ва Мозандарон ва баъд ба Самангон рӯ орад. Лекин амирони он ноҳияҳо низ аз тарси зимомдорони турки Хуросон ба ӯ иҷозаи зиндагиро дар мулки хеш надоданд. Ӯ вазъи худро дар он замон чунин ба қалам овардааст:

Ҷумла гаштастанд безору нафур аз суҳбатам
Ҳамзабону ҳамнишину ҳамзамину ҳамнасаб.

Кас нахонад номаи ман, кас нагӯяд номи ман,
Ҷоҳил аз тақсири хешу олим аз бими шағаб…

Ома бар ман туҳмати динею фазле мениҳанд,
Бар сарам фазли ман овард ин ҳама шӯру ҷалаб…

Майфурӯш андар харобот эмин аст имрӯзу ман
Пеши меҳроб андарам бо биму тарсу бо ҳараб.

Иззу нозу эминий дунё басе дидам, кунун
Ранҷу бими сахтӣ андар дин бибинам як надаб…

Гар надорад ҳурматам ҷоҳил, маро камтар нашуд
Сӯйи доно на насаб, на ҷоҳу қадру на ҳасаб.

Носири Хусрав аз аҳли Хуросон, сағиру кабираш ба Худованд нола дорад ва мепурсад, ки: «Чӣ кардам, ки аз ман рамида шуданд, ҳама хешу бегона», ман ҳамон Носирам, ки аз ман маҷлиси миру садру вазир холӣ набуд, аз ман бо эҳтиром ҳамчун «адиб» ва «дабир» ном мебурданд.

Бинобар ин даъвати амири Бадахшон Алӣ ибни-л-Асадро ба хушӣ пазируфт ва соли 1059 он ҷо рафт ва дар дараи Юмгон манзил гирифт ва то поёни умраш дар соли 1088 дар он ҷо, ки «зиндони сангӣ» меномад, «подшоҳвор» нишаст.

Зи Ҳуҷҷат ин суханҳо ёд медор,
Ки дар Юмгон нишастаст подшаҳвор.

Бо он ки Носири Хусрав дар Юмгондара «подшаҳвор» мезист ва дар миёни мардуми Бадахшон иззату эҳтиром ва қадру манзалати фавқулодае дошт, ӯ аз ғарибӣ ва дурияш аз Балх ва хешовандон ва ёру дӯстонаш бисёр вақтҳо ашки талх мерехт ва дард мекашид.

Эй бевафо замона, чӣ ҷӯйӣ ҳаме зи ман,
К-аз бас муҳолҳот маро дигар аст ҳол.

Он рӯзгор чун шуду он дӯстон куҷо,
Дидорашон ҳаром шуду ёдашон ҳалол.

Он дӯстон, ки хонаи мо қибла доштанд,
Аз баҳри чӣ зи ман бибуриданд қилу қол?

Эй боди аср, агар гузарӣ бар диёри Балх,
Бигзар ба хонаи ману он ҷой ҷӯй ҳол.

Бингар, ки чун шудаст пас аз ман диёри ман,
Бо ӯ чӣ кард даҳри ҷафоҷӯйи бадфиол.

Тарсам, ки зери пойи замона хароб гашт,
Он боғҳо хароб шуд, ин хонаҳо тилол…

Аз ман бигӯй, чун бирасонӣ саломи ман,
Зӣ қавми ман, ки нест маро хуб кору ҳол.

Қавми маро бигӯй, ки даҳр аз паси шумо
Бо ман накард ҷуз баду нанмуд ҷуз малол…

З-оби мижа ғариқаму з-оташ ба дил ҳариқ,
Чун нол аз ин шудаст танам зору нол нол.


Салом кун зи ман, эй бод, мар Хуросонро,
Мар аҳли фазлу хирадро, на ому нодонро.

Хабар биёвар аз эшон ба ман, чу дода бувӣ,
Зи ҳоли ман, ба ҳақиқат, хабар мар эшонро.

Бигӯяшон, ки ҷаҳон сарви ман чу чанбар кард,
Ба макри хеш, худ ин аст кор геҳонро.

ҚаблӣЭссе – Худшиноси – шинохти моҳияти ҳастӣ – Шеър
БаъдӣМероси адаби ва илмии Носири Хусрав