Афзоиши нашвии рустанӣ ба воситаи навда. Афзоиши пӯшидатухмон ё рустаниҳои гулдор бо роҳи ҷинсӣ ва нашвӣ амалӣ мегардад.
Афзоиши нашвии рустаниҳои гулдор дар табиат васеъ паҳн гардида, хусусан одамон онро барои афзоиш додани зироатҳои кишоварзӣ ва рустаниҳои ороишӣ пурмаҳсул истифода мебаранд. Ба ин мақсад чунин узвҳои нашвӣ – реша, поя ва баргро васеъ истифода мебаранд.
Ҳамин тавр, тавассути узвҳои нашвӣ афзун шудани рустаниҳоро афзоиши нашвӣ меноманд. Бисёр рустаниҳои худрӯй бо афзоиши тухмӣ, инчунин бо роҳи нашвӣ афзоиш меёбанд.
Бисёр усулҳои гуногуни афзоиши нашвии рустаниҳои кишта маълуманд. Муҳимтарини онҳо афзудани рустанӣ бо қаламча, фарғуч, бо роҳи пайванд кардани муғҷаву қаламча, шинондани лӯнда, пиёзак ва тақсими решапоя мебошад.
Дар рустанипарварӣ бештар усули бо қаламча зиёд кардани рустанӣ (76) маъмул аст. Қаламча ҷузъи ягон узви нашвӣ мебошад. Сафедор, бед ва дигар рустаниҳо дар муҳити сернам ё обӣ аз навдаҳои рӯйизаминиашон решаҳои иловагӣ пайдо карда, афзун шуда метавонанд. Чунин рустаниҳои хонагӣ, аз қабили традескансия, гули бегония, садбарг, ёронгул ва ҳиногул аз қаламчаи поя (навда) (76) зиёд мешаванд.
Анҷир, ар-ар, сафедор, бед, қот ва баъзе буттаву дарахтони дигарро бо қаламчаи поя (навда) зиёд мекунанд. Бо ин мақсад аввали баҳор пеш аз кушода шудани муғҷаҳо қаламчаҳои яксолаи чӯбшударо, ки 25-30 см дарозӣ доранд, ба хоки нарму серғизо (76) мешинонанд. Дар қаламчаҳо то тирамоҳ решаҳои иловагӣ инкишоф меёбанд. Он гоҳ қаламчаҳоро дар вақти барои шинондан муносиб ба ҷойи доимӣ мекӯчонанд.

Усули бо фарғуч зиёд кардани рустаниҳо гуногун аст. Усули аз ҳама осон (қулай) дар фасли баҳор навдаи наврасро ба замин хам мекунанд, то ки қисми мобайнии навда ба замин (77) расад. Сипас, дар қисми поёнии навда, поёнтар аз муғҷа пӯстлохро бурида, ҷойи буридаи навдаро ба замин ҷафс карда, ба болояш хок мепӯшонанд. Нӯги навдаро ба боло рост карда ба чӯби такягоҳ мебанданд. Дар ҷойи буридаи пӯстлох тирамоҳ решаҳои иловагӣ месабзанд. Он гоҳ навдаро аз бутта ё дарахти наврас ҷудо карда ба ҷойи доимӣ мешинонанд. Қот, бектошӣ, анҷир, анор ва баъзе рустаниҳои дигарро бо усули фарғуч (77) зиёд мекунанд.
Баъзе рустаниҳо, масалан, шаҳтути заминӣ метавонад тавассути пояи хазандааш (танобак), ки тобистон дар рустании модарӣ инкишоф меёбад, афзоиш кунад. Аз банди ин гуна танобакҳои ба замин паҳнгардида решаҳои иловагӣ ва навдаҳои рост (78) месабзанд.
Чунин алафҳои бегона ғумой, аҷириқ, бӯймодарон ва ғайраҳо ба туфайли решапояашон афзоиш мекунанд. Решапояи мустаҳками ин рустаниҳо ба мағзи хок даромада, бо суръат афзоиш карда, дар киштзор васеъ паҳн мешаванд. Ҳатто баъди якчанд рӯзи хишова аз ҷузъҳои решапояи дар дохили хокмондаи ғумой аз сари нав навдаҳои нав сабзида мебарояд. Барои тамоман нест кардани ғумой тамоми решапояҳои онро аз замин канда партофтан лозим аст.
Картошка, ноки заминиро ба туфайли лӯндаҳояшон афзоиш медиҳанд. Дар ҳолати кам будани лӯндаҳои тухмӣ, картошкаро ба туфайли чашмакмуғҷа ва нешҳояш афзоиш (79) додан мумкин аст. Бо пиёзак бошад, сирпиёз, лола, наргис, занбақ ва ғайраҳоро афзоиш медиҳанд. Якто пиёзаки онҳо метавонад якчанд муғҷапиёзак («пиёзакнасл») ҳосил кунад.
Дар шароити табиӣ афзоиши рустаниҳо бо роҳи пайванд ниҳоят кам вомехӯрад. Лекин дар боғдорӣ усули пайвандкуниро аз замонҳои қадим то инҷониб истифода мебаранд.

Чунин дарахтони меваро, аз қабили себ, мурӯд, нок, олу, гелос, олуболу, зардолу, тут ва ғайраҳоро бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Барои ин муғҷачашмак ё қаламчаи дарахти пайвандшавандаро ба танаи ниҳоли хасак (такпайванд) мепайванданд. Ниҳоли хасак ё такпайвандро ба таври махсус интихоб мекунанд. Вай бояд решаҳои нағз инкишофёфта дошта, нисбат ба сармо ва хушкӣ тобовар ва ба хоки серғизо камэҳтиёҷ бошад. Ниҳоли хасак аз донак (тухм)-и дарахтони мева сабзонида мешавад. Муғҷачашмак ё қаламчаи рустании киштаро, ки барои пайванд кардан гирифтаанд пайванддӯст (пайвандшаванда) меноманд. Ниҳоли хасакеро, ки ба он пайванд мекунанд, такпайванд мегӯянд.
Қаламчапайванд ва муғҷапайвандро дар мавсими ширадав, вақте ки муғҷаҳои пайванддӯст ҳоло ба сабзиш шурӯъ накардаанд, мегузаронанд. Барои қаламчапайванд қаламчаҳои пайванддӯстро ба танаи такпайванд бо усулҳои маъмул (81) мепайванданд. Барои бомуваффақият анҷом ёфтани пайванд бояд камбияи пайванддӯст ба камбияи такпайванд нафисона ҷафс баста шавад.
Барои муғҷапайванд навдаи яксолаи дарахти меваро истифода (80) мебаранд. Аввало паҳнаки баргҳои онро канда, фақат думчаашро боқӣ мемонанд. Пӯстлохи бехи танаи ниҳоли хасак (такпайванд)-ро бо каҷкорди тез ба шакли ҳарфи Т чок мекунанд. Баъд пӯстлохи буридашударо эҳтиёткорона аз тана ковок (ҷудо) карда, аз навдаи навъи пайванддӯст муғҷаи хеле хуб инкишофёфтаро бо ҳамроҳии буридаи тунуку нафиси чӯбаш (дарозиаш 2-2,5 см) гирифта, ба зери чоки пӯстлохи такпайванд дохил мекунанд. Бо лиф ҷойи пайвандро маҳкам мепечонанд, тавре ки муғҷа аз лиф берун монад.
Агар пайванд аз рӯйи қоида гузаронида шуда бошад, баъди 2-3 ҳафта пайвандак бо пайванддӯст пайваст мешавад. Баҳори соли оянда аз муғҷаи пайвандӣ навда месабзад. Чун қоида, танаи (пояи) ниҳоли хасакро болотар аз ҷойи пайванд буридан лозим аст. Баъди 2-3 сол ниҳоли пайвандшуда ба навниҳоли навъи интихобшудаи меваи боғӣ табдил меёбад. Онро ба ҷойи дилхоҳ кӯчат кардан мумкин аст.
- Кадом усулҳои афзоиши навдаҳои рӯйизаминиро медонед?
- Каламча чист?
- Бо усули фарғуч кадом рустаниҳоро афзоиш додан мумкин аст?
- Кадом рустаниҳо тавассути решапоя, лӯнда ва пиёзак зиёд карда мешаванд?
- Пайванд чист?
- Ниҳоли хасак бояд чӣ гуна хусусиятҳо дошта бошад?
- Каламчапайванд аз мугчапайванд чӣ фарқ дорад?
- Афзоиши нашвӣ дар табиат ва ҳаёти инсон чӣ аҳамият дорад?

















