Омилҳои асосии инкишофи шахсият

Тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаҳои зиндагӣ собит мекунанд, ки омилҳои инкишоф ва ташаккулёбии шахсият — аломатҳои биологӣ (ирсият), муҳит (табиӣ ва иҷтимоӣ) ва тарбия (бо таълим) на фақат байни ҳамдигар алоқамандӣ доранд, ҳамчунин ҳар яке ба дараҷаи таъсирбахшии худ низ моликанд.

Инсон роҳҳои мураккабу тулониро тай намуда, рушду камол меёбад. Инкишофи шахсият, чунонки қайд намудем, ин ҷараёни дигаргунии миқдорӣ ва сифатӣ буда, он бо ду намуд зоҳир мегардад — тағйироти анатомӣ — физиологӣ, яъне инкишофи ҷисмонӣ: қад, мушакҳо, вазн, сохти бадан, гардиши хун ва ғ. Ба тағйироти рӯҳӣ — психологӣ: инкишофи тафаккур, ҳофиза, диодат, захираи луғавӣ — нутқ ва ғ. мансубанд. Дар ин ҳар ду на­муди инкишоф ва ташаккулёбии шахсият омилҳои номбурда нақши муайян мебозанд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ирсият (наслият). Хусусият ва аломатҳои ҷисми зинда, ки таърихан ва тадриҷан аз насл ба насл мегузаранд, ирсият ном дорад. Ирсият хусусиятҳои генетикии дар инсон вуҷуддоштаро инъикос намуда, аз волидайн ба кӯдакон гузаштани хусусият ва аломатҳоро ифода мекунад. Ген (аз «ген» — и юнонӣ гирифта шуда, маънояш — таваллудёбӣ) — омили таъмини ирсият аст. Илми муосир исбот кардааст, ки организм ба худ рамзи коди генӣ гирифта, он хислати нигоҳдорӣ ва ба наслгузарониро дорад. Гене­тика барномаи инкишофи ирсияти инсонро рамзкушоӣ кард. Далелҳое ба даст оварда шуданд, ки бисёр ҷойҳои номафаҳуми педагогика ба таври нав фаҳмиданро талаб мекунад.

Барномаи инкишофи ирсияти инсон ба худ қисми муқарраркунӣ ва дигаргуншавии умумиро мегирад, ки одамро одам мегардонад. Қисми муҳарракунии барнома, пеш аз ҳама, насли одамизод, ҳамчунин аломатҳои насли инсониро чун намояндаи насл, аз ҷумла аломатҳои нутқ, рост роҳгардӣ, фаъо­лияти меҳнатӣ, тафаккурро таъмин мекунад. Аз волидайн аломатҳои зоҳирӣ: хусусиятҳои андом, қаду баст, ранги пуст, муй, чашм; аз хусусиятҳои ботинӣ: системаи асаб, гурӯҳи хун ва ғ. мегузарад. Аз волидайн боз касалиҳо (маҷзубият, касалии хун, диабети қанд, майзадагӣ, нашъамандӣ) низ сироят мекунад.

Ҳар одами солимақл бо муғчаҳои муайяни қобилият (баъзеҳо бо аломатҳои истеъдод) тавлид меёбад, ки шукуфонидани он муғчаҳо аз шароити зиндагӣ, муҳит, талабот ва саъю кӯшиши худи шахс вобаста аст. Шароиту имконияти мусоид бошаду худи шахс кӯшиш накунад, он муғчаи қобилият ва ис­теъдод нашукуфта мемонад.

Аммо ақли шуури инсон ба сатҳи ақли волидайн — ирсият вобастагӣ надошта, маҳз ба барномаи инкишофи ҷомеа ва тар­бия тааллуқ дорад.

Дар бобати муайян кардани аломатҳои баланд — истеъдод байни намояндагони гуногуни системаи педагогӣ мухолифате вуҷуд надорад. Баъзеҳо махсусан бо аломатҳои баланд — ис­теъдод ба олам меоянд. Муқаррар карда шудааст, ки кӯдакони дорои истеъдоди муайян ба натиҷаҳои хеле баланд ноил мегарданд ва ба соҳаи интихоб кардаи фаъолияташон бо суръати тез пеш мераванд. Онҳое, ки ниҳоят чунин аломати баланд доранд, дар синни хеле бармаҳал қобилияташонро зоҳир менамоянд. Истеъдоди махсус дар фаъолияти мусиқӣ, бадеӣ, риёзиёт, фи­зика, кимиё, варзиш ва ғ. зоҳир мегардад ва рушду нумуи онҳо дастгирӣ ва ҳамкории педагогиро мепарварад.

Муҳит. Инсон маҳз дар ҷараёни иҷтимоӣ, яъне равобити ҳамкорӣ бо дигар одамон шахсият мегардад. Бидуни ҷамъияти иҷтимоӣ дорои инкишофи маънавӣ, ҷамъиятӣ, психологӣ шудан мумкин нест. Одамро ҷомеа одам мегардонад.

Ҳаёти воқеъие, ки дар шароити он одам инкишоф меёбад, муҳит ном дорад. Ба ташаккулёбии шахсият шароити гуногуни берунӣ, аз ҷумла муҳити географӣ, иҷтимоӣ, мактабӣ, оилавӣ таъсир мекунад.

Муҳити географӣ, муҳити табиӣ – маҷмӯи шароитҳои табиӣ, ки ғайри дахолати инсон, барои ҳаёти тамоми мавҷудот, аз он ҷумла инсон, мусоидат мекунад. Муҳити табиии сайёраи мо — замин баҳри ҳаёт ба cap бурдани ҳамаи ҷонзод хос аст. Он инсониятро бо меҳнати бунёдкоронааш мехуронад, меошомонад, мепушонад ва рушд медиҳад; беҳаво, беоб, беғизо зиндагӣ вуҷуд надорад. Аммо муҳити табиӣ ҳам дар баъзе мавридҳо ва дар иддаи қитъаҳо ба инкишофи инсоният монеъ мешавад. Чу­нончи, зилзила, хушксолӣ, обхезӣ, селу жола ва ғ. Аммо муҳити табиӣ дар инкишофи руҳии шахсият омили ҳалкунанда шуда наметавонад, зеро дар байни тамоми ҷонзод танҳо инсон қобилияти ақлони инкишофёбӣ дорад, ки инро муҳити иҷтимоии солим ва омили тарбия ӯҳда карда метавонад.

Таърихи инсоният аз 32 ҳодиса нисбати дар муҳити ҳайвон – гург, хирс, паланг, меш калоншавии фарзанди инсон гувоҳӣ медиҳад. Яке аз онҳоро қайд кардан ба маврид аст.

Моҳи октябри соли 1920 дар деҳаи Гадамурии Ҳиндӯстон духтур Реверенд Синг мефаҳмад, ки дар тудаи гургҳои бешазор «махлуқҳои одамшакл» ҳаст. Фавран бо чанд нафар, ба торикӣ нигоҳ накарда, ба бешазор меравад. Ба ғайр аз модагург дигар гургҳо мегурезанд. Модагургро парронда бо ду гургбача ду фар­занди одамиро пайдо мекунанд, ки ҳар ду духтарча буда, яке аз онҳо қариб 8 — сола, дигаре 3 — сола буданд. Ба хурдӣ Амола, ба калонӣ Камола ном мегузоранд. Ҳар ду фақат шабона чорпо мегаштанд, медавиданд, рӯзона ҳамдигарро оғушкунон мехуфтанд. Духтари хурдӣ баъди як сол мурд, калонӣ боз нуҳ сол умр дид. Дар давоми ин солҳо духтур Синг тадқиқот бурд. Камола баъди ду сол ба по рост гузошта шуд. Баъди шаш сол рост гашта, вале мисли чорпо медавид. Хонданаш бо душворӣ мегузашт. Дар чор сол шаш калима, дар ҳафт сол 45 калима ва то охири умраш сад калима ёд гирифт. Акнун аз равшанӣ ва одамон намеҳаросид, хурокро бо даст, обро бо истакон мехурдагӣ шуд. Хуллас, ақли духтари ҳабдаҳсола монанди кӯдаки чорсола гашт. Чунки айёми «гавҳарғундории» кӯдакии ӯ дар муҳити ҳайвон гузашта аст. Агар ҳаёти Камола мисли дигар кӯдакон дар муҳити иҷтимоӣ мегузашт, дар 2 — 5 солагӣ қариб нисфи умри боқимонда ақлу заковат, рафтору муносибат, захираи тартиби луғавӣ ва ғайраро мегирифт.

Вақте ки гaп дар бораи таъсири инкишофи муҳит меравад, пеш аз ҳама, муҳити иҷтимоӣ ва оила дар назар дошта меша­вад. Дар фаҳмиши муҳити иҷтимоӣ сохти оммавӣ, муносибатҳои системаи истеҳсолот, шароити моддии зиндагӣ, хусусиятҳои ҷараёни истеҳсолот ва раванди иҷтимоӣ ва дигарҳо дохил ме­шаванд. Муҳити наздик ин оила, хешовандон ва дӯстон ҳастанд.

Ба инкишофи инсон хусусан айёми кӯдакӣ муҳити оила таъси­ри калон мерасонад. Дар хонадон одатан инкишоф ва ташккулёбии аввалин ҳаёти инсон ҳалли худро меёбад. Кӯдак одатан инъикоси дақиқи оиларо мегирад, ки дар он рушду камолот меёбад. Оила аз бисёр ҷиҳат шавқмандӣ ва талабот, ақида ва ояндаи кӯдакро муайян мекунад. Оила ин узви кӯчаки ҷомеа ба шумор ме­равад.

Инсон аз муҳити иҷтимоӣ таҳти робита бо дигарон таҷрибаҳои зиндагӣ, тарзи муомила, ҳарфзанӣ, тафаккуру ақидаронӣ ва амсоли инҳоро ёд мегирад. Дар инкишофи инсон воситаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, оила, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, воситаҳои интишори ахбори омма ва ғайраҳо нақши муҳим мебозанд. Аммо муҳити иҷтимоӣ ҳам тавассути гурӯҳҳои носолим метавонад таъсири манфӣ низ расонад, чунончи, қиморбозӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, ғоратгарӣ, бесаводӣ ва ғ.

Бояд дар хотир дошт, ки ҳамаро дар як қолаб донишманди мумтоз тарбия кардан мумкин нест. Ҳар кас бо ҳиссаи муайян кардаи ирсият ва муҳити худ инкишоф меёбад.

Тарбия таъсири ирсияту муҳитро саҳеҳу тасҳеҳ мегардо­над. Баробари тараққиёти истеҳсолоти ҷомеа ва мураккаб гаштани муносибатҳои иҷтимоӣ мунтазам нақши тарбия меафзояд.

Дар шароити кунунӣ бидуни таълиму тарбияи бардавом ва махсус дар зинадагӣ судманд иштирок намудани инсон мушкил аст. Махсусан тарбия ба сифати воситаи ҳалкунанда баромад меку­над, тавассути он барномаи инкишофи иҷтимоии шахсият, руш­ди қобилият ва аломатҳои модарзодии ӯ болу пар мекушояд.

Ҳамин тавр, дар инкишоф ва ташаккулёбии шахсият ва аломатҳои инфиродӣ бо таъсири омилҳои ирсият, муҳит ва ху­сусан тарбия рушд меёбад.

Таълим ва тарбия бо мурури замон мамониятҳои муҳити табиӣ, таъсири манфии гурӯҳҳои носолими иҷтимоӣ ва ҳамчунин дар тарбияи фарзандон саҳву хатоҳои оилавиро низ рафъ ва ислоҳ мекунад.

Иқтидори таълиму тарбия басони ақлу заковати бепоёни инсон чунон пеш рафтааст, ки башарият дар таърихи ҳазорсолаи муқаддам дар шигифт мондааст. Орзуву умедҳои деринаи гуё афсонавӣ ҳоло sомаи амал пӯшидаанд — «гилеми парвозкунанда» (тайёра), «хонаҳои бидави пур аз одам», (авто­бус), «оинаи ҷаҳонно» (телевизор), «чароғҳои бедуд» (электрик), «қуттичаи гӯё» (радио), «хабардиҳанҳои роҳи дур» (телефонҳо); аз ҷузъиёти тағйирёфтаи муҳити табиӣ — бо мадади техникаи пуриқтидор синаи кӯҳҳо шикофта, обёрӣ намудани заминҳои асрҳо ташнаталаб хобида (Мирзочӯл, Ёвон, Данғара), пешгӯӣ кардани обу ҳаво, аз қаъри об пайдо кардани барқ ва ғайраву ғайраҳо.

Итминон дорем, он рӯз анқариб аст, ки тавассути илму тех­ника нисбати тағйироти ҷузъи ҳодисаи табиат — зилзила ҳам олимон огоҳӣ медиҳанд, ки дар фалон минтақа, дар соату дақиқаи аниқ фалон балл заминларза ба амал меояд.

Ҳамин тавр, таҳти таълим ва тарбия дар бисёр масъалаҳои ҳалталаб муваффақ шудан мумкин аст. Аммо, чунон ки табиатро комилан дигар кардан ғайриимкон аст, бо тарбия ҳам, агарчи одамонро аз зинаи паст то баландтарин саҳми гуногун гузорад ҳам, ҳамаро пурра дар як сатҳ тағйир додан мумкин нест. Ҳар шахс қисмати худро дорад.

Тарбия ба мақсади гузоштаи инсон итоат мекунад. Мақсаднок ва системанок таъсирбахшии тарбиятгарон қаблан ба ҳосил кар­дани иртиботи рефлектори шартӣ, ки бо ягон poҳи дигар пайдо намешавад, меоварад. Тарбия — ин пур кардани камбудиҳои барно­маи инкишофи инсон. Яке аз вазифаҳои басо мухами он дуруст ташкил кардани раванди тарбия ин муайян кардани майл ва қобилияти фитрӣ, инкишоф додани одам мувофиқи хусусиятҳои инфиродӣ, қобилият ва имконияташ мебошад.

Тадқиқотҳои махсус нишон доданд, ки тарбия метавонад фақат ба аломатҳои гузошташудаи табиат такя намуда, сифатҳои муайяни инкишофро таъмин кунад. Тарбияи бачаи маймун дар шароити якхела бо кӯдак нишон дод, ки бачаи маймун бо хурду хӯроку нигоҳубин нигоҳ накарда, ягон сифати психикии одамро пайдо накард (тадқиқоти Н. И. Ладигини — Коте).

Таъсиррасонӣ ба инкишофи одам, худи тарбия аз инкишоф вобаста буда, он мунтазам ба сатҳи ноилшудаи инкишоф такя мекунад. Мураккабии диалектикии муносибатҳои тарафайни ин­кишоф ва тарбия ҳамчун мақсад ва восита дар ҳамин дида ме­шавад. Муфидии тарбия ба дараҷаи омодагии одам бо аз худ кардани таъсири тарбия вобаста ба таъсири ирсият ва муҳит муайян карда мешавад. Одамон ба тарбия як хел дода намешаванд, сатҳи диапазони «гапдароӣ» хеле васеъ — аз пурра қабулнакунии талаботи тарбия то комилан ба итоатмандии идоравии тарбиятгарон давом мекунад. Мавҷудияти «муқовимати тарбия» ҳамчун мухолифияти қувваи зоҳирӣ, ки аз тарбиятгарон cap мезанад, натиҷаи охиринро муайян мекунад. Барои ҳамин нақши муайянкунии дақиқро вазъият ва муносибати тарафайни одамон ба раванди тарбия мебозад.

Таъсири қувваи тарбиявӣ аз чанд шароит ва вазъият вобаста аст. Педагог ва психолог Л. С. Виготский (1896 — 1934) қонуниятеро асосонок намуд, ки мувофиқи мақсад ва методҳои тарбия бояд на фақат сатҳи тарбия, ки кӯдак ҳосил намудааст, ҳамчунин «минтақаҳои инкишофи наздикашро» ҳам дар бар кардааст. Вай ду сатҳи инкишофи ақлиро ҷудо мекунад: 1) «сатҳи инкишофи хеле муҳим»; 2) «минтақаи инкишофи наздик». Дар сатҳи аввал кӯдак супоришҳоро мустақилона иҷро мекунад. Дар дуюмаш — вай ҳалли онҳоро уҳда карда наметаво­над, барои ҳамин масъалаҳоро бо ёрии калонсолон ҳал меку­над. Фақат он тарбия хуб дониста мешавад, ки пешопеши инкишоф меравад. Вазифаи тарбия аз он иборат аст, ки бояд «минтақаи инкишофи наздик» барпо кард, то ки минбаъд ба «минтақаи инкишофи хеле муҳим» гузашта шавад. Шахсиятрро тарбия ташаккул медиҳад, ки аз қафои худ инкишофро мебарад.

Мавзӯи асосӣ

Қонунияти умумии инкишоф


Омилхои асосии инкишофи шахсият, Ирсият чист? (наслият), Мухит чист?

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама