Православҳо

Православхо / Православы маълумот бо забони точики / тоҷикӣ


Дар шарқ ва ҷанубу шарқи Аврупо таълимоти масеҳии Юнону православӣ паҳн гардид. Юнониҳо, булғориҳо, сербу черногорҳо, аксари македониҳо, руминҳо то имрӯз дар мазҳаби православӣ қарор доранд.

Масеҳият ба Русия дар асри X роҳ ёфт. Ғусли таъмиди Русия дар замони княз Владимир дар соли 988 сурат гирифт. Мазҳаби православӣ русҳо, белорусҳо,  украинҳо, молдавану кареливу комӣ, мордова, марӣ, удмурту халкҳои дигари Сибирро фаро гирифт. Дар Кавказ грузинҳо, як қисми осетинҳо ва абхазҳо низ православ мебошанд.

Дар асри XVI патриархҳои калисои рус кӯшиш карданд, каме ҳам бошад аз давлат истиқлолият ба даст оваранд. Вале Пётри I ҳатто мансабҳои патриархиро бекор карда, ба сардории синоди муқаддас дар соли 1721 одамони худро таин намуд. Дар байни православҳо низ равияҳо пайдо шуданд: старообрядҳо ва никонианихо.

Зиддияти байни ин ду гурӯҳ дар майда-чуйдаҳо зоҳир мегашт. Ҳукумат старообрядиҳоро таъқиб мекард. Онҳо маҷбуран гурехта дар ҷангалҳои Шимол, Заволжие ва Сибир пинҳон мешуданд. Фақат дар соли 1905 равияи онҳо қонунӣ эълон гардид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар асри XVIII дар Россия равияҳое пайдо шуданд, ки дар ақидаҳои пайравони онҳо оҳангҳои норозигии деҳқонон аз помешикҳо, мутлақияти ҳокимияти царизм ва фишори калисо ҳис карда мешуд. Яке аз он равияҳо равияи «божьих людей» (одамони Худо) буд, ки душманонашон онҳоро «Христов» ё «Хлыстов» меномиданд. Онҳо таълимоти расмии догматикӣ, маросимҳои калисоро қабул надоштанд.

Ба ҷои тоату ибодат ба Худованд онҳо расми «Радения»-ро ҷорӣ карданд, ки он иборат аз «Рақси экстазӣ» буд. Яъне бо ҳам рақс карда истода худро ба дараҷаи ваҷд (экстаз) мерасониданд. Ва дар ҳолати ваҷд баъзеи онҳо пешгӯиҳои пайғамбарона мекарданд.

Дар нимаи дуюми асри XVIII аз Христовҳо равияи «скопцы»-ҳо (ахта карда шудаҳо) ҷудо шуд. Пайравони ин мазҳаб барои он ки ҳеҷ гоҳ гуноҳи ҷинсӣ содир нанамоянд, худро ахта менамуданд. Дар ҳамон асри XVIII дар Россия равияҳое пайдо шуданд, ки мехостанд таълимоти масеҳиро аз рӯи ақл шарҳу эзоҳ бидиҳанд. Инҳо равияҳои духоборҳо, молоканиҳо ва йеговистҳо буданд.

Аз миёнаҳои асри XIX сар карда ба Русия равияҳои протестантӣ аз қабили штундистҳо, меннониҳо,  баптистҳо роҳ ёфта, онҳо як қатор равияҳои соф русиро аз байн бурданд.

ҚаблӣҶудо шудани масеҳият ба Калисои ғарбӣ ва Калисои шарқӣ пайдо шудани католитсизм
БаъдӣРеформатсия, зуҳури протестантизм ва равияҳои он