Меъёри номиналӣ ва ҳақиқии фоизи қарз дар бозори сармоя

Меъёри номинали ва хакикии фоизи карз дар бозори сармоя. Меъёри номиналӣ ва ҳақиқии фоизи қарз дар бозори сармоя


Фоизи карз ҳамон маблағи пулиест, ки қарзхоҳон дар ивази сармояи гирифтаашон ба сохибони сармоя ҳамчун фоида пешниҳод мекунанд. Бояд мадди назар дошт, Ки мавриди 1000 будани сармояи карзӣ, агар вай ба муҳлати як солдар ивази 100 даромад пешниҳод шуда бошад, онгоҳ меъёри фоизи қарз бояд баробар бошад: 1000/100=10%.

Аз руи одати қабулшуда меъёри фоизи қарзро ба воситаи фоиз нишон медиҳанд, ҳарчанд барои ченкунии он нишондиҳандаҳои арзишӣ аниқтараш воситаҳои пулиро истифода менамоянд.

Дар ҳаёти воқеъи низ чунин равишро ҳам дучор омада метавонем, ки одатан дар аксари ҳолатҳо қурби паст мешаванд – бекурбшавӣ ба амал меояд ва ё курби пулхо баланд мешавад, Ки онро дар иқтисодиёт дефилятсия меноманд. Ҳардуи ин равишҳо сабабгори ҳамон мешавад, Ки сатҳи ҳақиқии фоиз тағйир меёбад.

Агар сатҳи меъёри фоизи қарз аз руи нишондиҳандаҳои арзишӣ ҳисоб ва муайян карда шавад, нишондиҳандаи бо ин усул ҳисобшударо меъёри номии фоиз номидаанд. Меъёри номӣ на ҳама вақт вазъи хақиқии даромаднокии сармояи қарзиро нишон дода метавонанд. Чунки зери таъсири бекурбшавии пулҳо нархҳо афзуда метавонанд. Дар ин ҳолат сармояи дар авали сол ба қарз додашуда, дар охири сол қувваю иқтидори харидории худро гумм мекунад. Масалан 1000 воҳид маблағро дар авали сол бо шарти 10% солона ба қарз доданд. Беқурбшавӣ дар давоми сол 8%- ро ташкил карда бошад, онгоҳ 1000 воҳид пули дар охири сол ба дасти қарздеҳон баргашта кувваи харидориашро 8% гумм мекунад. Чунки дар охири сол қувваи харидории маблағҳо назар ба авали сол 8 фоиз кам шудаанд. Яъне бурди қарздеҳ ҳамагӣ 2%-ро ташкил медиҳаду халос (10-8=2) 2%.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавриди афзун шудани қурби харидории пулҳо бошад, қурби харидории маблағи қарздеҳон зиёдтар меафзояд, чунки дар ин гунна ҳолат фоизи афзоиши курби пул ба меъёри фоизи қарз зам карда мешавад.

Яъне агар меъёри ҳақиқии фоизро аниқ кардани шавем, онгоҳ сатҳи афзоиши қурби пул ва ё беқурбшавии онро ба назар гирифтан зарур аст. Барои меъёри ҳақиқии фоизи қарзро ҳосил кардан. Мҳф=Мнф-Мб ё ин Ки Мхф = Мнф+Фап мебошад.

Формулаи якумро самараи Ирвинг Фишер номидаанд. Ирвинг Фишер (1867-1947) иқтисодшиноси амрикоӣ мебошад, Ки дар асарҳояш «Меъёри фоиз» ва «Назарияи фоиз» масоили зайлро ҳамаҷониба таснифу маънидод карда, вобастагии баёншударо муайян ва пешниҳод кардааст. Аз нишондодҳо бар меояд, Ки мавриди маблағгузориҳо ба таври ҳатми сатҳибеқурбшавӣ ба назар гирифта мешаванд. Дар акси ҳол фирмаҳо аз маблағгузориҳо бой медиҳанд, сармоядорон низ ба ҳамин ҳолат гирифтор мегарданд. Намунаи ин ҳолатро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таи солҳои 1994-2000 дучор омада метавонем. Дар ин мудат зери таъсири беқурбшавии бошитоби пулҳо, маблағгузориҳои асосӣ ва сохтмон дар ҳиссаи зиёд қатъ карда шудаанд. Бисёр сохтмонҳо ба анҷом нарасида таи 8-10 соли охир нотамом мондаанд. Давлат бошад маҷбур буд онҳоро бо нархҳои ниҳоят арзон фурӯшад. Бо ҳамин гунна шартҳо ҳамба сохтмонҳои нотамоми сершумор харидоронро ёфта наметавонистанд.

Одатан бо сабаби бекурбшавӣ мавриди вазъи муътадил доштани иқтисодиёт меъёри фоизи карзи дарозмӯҳлат назар ба кутоҳмуҳлат зиёдтар таъин карда мешавад. Аммо таи ҳамон солҳо дар Тоҷикистон қарзҳои дарозмӯҳлат дар ивази 30 – 60%-и солона дода мешуд. Дар байни хонаводаҳо бошад, қарзхои кутоҳмуҳлати ҳафтаина, моҳона хеле васеъ паҳн шуда буданд. Меъёри фоиз дар ин ҳолат аз 6-8 то 12-15% моҳона мерасид. Одатан, фоизи қарзро солона ҳисоб мекарданд, аммо беқурбшавии шиддатнок боиси ҳамон гардида буд, ки меъёр барои ҳафтаву моҳ муайян ва таъин карда мешуд. Худи ҳамин ҳолат ҳам шаҳодати ноустувории қурби пулҳо, набудани эътимоди мардумон ва монанди инҳо буданд. Дар ин ҳолат мувофиқи мушоҳидаҳои мо зиёда аз 80-85 фоизи қарз ҳамчун қарзҳои мӯҳлаташон кутоҳ пешниҳод мешуданд.

Дар боло нишон дода шуд, ки меъёри фоизи қарз бо ҳамон сабаб пасту баланд шуда меистад, ки баланд ва ё паст шудани қурби пулҳо ҷой доранд. Бояд дар назар дошт, ки одатан меъёри фоизҳо дар як ҳолат ҳархела буда наметавонанд. Илова бар ин аз руи одат қарзи даромудат бо фоизи баландтар ва кутоҳмуҳлат бо фоизи пасттар таъин карда мешавад. Илова бар ин ба меъёри фоизи қарз омилҳои ҳархела таъсир мерасонанд. Бинобар он ҳам, ҳатто барои қарзҳои таъиноти якхела ҳам фоизи баробар хеле кам ҷой дошта метавонад.

Мавридҳои зиёд ба меъёри фоиз дараҷаи тавакал ва ё хавфу хатар таъсири бевосита мерасонад. Яъне сатху дараҷаи хавнокии маблағгузорӣ ё ин ки вазъи бехатарии пешниҳоди қарз баланд бошад, онгоҳ меъёри фоиз пасттар ва дар ҳолати зиёд будани хавфу хатар меъёри фоиз баланд муайян карда мешавад. Иқтисодшиносон муайян кардаанд, ки таввакал мавриди харидани облигатсияҳои давлатӣ баланд нест, чунки давлат бо тамоми дороияш ин гунна амонатҳо ё қарзро кафолат намедиҳад. Бинобарон ба ингуна қарзҳо фоиз дар ҳудуди аз 4 то 8% солона муайян карда мешавад. Яъне мавриди набудани хавфи баргаштани сармояи қарзи ба соҳибаш фоизро пасттар муайян мекунад ва баробари афзудани таввакалу хавфнокӣ сатҳи фоиз баланд бардошта мешавад. Бинобарин баъзе намудҳои амалиётро сирф бехавфу таваккал ҳисоб мекунанд.

Як омили ба фоизи қарз таъсиррасонада мавқеъи ҳукмронии фирмаи монополӣ мебошад. Маълум аст, ки фирма одатан мавқеъи монополиро ба даст оварда ҳамчун муайянкунандаи нарх фаъолият мебарад. Дар равиши зерин зери таъсири таҳлилу тавсифи мо буда, нарх меъёри фоизро нишон медиҳад. Бинобарон, фирмаҳо дар бозори сармоя, махсусан бозори коғазҳои қимматнок мавкеи монополиро сохиб гардида ба ихтиёри худ меъёри фоизро муайян месозанд ва ба тағйироти вай пасту баландшавиаш мусоидат мекунад.

Ҳангоми маънидоди фоизи қарз нишон додем, ки фирмаҳо ва соҳибкорон ҳангоми қабул кардани қарордод дар бобати ҷойгиронии маблағ сатҳи меъёри фоизи қарзро ба ҳисоб мегирад.

Дар назар доштан зарур аст, ки агар қарордоди маблағгузории фирма қабул нашуда бошад, онгоҳ натанҳо фоизи қарзро дар бар мегиранд, балки дар баробари он ҳамон равияи маблағгузорӣ пеш гирифта мешавад, ки вай дар баробари адои фоиз боз даромад ё фоидаи дилхоҳро ҳам таъмин намояд. Масалан мавриди 8-10% будани фоизи қарз, ҷамъи даромад то 15% фоиз бошад, онгоҳ ингуна қарордоди маблаггузори мувофиқи мақсад Буда метавонад. Чунки фирмаи маблағгузор аз 15% даромади ҳосилкардааш 10%-ро ба қарздеҳон супорида, худ даромади ночизи ҳамагӣ 5% мегирад. Бинобар он ҳамон лоиҳаи маблағгузориеро қабул мекунад, ки даромадаш на камтар аз 25 ё 30% бошад. Маҳз дар ҳамин ҳолат фирма метавонад фоизи сармояи қарзиро адо намуда, барои пешбурди истеҳсолоти худ дар замони оянда вазъи муътадилу дилхоҳро соҳиб мегардад.

ҚаблӣБозори сармояи карзи ва фоизи карз
БаъдӣВазифаи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ (реферат)