Такозо ва арза дар бозори сармоя, ташаккули нарх

Тақозо ва арза дар бозори сармоя, хусусияти ташаккули нарх дар бозори сармоя. Такозо ва арза


Бо мақсади аниқ кардани мазмуну мароми тақозою арза пешниҳодкунандагони амалии онҳоро муайян менамоем. Бозори неъматҳои сармоявӣ ва бозори хизмати сармояро аз хамдигар чудо мекунанд. Дар бозори сармоя тақозо ба сармоя аз тарафи фирма ва соҳибкорон ва арза бошад аз тарафи ахолӣ сурат мегирад.

Дар бозори хизматҳои сармоявӣ, ки одатан қобилияти маҳсулдеҳии сармояро мадди назар дорад тақозокунандагону арзакунандагон фирмаҳо ва ё соҳибкорон мебошанд.

Дар бозори сармоя (неъматхои сармоявӣ) намояндаи такозо сохибкорон буда арзаи он аз тарафи хочагиҳои хонагӣ анҷом дода мешавад. Лекин ин арза маънои онро надорад, ки хоҷагиҳои хонагӣ соҳибкоронро бо мошинаю таҷҳизот ва дигар неъматхои сармоявӣ дар шакли натуравиашон таъмин менамоянд. Онҳо воситаҳои қарзиро (пасандоҳои худро) барои маблаггузорӣ дар ихтиёри соҳибкорон мегузоранд ва соҳибкрон дар навбати худ ин маблағҳоро барои харидани неъматҳои сармоявӣ сарф мекунанд.

Дар бозори хизмати сармоя арзаю тақозо аз тарафи соҳибкорон пешниҳод мешавад. Ба сармояи воқеи барои он тақозо ҳаст, ки вай тавлидкунанда мебошад. Вақте дар бораи тақозо ба сармоя ҳамчун омили истеҳсолот сухан меравад набояд аз тақозо ба сармояи қарзи сарфи назар шавад, зеро сармояи қарзи барои хариди омилҳои истеҳсолот зарур аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бинобар ин тақозо ба сармоя ин тақозо ба воситаҳои қарзи мебошад. Дар ин ҷо бояд тақозо бо пули муқарррариро аз тақозо ба сармояи қарзи фарқ намоем. Мақсади тақозои сохибкрон ба сармояи карзи сармоягузорӣ аст, ки боиси афзоиши омилҳои истеҳсолот мегардад.

Бояд дар ёд дошта бошем, ки тақозо ба сармоя ҳосилаест аз такозо ба молхое, ки ба истифода аз ин сармоя истехсол ва фурухта мешаванд.

Такозо ба хизмати сармояро хамчун каҷхатаи майли манфидошта дар график мушоҳида намоем.

Аз гарфик намоён мешавад, ки бо мурури ба раванди истехсоли ҷалб шудани шумораи афзоянда сармоя , махсулоти интихоии сармоя дар ифодаи пули (МRPk) кам мешавад, ё ки даромаднокии интихоии сармоя паст мешавад. Ин ҳолатро мо алаккай дар тахлили такозо ба мехнат мушодида кардем, ки он натичаи амали конуни коишёбии даромадноки мебошад.

Тақозои фирмаро ба сармоя чӣ муайян мекунад. Барои пайдо кардани ҷавоб бояд махсулоти интихои сармоя дар ифодаи пулӣ (МRPk) бон архи сармоя дар бозор мукоиса карда шавд. Ҳаҷми оптималии хариди сармоя ҳамонест, ки агар махсулоти интиҳоӣ бон архи сармоя баробар шавад. Ин ҳолатро дар графики 1 нуктаи буриши Ro Ko дар каҷхатаи Дк нишон медихад.

Арзаи сармояи воқеи (мошину дастгоҳ, таҷхизот в ғайра) аз тарафи фирмаҳо байни якдигар ба амал меоянд ва каҷхатаи он дар график майли мусбӣ дорад, зеро соҳибони сармоя аз истифодаи алтернативии он даст кашидаанд.

Аз нақша бар меояд, ки ҳангоми зиёд шудани нархи воситахои истехсолот арза ба воситаҳои истехсолот низ зиёд мешавад.

ҚаблӣСармоя хамчун омили истехсолот
БаъдӣБозори сармояи карзи ва фоизи карз