Носири Бухороӣ

Шоири машҳури хушсалиқаи тоҷик Носири Бухороӣ, ки бо тахаллуси Шоҳдарвеш ё Дарвеш Носир ҳам маъруф аст, дар Бухоро таваллуд шудааст, вале соли мавлудаш дақиқан маълум нест. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Бухоро гузашта ба сабаби фақирию нодорӣ ба Хуросон, Озарбойҷон ва Ироқ сафар кардааст. Таърихи вафоти шоир низ маълум нест, вале таҳқиқгарон соли реҳлати шоирро байни солҳои 1379–1388 тахмин кардаанд.

Аз шоир то замони мо куллиёти мукаммали ӯ ба мерос мондааст, ки 7000 байт дорад ва дар он ғайр аз қасидаю ғазалиёт як маснавии орифонаи «Ҳидоятнома» низ ҷой дода шудааст.

Дар ғазалиёташ мавзӯъҳои иҷтимоӣ, танқиди ҳукмронони золим ва рӯҳониёну шайхони мардумфиреб дида мешаванд.


Рафтем аз диёри ту бо дидаи пуроб

Рафтем аз диёри ту бо дидаи пуроб,

Чун зулфи ту мушаввашу1 чун ҷисми ту хароб.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маҳмил2 мабанд бар шутур, эй сорбон, ки мо

Маҳмил бар оби дида бибастем чун ҳубоб.

Ашкам дар остин шуду мегирадам инон3,

Корам ба ӯ фитоду гарон мекунад рикоб.

Эй дида, дарди cap мадеҳу оби мо марез,

Ҳиҷрон на оташест, ки сокин шавад ба об.

Эмин наям зи фитнаи чашмат, ки мекунад,

Як инқилоби чашми ту садгуна инқилоб.

То заҳри фурқати ту чашидам ба ҷойи май,

Сӯзест дар дилам, ки ҷигар мешавад кабоб.

Чун рӯзи ҳаҷр4 ёди фироқи ту мекунам,

Гӯё, ки дидаем магар давлате ба хоб.

Носир, дуои хаста магар дар ту кора кард,

Ҳаргиз мабод даъвати бадхоҳ мустаҷоб5.


  1. Мушавваш – парешон.
  2. Маҳмил – каҷова, ки бар шутур банданд.
  3. Инон – ихтиёр.
  4. Ҳаҷр – ҷудоӣ кардан.
  5. Мустаҷоб – қабулкардашуда, ин ҷо қабул нашавад, қабул мабод.

Газалиёти Носири Бухорои, тарчумаи холи/зиндагиномаи/шархи холи Носири Бухорои.

ҚаблӣХуш набошад (Ғазали Ҳофиз)
БаъдӣМаълумот дар бораи Шоҳмот (бозии шатранҷ, шахматы)