Раванди инкишофи шахсият

Раванди инкишоф — ин дигаргунии миқдорӣ ва сифати ҷисмии инсон аст. Натиҷаи инкишоф ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ вобаста буда, дар худ тағйироти морфологӣ (сохти ҷисм), биокимиёӣ, физиологӣ мегирад. Аммо инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, рӯҳӣ ва ақлонӣ хос аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Агар одам ба дараҷаи рушди иҷтимоӣ расад, онро шахсияти дорандаи ҳуш ва худогоҳ, қобили фаъолияти мустақилона дигаргунсозанда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад. Мафҳуми «шахсият» аз «одам» бо хусусияти сифатҳои иҷтимоии худ фарқ мекунад, зеро ӯ бо таъсири муносибатҳои ҷамъиятӣ, робита бо одамон ташаккул меёбад. Одам ҳамчун шахсият дар системаи иҷтимоӣ бо роҳи мақсадгузорӣ ва тарби­яи андешидашуда ташаккул меёбад. Шахсият бо андозаи аз худ кардани таҷрибаҳои иҷтимоӣ, аз як тараф ва бо андозаи алоқадри ҳол ҳиссаи боздиҳӣ ба ҷомеа, ба хазинаи моддӣ ва арзандагии маънавӣ гузоштан, аз тарафи дигар, муайян карда мешавад. Барои шахсият шудан, одам бояд дар фаъолияти амалии худ зоҳир гардад, хусусиятҳои ботинию табиӣ, шакли ҳаётӣ ва тарбиявиашро ифшо намояд.

Инкишофи одам — ҷараёни басо мураккаб, давомдор ва боихтилоф аст. Дар ҷисми одам дигаргунӣ тамоми умр давом ме­кунад, вале хусусан сифатҳои ҷисмонӣ ва олами рӯҳии одам айёми кӯдакӣ ва ҷавонӣ бошиддат тағйир меёбад. Инкишоф на бо ҷамъшавии тағйироти миқдории оддию хати рост, балки аз паст ба боло ҳаракат мекунад. Хусусияти ин ҷараён бо роҳи диалектикии аз тағйироти миқдорӣ ба дигаргунии сифати ҷисмонӣ, психологӣ ва маънавӣ гузаштани шахсият мебошад.

Намояндагони ҷараёнҳои гуногуни файласуфӣ ин тарзи инкишофро гуногун маънидод мекунанд, ки аз бисёр ҷиҳат ин раванд ҳалли пурраи худро пайдо накардааст.

Инкишофи одам раванди табиӣ, идоранашаванда, худбахудрӯйдиҳӣ; инкишоф новобаста аз шароити зиндагӣ ва фақат аз «иқтидори модарзодиаш» муайян карда шудааст; инки­шофи одам ба қисмати ӯ вобастагӣ дорад, ки ҳеҷ кӣ ва ҳеҷ чӣ ӯро тағйир дода наметавонад, — ин фикри қисми ками намояндагони фалсафаи идеалистист. Фалсафаи диалектикии материалистӣ маънидод мекунад, ки инкишоф ҳамчун хосияти материя дар ҳаракат ва худҳаракаткунӣ мебошад. Дар инкишоф куҳнаҳо нест мешаванд ва навҳо ба вуҷуд меоянд. Одам аз ҳайвон дар ҳаёт бо қобилияти ақлӣ (шуурнокӣ) фарқ мекунад, тавассути воситаҳои меҳнат мавҷудияти худро бунёд мегардонад.

Қувваи ҳаракаткунандаи инкишоф ин муборизаи мухолифатҳо мебошад. Мухолифатҳо ба «муҳаррики абадӣ» шабоҳат доранд, онҳо мунтазам барои азнавтағйирдиҳӣ ва навкунии неруи тамомнашаванда мадад дода меистанд. Мухолифатҳо ин ба ҳамдигар бархурда, дар ибтидо низои муқобилиятӣ нишон медиҳанд. Ба одам кофтану фикр кардани онҳо шарт нест, онҳо дар ҳар қадам ҳамчун оқибати талаботи дигаргуншавии диалектикӣ баҳри тавлид намудани инкишоф пайдо мешаванд. Худи одам низ пур аз мухолифатҳо мебошад.

Мухолифатҳо дар ҳаракати инкишофи оммаи одамон бисёр ва ба инкишофи баъзе одамон хосанд. Хусусияти универсалӣ до­ранд, мухолифатҳо байни пайдошавӣ бо таъсири омилҳои объективии талаботи одам, аз маводи оддӣ cap карда то ба охири баландтарини рӯҳӣ ва имкониятҳои қаноатмандгардонии онҳо давом мекунанд. Мухолифатҳои пайдошудаи вайронкунии баробарвазнӣ байни ҷисму муҳит, ки ба дигаргунии рафтор меоранд, ба мутобиқшавии организм ҳам ҳамин тавр хусусият до­ранд. Мухолифатҳои ботинӣ дар заминаи «норизоӣ бо худ» пайдо мешаванд ва ба ангезонидани инфиродии одам, вале зоҳирӣ — бо қувваи ҳавасмандгардонӣ аз берун бо муносибати одам бо дигарон, ҷомеа, табиат ба миён меояд. Яке аз мухолифатҳои асосии ботинӣ ба шохаҳо ҷудошавии байни пайдошавии талаботи нав ва имконнопазирии — қонеъгардонии онҳо мебошад. Масалан, дар байни саъю кӯшиши талабагони синфҳои боло ҳангоми иштирок кардан дар рафти корҳои оммавӣ ва истеҳсолӣ, ки инкишофи рӯҳӣ, зеҳнӣ ва камолоти иҷтимоии онҳо баробар аст, чунин изҳоротро мешунавем: «мехоҳам» — «метавонам», «медонам» — «намедонам», «мумкин» — «мумкин не», «ҳаст» — «нест» — ин ҷуфтҳои типикӣ ҳаҷми ифодаи мухолифатҳои доимӣ мебошанд.

Ҳамин тавр, хусусият ва сифатҳои рушди биологии инсон ба мафҳуми «шахсият» шомил намешаванд. Мавҷудияти хусусиятҳои шахсият ба сифатҳои ҷамъиятии ӯ алоқаманд нест. Алалхусус, мафҳуми «шахсият» ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон, сифатҳои он — нутқ, шуур, захираи луғавӣ, одатҳои гуно­гуни рафтор ва муносибатҳои ҷамъияти, ки ӯро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонад, дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз кӯдаки навзод ва одами ақлбохтаро шахсият намегӯянд.

Хусусияти шахсиятро мафҳуми «фардият» пурра мегардо­над. Фардият хусусиятҳои ба худ хоси номонандӣ ва фарқияти як одам аз одами дигарро ифода мекунад. Фардият, ҳамчун қоида, бо аломатҳои махсус ва мизоҷ фаъолияти эҷодии иҷтимоӣ ва рафтори оқилонаи худ комилан ба мафҳуми «шах­сият» мутааллиқ аст.

Барои он ки нисбати инсон ҳамчун мавҷудияти иҷтимоӣ маълумот диҳем, бояд оиди мафҳуми «фард» ҳам тавақкуф бинмоем. Истилоҳи «фард» аслан арабӣ буда, маънои якка, танҳо, як касро ифода мекунад. Он ҳамчун мафҳум вакили алоҳидаи насли одамиро мефаҳмонад. Яъне ҳар фарди солимфикр шахсият шуда метавонад — фард моҳиятан муродифи шахсият аст.

Азбаски шахсият дар тули зиндагӣ инкишофу ташаккул меё­бад, аз нигоҳи педагогӣ моҳият мафҳумҳои «инкишоф» ва «та­шаккул» — и шахсиятро ифшо додан зарур аст.

Инкишоф, пеш аз ҳама, раванди дигаргунии миқдории хусуси­ят ва сифатии шахсиятро нишон медиҳад. Инсон таваллуд ёфта, калон мешавад, узвҳо ва системаи организм вусъат меёбад, ба вай нутқ ва сипас захираи луғавӣ пайдо мешавад. Вай хусусиятҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва маҳорати ахлоқӣ малакаҳои меҳнатӣ пайдо мекунад. Дар инкишофи одам ҳамчун шахсият асосан ходисаҳои рӯйдиҳанда ин дигаргунии миқдирӣ мебошад. Чунончи, такомулоти фаъолияти нутқ қобилияти фаҳмидагирии одамро ба­ланд мебардорад, доираи эҳсосотро ғанӣ мегардонад. Дар ҷараёни фаҳмидагирӣ тафаккури абстрактӣ рушд меёбад, хотираи мантиқӣ ҷаҳонбинӣ ҳамчун системаи назарияҳо ва эътиқод нисба­ти зиндагӣ боло меравад. Ангезиши шаклҳои ахлоқии инсон беш­тар ҷойи худро ба амалиёти дигаргуниҳо мегузорад, қобилияти мустақили худидоракунии шахс афзун мегардад. Ҳамаи ин дигаргуниҳо хусусияти раванди инкишофи одамро ҳамчун шахсият ифода мекунад. Бинобар ин дар таҳти фаҳмиши инкишоф равандҳои бо ҳам робитадори дигаргунии миқдорӣ ва сифатие, ки дар расиши анатомию физиологӣ, дар такомулоти системаи асаб ва рӯҳиёти одам рӯй медиҳад, ҳамчунин фаъолияти идрок ва эҷодкорӣ, ғанӣ гардидани ҷиҳатҳои ҷаҳонбинӣ, ахлоқӣ, ақидаҳои оммавию сиёсӣ ва эътиқодии вай фаҳмида мешавад.

Ташаккул бошад натиҷаи инкишофро ифода намуда, ташаккулёбӣ, маҷмӯи хусусият ва сифатҳои устуворона ҳосилкардаи шахсиятро мефаҳмонад. Бар илова, ташаккул ин ба шахсият додани ягон шакл ва ё навъи устувору комили муай­ян, чунончи, асосҳои фан, ахлоқи шоиста аз ҷониби ягон шахс ё коллективро низ ифода мекунад. Ба хусус барои педагогика ва улуми дигар, ки нисбати инкишофи шахсият баҳс мекунанд, ба назар гирифтани сарчашма ва омилҳои асосии инкишоф ва ташаккули шахсият масъалаҳои умда мебошанд. Нисбати ин масъалаҳо файласуфон, психологҳо, педагогон ақидаҳои мухталиф изҳор намудаанд.

Мавзӯи асосӣ:

Қонунияти умумии инкишоф


Конунияти умумии инкишоф, Раванди инкишофи шахсият, реферат, кори курси.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама