Омилҳои истеҳсолот, шакл ва хусусиятҳои онҳо

Чӣ тавре аз саволҳои пешин маълум гашт, барои тавлиди неъматҳои иқтисодӣ пеш аз ҳама ҳалли масъалаи чӣ бояд истеҳсол кард? чӣ ва чӣ қадар истеҳсол кард? ба миён меояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад,  ки дар доираи истеҳсолот бояд омилҳои муайяне мавҷуд бошанд, то ки ин масъалаҳои умдаи иқтисод ҳалли худро ёбанд.

Омилҳои истеҳсолот ҳамчун ҷараёни ташкил ва такмил ёфтаи муносибатҳои байни инсон ва табиат оиди истифодаи захираҳои  маҳдуди иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани талаботи инсон сурат мегирад. Таҳти омилҳо маҷмӯи алоқа ва амалиётҳо оиди тарзу услуби ташкили “технологияи истеҳсолот” – пайваст кардани унсурҳои меҳнат (худи меҳнат), воситаи меҳнат, предмети меҳнат, истифодаи захираҳои табиат, хусусиятҳои механикӣ, ҷисмонӣ ва химиявии онҳо дар ҷараёни истеҳсолот, истифодаи қобилияти ҷисмонӣ ва зеҳнии инсон дар ин ҷараён фаҳмида мешавад.

истехсолот, мехнат

Омилҳои истеҳсолот мувофиқи сират ва хусусиятҳои низомҳои иқтисодӣ, дараҷаи такомули рушду нерӯи иқтисодӣ, ашколи моликият, нақшу мақом, унсур ва мақсади истеҳсолот ташкил мегарданд. Кулли муносибатҳо оиди ба ҳам пайвасту ташкил ёфтани тавлиду мубодила, ба даст овардани фоидаи муайян, мазмуни иқтисодии омилҳоро ифода мекунад. Дар ин ҷараён инсон пешравию бурдбориҳои ниёгони худро оиди сирру асрори истеҳсолот, тавлиди неъматҳо, хусусиятҳои маҳсулот, за-хираҳои маҳдуди ҷомеа, технологияи пешқадам, ташкили Ра-вандҳои бозорёбӣ (маркетинг), мудирият (менеҷмент), соҳиб-корию корчаллонӣ (бизнес), таҷдид (иноватсия), сармоягузорӣ (инвеститсия) ва ғайра дарк намуда, навъҳои нави восита ва предметҳои меҳнатро ба вуҷуд оварда, худ баробари он тағйир меёбад.

Мавзӯҳои иқтисодиётро инҷо аз назар гузаронед >>НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

https://donishju.net/iktisodiyot-chist/

Ин дар навбати худ ба такмили рушду ташкили истеҳсолот, амиқ гаштани раванди тахсис (махсусгардо-нӣ), тамарказ (консентратсия) ва марказияти истеҳсолот таъсир расонда, дар эҳёву бунёд гаштани сохтори ягонаи иқтисоди миллӣ ва чуқур гаштани раванди истеҳсолоти ҷомеавӣ саҳми арзанда мегузорад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дар ин ҷода қувваи барқ (энергия), маълумот (ахбор), зербино(инфраструктура)-и истеҳсолӣ (нақлиёт, алоқа, хизмати энергетикию маълумотӣ) ва зербинои иҷти-моӣ (маориф, хӯроки умумӣ, тиб, сохтмони манзил…) нақш ва мақоми хоса низ пайдо мекунад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар адабиёти кунунии иқтисодӣ риштаи баҳсу мунозира оиди омилҳои истеҳсолоти ҷомеавӣ дунбол мегирад.

Тӯли зиёда аз 70 сол дар иқтисоди сиёсии марксистӣ  мавҷуд будани ду омили асосии истеҳсолот тарғибу ташвиқ карда мешуд.  Ин ҳам бошад:

а) омилҳои моддӣ (воситаҳои истеҳсолот);

б) омилҳои шахсӣ (қувваи коргарӣ).

Таҳлил ва муҳокимаи онҳо аз нигоҳи сохтори синфии ҷомеа, тарзи мутақобили азхуд кардан, характери синфии ба вуҷуд омадан ва оштинопазирии низомҳои мухталифи иқтисодӣ сурат мегирифт (4,5).

Назарияи марҷиналистӣ рамзан чаҳор намуди омилҳо –  замин, меҳнат, капитал, фаъолияти соҳибкориро, ки то кунун аксарият пазируфтаанд, тавсиф мекунад (ниг. нақшаи 4).

Мазмунан, тақсимбандии омилҳо бо чунин хислатҳо фарқ мекунанд:

1) назарияи марксистии омилҳо аз мазмун ва мундариҷаи иҷтимоии истеҳсолот дарак медиҳад. Маҳз дар доираи истеҳсолот тафриқашавии синфҳо (капиталист, коргар) ба вуҷуд омада, муборизаи синфӣ барои барқарор кардани “адолати иҷтимоӣ” идома меёбад. Марҷинализм омилҳоро аз нуктаи назари унсурҳои умумии техникию иқтисодӣ, ки бидуни онҳо худи раванди истеҳсолот номумкин аст мефаҳмад;

2) марҷинализм таҳти капитал (сармоя) восита ва предметҳои меҳнатро дар назар дошта, шароити табииро ҳамчун фонди махсус аз он ҷудо мекунад. Марксизм бошад, онҳоро таҳти омилҳои моддӣ муттаҳид менамояд;

3) марҷинализм соҳибкориро ҳамчун фаъолият мешиносад, вале марксизм соҳибкорию бизнесро инкор менамояд. Умуман, фарқият дар мавҷуд будани зиддият, муборизаи синфӣ, тақсими нобаробарии натиҷаи истеҳсолот… ифода меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки дар шароити ҳамаҷониба ҳукмрон будани соҳибкории хусусӣ, омилҳои мазкур ҳамчун моликияти хонавода (хоҷагидорӣ) дар бозори омилҳо, ба сифати молҳои махсус, ки бизнес (тавлидгарон) барои истеҳсоли маҳсулоту хадамот мувофиқи нархҳо ва тақозои бозорӣ ташкил мекунад, сурат мегирад. (Масоили бозори омилҳо дар мавзӯъҳои оянда мавриди муҳокима қарор мегирад).

а). Меҳнат – омили истеҳсолот

Дар илми иқтисод меҳнат ҳамчун раванд(мафҳум)-и иқтисодӣ ва меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот аз ҳам фарқ карда мешавад. Таҳти раванд(протсес)-и меҳнат фаъолияти ба мақсад мувофиқи одамон, ки ба табиат таъсир расонда, хосиятҳои мавҷудаи онро барои қонеъ гардонидани ниёз ва эҳтиёҷи худ истифода мекунанд, фаҳмида мешавад.

Дар ин ҷода фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун маҷмӯи сарфи меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ дар назар дошта мешавад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ таҳти меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот иштироки бевоситаи одамон дар раванди истеҳсолот ё худ идораи ягон кор, ки ҳангоми он меҳнати ҷисмонӣ ва маънавӣ (руҳӣ) сарф мегардад фаҳмида мешавад. Ин бештар ба ташкили раванди хоҷагидорӣ мувофиқ мебошад.

Гарчанде худи меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот дониста шавад ҳам, бо назардошти сирати захиравии омилҳо, аксар вақт на сарфи меҳнати ҷисмонию фикрӣ худ ба худ, балки миқдори одамони бо кор шуғл дошта, захираҳои меҳнатӣ ё худ одамони қобилияти меҳнатӣ дошта ба назар гирифта мешавад. Ин тари-қи ҳисобу китоб дар ҳолатҳои тамсилабандии макроиқтисодӣ бештар истифода карда мешавад. Баробари ин ба самаранокӣ ва шиддатнокии меҳнати онҳо низ аҳамияти калон дода мешавад. Алоқамандии меҳнат ва сармоя ҳамчун омилҳои истеҳсолот бештар дар доираи вақти корӣ (рӯзи корӣ)  назаррас мебошад.

Таҳти вақти корӣ қисми шабу рӯзе дар назар дошта мешавад, ки одамон дар доираи истеҳсолот ба тавлиди неъмат ва хизматҳо банд бошанд. Андоза ва давомнокии вақти корӣ таҳти таъсири омилҳои гуногун (тақозою арза, ҳосилнокию шиддатнокии меҳнат, таваррум (инфлятсия), қонуну қонунгузориҳои давлат, нерӯи иқтисодӣ, ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ…) метавонад ҳархела сурат гирад. Ба давомнокии вақти корӣ оми-лҳои зерин, ба монанди ташдид (шиддатнокӣ) ва ҳосилнокии меҳнат, таҳрик(ҳаракат)-и даврагии силсилави(сикли)-и иқтисо-дӣ, дараҷаи бекорӣ ва давомнокии шартномаю қарордод (контракт)-ҳои байни иттифоқи касаба ва соҳибкорон  низ таъсир мерасонад (19, 210-212; 64, 355-357).

     Дар амалиёти хоҷагидории соҳибкорӣ андозаи меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот бо воситаи формулаи зерин муайян карда мешавад:

                                                     норма-соат

Андозаи омили меҳнат =——————–

                                                              сол

Нархи омили меҳнат дар бозори кор ҳамчун таносуби доллар ба норма муайян карда мешавад, ки асосан ба ставкаи яксоата баробар аст:

             соат-доллар

Hом=    норма-соат

Бо ибораи дигар, нархи меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот ба:

               доллар

Hом=  ——————

            инсон-сол

баробар аст,  ки он ба андозаи оклади солона мувофиқ мебошад. Ин тарзи ҳисобу китоб бештар барои коргарону муҳандисони техникӣ истифода карда мешавад (15, 21-22).

 

б). Сармоя  ҳамчун омили истеҳсолот

Бояд иқрор шуд, ки дар адабиёти иқтисодӣ оиди фаҳмиш ва муайян кардани моҳияту мазмун, таркиб, шаклу намуд, сарчашмаи эҳёву бунёд гаштан ва истифодаи сармоя ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад. Масалан, К.Маркс таҳти сармоя (капитал) маблағҳои  муайяни пулӣ, молҳои тайёр, ки ҳамчун натиҷаи истисмор ва азхудкунии капиталистӣ сурат мегирад мефаҳмад. Тибқи ақоиди ӯ сармоя чиз набуда, ҳамчун муносибатҳои истеҳсолии муқаррарии ҷомеавӣ баромад мекунад.

П. Самуэльсон сармояро ҳамчун омили миёнаравии истеҳсолот медонад. Баъзеҳо онро ҳамчун кулли захираҳои неъ-матҳои моддӣ, яъне чизҳои моддию ғайримоддӣ, донишу маҳорати инсон тасаввур мекунанд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ сармоя на аз нигоҳи  назариявӣ, балки бештар аз нуқтаи назари омили тавлидот таҳлилу тавсиф  карда мешавад.

Аз ҳамин ҷиҳат сармоя ва воситаҳои истеҳсолот дар як маъно фаҳмида мешаванд.

Таҳти сармоя дар бозори омилҳо – бино, таҷҳизот,  мошинаҳои корӣ, дастгоҳҳо, захираҳо, чизҳои қимматдор, ки асосан ба ҳавзаи бизнес маҳфузанд дар назар дошта мешавад.

Ин тарзи маънидодкунии сармоя аз ҷониби классикони иқтисоди сиёсӣ А. Смит ва Д. Рикардо пешкаш карда шудааст. Масалан, А. Смит таҳти сармоя меҳнати андӯхташуда (дар мол пешакӣ шахшудамонда)-и коргарро мефаҳмад. Тибқи ақидаи Д. Рикардо, сармоя – воситаи истеҳсолот аст.

Мувофиқи ақидаи Ч. Робинсон сармояе, ки ҳанӯз дар шакли сармоягузории молиявӣ қарор дорад он ҳоло пул аст на сармоя.

Дигарон гуфтание доранд, ки захираҳои пулие, ки ба мақсади истеҳсоли молу неъмат ва бурда расонидани он ба истеъмолкунанда масраф карда мешавад – сармояанд (6, 212).

Аз маънидодкуниҳои боло хулоса бармеояд, ки сармоя бояд:

а) мазмуни зоҳирӣ (чизӣ); б) мақсад ва мақоми истифода; в) натиҷаи ниҳоӣ дошта бошад. Аз ин лиҳоз, сармояро чунин таъриф додан мумкин аст: сармоя маҷмӯи чиз (ресурс)-ҳо ва пулҳое мебошад, ки ба мақсади эҳё ва ташкил кардани тавлиди молу хизмат ва гирифтани фоида нигаронида мешавад.

Сармоя асосан дар доираи хоҷагиҳои хонавода (бунавӣ), оилавӣ, хусусӣ, давлатӣ, ашколи моликият ва ғайра ташкил карда мешавад. Сармояро тибқи аломатҳои зерин чунин тақсимбандӣ менамоянд (ниг. нақшаи 5).

Сармоя ҳамчун омили истеҳсолот дар ду шакл – сармояи  асосӣ  ва  гардон  сурат  мегирад.

Сармояи  асосӣ сармояе мебошад, ки дар раванди истеҳсолот ва сиклҳои такрории он иштирок карда, қиммати худро ҳисса ба ҳисса ба маҳсу-лотҳо ва хизматҳо мегузаронад (бино, дастгоҳ, таҷҳизот…). Онҳо дар натиҷаи истеъмол фарсуда шуда, аз ҳисоби фонди истеҳлок (амортизатсия), фонди андӯхт ё худ пасандози фирма, қарзҳои берунӣ ва ғайра подош карда мешаванд. Қисми асосии маблағгузории фирма  барои таҷдид (навкуни)-и техника  ва технология истифода карда мешавад. Маҳз таркиб ва қудрату иқтидори фондҳои асосӣ (сармоя), динамика ва нерӯ(потенсиал)-и  иқтисоди миллиро муайян мекунад.

Сармояи гардон – сармояе мебошад, ки дар давоми як силсилаи истеҳсолот пурра арзиш(қиммат)-и худро ба маҳсулоти тайёр мегузаронад. Ба он ашъё, материалҳо, захираҳои барқӣ, сӯзишворӣ ва ғайра дохил карда мешаванд (ниг. боби 9-ум).

в). Замин ҳамчун омили истеҳсолот

Замин, новобаста ба сират ва хусусиятҳои мушаххаси низомҳои иқтисодӣ, моликият ва шаклу намуди соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамчун шакли умдатарини тавлидоти моддӣ, предмет ё худ воситаи меҳнат (воситаи истеҳсолот) хизмат мекунад.

Хусусияти истифодаи замин тибқи ашколи моликият муайян  карда мешавад. Дар ин асос шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидори(деҳқонӣ, инфиродӣ, фермерӣ, иҷоравӣ,  иттиҳодия-ҳои аграрӣ…)-ро фарқ мекунанд.

Муносибатҳои ҳуқуқии истифодаи замин ҳамчун объекти хоҷагидорӣ аз ҷониби давлат муайян ва танзим карда мешавад. Масалан, дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ислоҳоти замин – муҳайё намудани шароит барои тараққиёти баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин, ташаккули иқтисоди-ёти бисёрҷабҳа, сарфаи истифодаи замин, ҳифзи он, маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилию техникӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.

Истифодаи замин ба мақсадҳои гуногун (сохтмони манзил, корхонаю муассиса, роҳ,  кишту кор…) истифода мегардад. Он ҳам бошад, тибқи шакли ҳукмронии моликият сурат мегирад. Масалан, дар шароити низоми иқтисоди амрӣ замин моликияти давлатӣ буда, барои истифода ба колхозу совхозҳо ва аҳолӣ муваққатан ба иҷора  дода мешавад.

Истифодаи замин дар шароити иқтисоди бозорӣ дар асоси моликияти хусусӣ сурат мегирад. Тибқи қонунҳои қабулшудаи давлат тарзу услуб ва услуб(принсип)-ҳои истифодаи замин барои  истеҳсоли неъматҳо ва қонеъ гардонидани талаботи  аҳолӣ  муайян  карда мешавад.

Дар мазмуни фаррох, замин ҳамчун омили истеҳсолот – истифодаи участкаҳои корам, корношоям, маъданҳои зеризаминӣ,  неъматҳои рӯи замин (об, ҷангал,  растанӣ) ва ғайраро дарбар мегирад. Ҳаҷм ва доираи онҳо маҳдуд аст. Инсон тибқи дархости худ ҳаҷми заминро васеъ гардонида наметавонад ва дар ин мазмун маҷбур аст, ки тарзҳои қулайтарин ва пурсамари хоҷагидориро истифода кунад.

Бояд тазаккур дод, ки истифодаи замин ҳамчун омили истеҳсолот, асосан, истифодаи онро дар хоҷагии қишлоқ ба ҳайси тавлиди неъматҳо дар назар дорад. Дар ин ҷо масъалаи маҳдуд будани замин, ҳосилхезии табиии он, таркиб(генезис)-и хок, қобили истифода будан ё набудан, дур ё наздик будани он нисбат ба бозор ва ғайра аҳамияти якуминдараҷа дорад. Ин омилҳо ба нархи замин ва дараҷаи даромаднокии он таъсир мерасонанд. Муносибатҳои истифодаи замин, ташкили хоҷагидорӣ, тақсим ва истифодаи даромад (рента), нархи замин, нақши ислоҳотҳои аграрӣ ва ғайра, ки унсурҳои асосии омилҳои иқтисодӣ мебошанд дар бобҳои (14,15) алоҳида мавриди  таҳлил қарор дода мешаванд.

г). Соҳибкорӣ ҳамчун омили истеҳсолот

Соҳибкорӣ ҳамчун фаъолияти махсуси инсон оиди фароҳам овардани шароит барои ба ҳам пайваст кардани меҳнату сармоя ва дар асоси таваккалӣ ташкил кардани бизнес тасаввур  карда  мешавад. Таҳти соҳибкорӣ феълан фаъолияти зеҳнии як ё якчанд одамоне, ки маҳорат, қобилият, маблағҳои пулӣ ва ҳамагуна захираҳои мавҷудаи худро дар асоси тақозо ва арзаи илми муосири маркетинг ва  менеҷмент фаъолияти истеҳсолии худро ташкил ва пеш мебарад, фаҳмида мешавад.

Фаъолияти соҳибкорӣ таҳти услубҳои: ташаббус, таваккалӣ, тадбиркории озод, яъне интихоби озоди захираҳои иқтисодӣ, истеҳсоли молҳои дилхоҳ, фурӯхтан, хизматрасонӣ, ташкил кардани даромад, озодона ва ба таври дилхоҳ тақсим кардани онҳо ташкил карда мешавад.

Дар илми иқтисод аксар вақт соҳибкориро ҳамчун шакли махсуси хоҷагидорӣ, ки хислати хоси иқтисоди бозорӣ мебошад тасаввур мекунанд.

Соҳибкорӣ, асосан дар соҳаи истеҳсолот, тиҷорат ва молия бештар истифода карда мешавад. Аз ин ҷиҳат шаклҳои гуногуни онро фарқ мекунанд: соҳибкории истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, бунёд кардани корхонаҳои хурд, корхонаҳои саҳҳомӣ, иҷоравӣ, кооперативӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва ғайра.

Новобаста ба шаклу намуд, нақшу мақом, сатҳ ва мавзеи ҷойгиршавӣ соҳибкорӣ барои иҷрои чунин вазифаҳо омода карда мешавад:

* бо таври инқилобӣ гузаронидани ислоҳотҳо, такмил ва ривоҷу равнақ додани раванди истеҳсолот;

* истифода кардани кашфиётҳои илму техника, ихтироотҳову навовариҳо ва дар ин асос ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави молҳо ва хизматрасонӣ;

* ҷустуҷӯи роҳҳои нав ба нави фаъолияти хоҷагидорӣ, гирифтани фоида, таъмин кардани корхона бо захираҳои зарурии иқтисодӣ, алоқаи байни коллектив, коллективу харидор ва фурӯшанда, озодии соҳибкорӣ ва маблағгузорӣ.

     Дар адабиётҳои муосири Ғарб ба ҳайси омилҳои иловагии истеҳсолот баъзан иттилоот, дараҷаи илмию техникии истеҳсолот, материалҳо ва ғайра низ номбар карда мешаванд.

Бояд дар назар дошт, ки ҳар як омил на дар алоҳидагӣ, балки дар якҷоягӣ, дар алоқамандии мутақобила, дар  ҳамдигаривазкунӣ, офаридани хусусиятҳои ҳархелаи арзишҳои истеъмолӣ аз ҳисоби ин  ё он омил ва ғайра тасаввур карда мешавад. Ба ин мақсад, функсияи истеҳсолии тамсилаҳои омилҳо истифода карда мешаванд:

               Q = Q(L,K,M,T …)

дар ин ҷо: Q – ҳадди аксар(максимали)-и тавлиди маҳсулот;

L, K, M, T – омилҳои истеҳсолот: меҳнат, сармоя, капитал, материал, дараҷаи техникии истеҳсолот ва ғайра.

Дар мавридҳои ҷудогона функсияи истеҳсолии Кобба -Дуглас ҳамчун тамсилаи густариш ёфтани замони ҳозира истифода карда  мешавад, ки он чунин намуд дорад:

Q=ALаКв

Дар ин ҷо:

Q – ҳаҷми махсулоти истеҳсолкардашуда дар давоми сол;

А – зариб (коэффисиент)-и доимӣ;

L – омили меҳнат, андозаи захираҳои меҳнатӣ;

К – андозаи сармоя ё худ сармоягузории истифодашуда;

а, в – нишондиҳандаҳои дараҷаи қаноатбахшӣ, а+в=1

 (7, 157-158).

Инчунин хонед:

Иктисодиёт чист? Масъалаҳои асосии иқтисодиёт


Омилхои истехсолот, шакл ва хусусиятхои онхо, Мехнат – омили истехсолот, Замин хамчун омили истехсолот, Сохибкори хамчун омили истехсолот, сармоя, сармояи асоси, сармояи гардон, Сармоя  хамчун омили истехсолот