Маълумот дар бораи Шоҳмот (бозии шатранҷ, шахматы)

Ватани шоҳмот Ҳиндустон аст. Замони пайдоиши он бошад, маълум нест. Бостоншиносон таърихи пайдоиши онро ба ҳазорсолаи то милод тахмин менамоянд. Ривоят мекунанд, ки роҷаи Ҳинд ин бозиро хеле хуш қабул намудааст. Пас аз омӯзиши усули бозӣ аз ҷониби Роҷа хоҳиш карда мешавад, ки ба офарандаи шоҳмот дилхоҳ мукофот пешниҳод карда шавад. Ихтироъкори шоҳмот дар назари аввал чизи зиёде талаб намекард. Ӯ аз ҳокими давр хоҳиш менамояд, ки ба хоначаи якуми тахтаи шоҳмот як дони гандум, ба дуюмаш ду, ба сеюмаш чор дона гандум… ҳамин тавр бо усули зам намудани ҳар як хоначаи тахтаи шоҳмот ба вай гандум диҳанд. Роҷа гумон дошт, ки хоҳиши офарандаи ин бозӣ як – ду халта гандумро ташкил хоҳад дод. Вақте ки ба ҳисоби донаи гандум ва хонаҳои тахтаи бозӣ шурӯъ менамоянд, маълум мешавад, ки чунин миқдор гандум на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар саросари дунё нест. Яъне, бояд ба ихтироъкори шоҳмот 184 467 440 737 095 516 15 (18 квинтилон 446 квадрилон 744 трилон 73 билон 709 миллион 551 ҳазору 615) дона гандум дода мешуд. Дар ривояти дигаре тахмин меравад, ки бозии шоҳмот аз ким – кадом сайёраи дигар оварда шудааст. Саҳеҳияти ин гуфтаро касе кафолат дода наметавонад. Аммо яқин аст, ки то ба ҳол ягон бозии шоҳмот ба бозии пешина монанд набудааст. Яъне ҳар як бозӣ бо комбинатсияи худ аз дигараш фарқ мекунад. Чӣ ҳам набошад, шоҳмот чун варзиши ақлонӣ, санъати пурмуаммо то имрӯз мавриди таваҷҷуҳ қарор дораду минбаъд чунин боқӣ хоҳад монд.

Ҳарчанд таърихи дақиқи пайдоиши шоҳмот рӯшан нест, бозёфтҳои археологии дар Миср, Ироқ ва Ҳиндустон пайдогардида аз он башорат медиҳанд, ки то соли 570 то милод бозии шоҳмот роиҷ гардида буд. Сайри таърихии шоҳмот аз Ҳиндустон ба ақсои олам ба воситаи сарзамини форс оғоз мешавад. Дар як асари форсӣ, ки дар замони ҳукмронии Анушервони одил (531- 579) китобат гардида буд, мафҳумҳои бозӣ ва номи сангҳои шоҳмот ба саҳеҳӣ оварда мешавад. Шоҳмот чун намунаи олии санъат ва бозӣ дар асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» низ ба таври шоирона равшану возеҳ маънидод мешавад. Шоҳмотро ба олами Fap6 ва аз он чоӣ ба саросари дунё мусулмонҳо овардаанд. Аллакаӣ дар соли 1010 то милод дар нигоштаҳои каталонӣ дойр ба шоҳмот маълумот дода мешавад.

Ҳамчунон аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар нахуст бозии шоҳмот аз чор дона – санг иборат буд ва бо он чор нафар бозӣ мекарданд. Номи бозӣ ҳам дар аввал шатранҷ буд, ки аз забони форсӣ гирифта шудааст. Терминологияи бозӣ низ то ба имрӯз мансуб ба забони форсист. Охирин амалиёти бозӣ Шоҳи форсӣ ва моти арабӣ (шоҳ мурд) далели ин гуфтаҳо мебошад.

Таърихи бостон шаҳодат медиҳад, ки шоҳмот ҳарчанд моли ҳиндухост, дар равнақи он саҳми форсҳову арабҳо бузург аст. Нахустин дастури бозии шоҳмот ба забони форсӣ омода шудаву аввалин китоби фарогири мафҳуми бозӣ моли забони арабӣ аст. Нахустин масъалаҳои шоҳмот дар асари Аладлӣ зери мафҳуми «Мансубӣ» ёдоварӣ мешавад. Мутаассифона, он то ба замони мо нарасидааст. Асари дигаре, ки бо забони арабӣ дар асри 9 иншо шудааст, имрӯз дар яке аз китобхонаҳои кишвари Югославия маҳфуз аст. Яке аз маъруфтарин роҳнамои бозӣ дар асрҳои миёна асари шоҳи Испания Алфонсои оқил ҳисобида мешавад, ки соли 1283 навишта шудааст. Дар асар 150 миниатюраҳои рангаи рассомони форсӣ ҷой дода шуда, коллексияҳои Эндшпил ҳусну қубҳи онро боло мебарад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Имрӯз шоҳмот чун навъи варзиш шуҳрати беандоза дошта, дар тамоми кишварҳои дунё шуғли писандида аст.


Маълумот дар бораи бозии Шохмот, Шатранч, шахмат, Шахматы на таджикском языке, пайдоиши бозии Шохмот, ватани шохмот кучо аст, бо забони точики, бо забони тоҷикӣ бозии Шоҳмот

ҚаблӣНосири Бухороӣ
БаъдӣНони гандум (шеър)