Муҳаммад Ғазолӣ

Абуҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад – олими фиқҳдон ва сӯфии тоҷику форс соли 1058 дар Тӯси Эрон таваллуд шуда, соли 1111 дар зодгоҳаш фавтидааст. Абуҳомид Ғазолӣ аз хурдсолӣ ба омӯзиши илмҳои замонаш машғул гардида, дар шаҳри Гургон ва мадрасаи «Низомия»-и Нишопур таҳсил кардааст. Солҳои 1091 – 1095 мударриси мадрасаи «Низомия»-и Бағдод буд. Байни солҳои 1095 – 1106 як қатор мамлакатҳои арабро сайр мекунад.

Мероси илмию адабии пурарзиши ӯ, ки то замони мо маълуманд, асосан аз «Мақосид-ул-фалосифа», «Таҳофут- ул-фалосифа» (ба забони арабӣ), «Кимиёи саодат» (ба забони тоҷикӣ-форсӣ), «Эҳё-улум-ад-дин» (ба забони арабӣ) ва «Насиҳат-ул-мулук» (ба забони тоҷикӣ-форсӣ) иборат мебошанд.

«Насиҳат-ул-мулук»-и Абуҳомид Ғазолӣ асари муҳимму арзишмандест дар бораи ахлоқ, сиёсату назарияи давлатдорӣ ва ҳуқуқ.

Абуҳомид Ғазолӣ дар ин китобаш оид ба ҳукуматдории хирадмандона, ахлоқи ҳокимон ва дигар мансабдорони давлатӣ, ҳамчунин дар хусуси адолатпарварӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ фикрҳои ҷолиб ва пурманфиате баён намудааст, ки дар замони мо низ фоидаовар мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чанд ҳикоя аз “Насиҳат-ул-мулук”-ро инҷо хонед–>

Инчунин хонед:

АФКОРИ СИЁСИИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИКУ ФОРС


Мухаммад Газзоли, Насихат-ул-мулук, Зиндагиномаи Мухаммад Газоли, Тарчумаи холи Мухамад Газоли, Мухаммад Газзоли биография бо забони точики, на таджикском языке, Мухаммад газали, Мухаммад Газолий, 

ҚаблӣНизомии Ганҷавӣ
БаъдӣНӯшервон ва ободии мулк (ҳикоя)