Принсипҳои асосии таълимоти материалистии К. Маркс ва Ф.Энгелс дар бораи ҷомеа

Принсипҳои асосии таълимоти материалистии К. Маркс ва Ф.Энгелс дар бораи ҷомеа. Принсипхои асосии таълимоти материалистии К. Маркс ва Ф.Энгелс дар бораи чомеа.

 Ба ҳам омехташавии хоси навъи классиикию ғайриклассикии илмият дар сотсиология инъикоси худро дар таълимоти материалистии К. Маркс ва Ф. Энгелс ёфтаанд.Дар таълимоти онҳо баррасӣ намудани ҳодисаҳои иҷтимоӣ ҳамчун факт ва бунёди улуми ҷомеашиносӣ мисли улуми табиатшиносӣ бо вижагиҳои ба онҳо хоси шарҳи сабабу натиҷагии фактҳо бисёр барҷаста ба чашм мерасад. Дар умум принсипҳои материалистии таълимотро дар бораи ҷомеа ба таври зер ифода намудан мумкин аст:

1.Яке аз принсипҳои муҳимтарини он эътирофи мавҷудияти қонуният дар инкишофи ҷомеа мебошад. Эътирофи қонуният дар рушди ҷомеа маънои онро дорад, ки дар байни раванду ҳодисаҳо робитаю муносибатҳои муҳим, умумӣ, такроршаванда ва устувор вуҷуд доранд.

2.Эътирофи қонуният дар таълимоти материалистӣ бо принсипи детерминизм, яъне эътирофи робитаю вобастагии сабабу натиҷагӣ робитаи ногусастанӣ дорад. К.Маркс ва Ф. Энгелс зарур шуморидаанд, ки аз маҷмӯи робитаю муносибатҳо робитаҳои асосию муайянкунанда бояд ҷудо карда шавад. Тибқи таълимоти онҳо дар он маҷмӯъ тарзи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ, ки аз қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ иборат мебошанд, унсури муҳимтарин ба ҳисоб меравад. К.Маркс дар асараш «Оид ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» навиштааст: «Истеҳсоли бевоситаи воситаҳои моддии ҳаёт ва ҳамин тавр ҳар як зинаи иқтисодиёти халқ ва замона (эпоха) асосеро ташкил менамояд, ки аз он муассисаҳои давлатӣ, ақоиди ҳуқуқӣ, санъат ва ҳатто тасаввуротҳои динии одамон инкишоф меёбанд. Унсурҳои баёншуда бояд тавассути марҳиллаҳои иқтисодиёти халқҳо ва замона (эпоха) шарҳ ёбанд, на баръакс, чуноне ки то ҳол мешуд». (Маркс К., Энгелс Ф. Асарҳо. ҷ.13. саҳ.6-7). Андешаи мазкурро бо чунин назарияи ҳамсони марксистӣ, ки дар асари фавқуззикр омадаст, метавон баён кард : «Ҳастии ҷамъиятӣ шуури ҷамъиятиро муайян менамояд».

3.Принсипи саввуми таълимоти материалистӣ дар бораи ҷомеа аз инкишофи прогрессивӣ ва зина ба зинаи ҷомеа иборат мебошад. Дар таълимоти марксизм принсипи прогресс тавассути таълимот дар бораи форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ татбиқ мешавад. Форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ мувофиқи таълимоти К. Маркс «ҷомеаест, ки дар зинаи муайяни инкишофи таърихӣ бо хусусиятҳои махсуси фарқкунандаи хеш қарор дорад» (Ҳамон ҷо, саҳ.ҷ.6.саҳ.442). Мафҳуми «форматсия»-ро К.Маркс аз илмҳои табиатшиносии муосири хеш иқтибос намудааст. Дар геология, география, биология бо ин мафҳум сохторҳои муайянеро ифода намудаанд, ки шароитҳои якхелаи пайдоиш, унсурҳои таркибии шабеҳ ва унсурҳои ба ҳам вобаста доштаанд. Дар таълимоти марксистӣ ҳамаи нишонаҳои зикршуда ба организми иҷтимоие, ки дар асоси қонуниятҳои шабеҳ ва сохтори иқтисодию сииёсии ягона ташаккул ёфтаанд, тааллуқ дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 Қобили зикр аст, ки чун дар марксизм сухан дар хусуси ногузирии ҳаракати ҷомеа тибқи ин зинаҳои инкишоф ба форматсияи олӣ сурат мегирад, мунаққидони марксизм ба мавҷудияти таълимоти динӣ – фалсафии провиденсиализм- яъне таълимот дар бораи тақдир (пешакӣ муайян будан) дар инкишофи инсоният ишора менамоянд.Онҳо инчунин ба душвориҳое, ки дар ин самт вуҷуд дорад, аз ҷумла бархӯрд бо таърихи воқеӣ ва дасткашии халқҳо аз «сохтмони коммунизм» ишора менамоянд.

4.Нисбати омӯзиши ҷомеа истифодаи меъёри умумиилмии қонуният ва вобастаги сабабу натиҷагӣ дар марксизм бо таълимот дар бораи хусусиятҳои хос дар рушди равандҳои ҷамъиятӣ робитаи зич дорад. Ин робита дар таълимот дар бораи раванди табиӣ-таърихӣ дар рушди ҷомеа инъикос ёфтааст. Яъне, раванди табиӣ-таърихӣ мисли равандҳои табиӣ қонунӣ, зарурӣ ва объективона вуҷуд доранд. Вай на танҳо аз шууру иродаи одамон вобастагӣ дорад, балки ҳамзамон онҳоро муайян месозад. Аммо баръакси равандҳои табиӣ, ки кӯр-кӯрона ва стихиявӣ сурат мегиранд, равандҳои табиӣ-таърихӣ маҳсули фаъолияти одамон мебошанд.Бинобар ин, дар сотсиологияи марксистӣ ба диалектикаи қонунияти объективӣ ва фаъолияти бошууронаи одамон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаа мешавад.

5.Тамоми андешаҳои фавқуззикр шахсро ба чунин андеша водор месозанд, ки сотсиологияи марксистӣ дар асоси навъи анъанавии илмият бунёд ёфтааст. Аммо дар он инчунин тамоюли баръакс низ вуҷуд дорад, яъне он чизе, ки дар таълимоти Г.Зиммел ва М. Вебер «нисбатдиҳӣ ба арзишҳо», яъне мувофиқати маълумоти эмпирикӣ ва хулосаҳои мантиқӣ бо «манфиатҳои таърихии замона» (дар марксизм дар зери ин ифода манфиатҳои синфии пролетариат фаҳмида мешавад) номида мешавад. Дар таълимоти В.И. Ленин бошад, чунин баррасӣ бо принсипи партиявият ифода меёбад. Тибқи ин принсипи тадқиқоти сотсиологӣ, ҳама гуна назарияи ҳаёти ҷамъиятӣ аз таъсири мавқеи иҷтимоӣ-таърихии муаллифони онҳо низ бархӯрдор мебошад. Яъне, олими ҷомеашинос дар доираи шароитҳои муайян фаъолият намуда, аз онҳо озод нест. Ин шароитҳо хоҳ-нохоҳ нақши худро дар тадқиқоти ӯ мегузоранд. Олими ҷомеашинос ба ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ-синфӣ тааллуқ дорад ва манфиатҳои онҳоро ба инобат нагирифта наметавонад.


Саволҳо барои андеша ва худсанҷӣ

  1. Се марҳилаи инкишофи ақлонии инсонро, ки онҳоро О.Конт қонуни якуми асосноккунандаи зарурати илми сотсмиология ҳисобидааст, номбар кунед ва моҳияти онҳоро шарҳ диҳед.
  2. Қонуни дуюме, ки тавассути он О.Конт зарурати илми сотсиологияро асоснок менамояд, ном баред ва моҳияти онро шарх диҳед.
  3. Ду қисмати сотсиологияи О.Конт ва ҳадафи онҳоро баён намоед.
  4. Кадом ҳодисаҳои иҷтимоӣ барои ташаккули сотсиология замина гузоштаанд?
  5. Дар бораи заминаҳои назариявии илми сотсиология чӣ медонед?
  6. Дар илми сотсиология кадом навъҳои илмияти сотсиология пешниҳод мегардад?
  7. Навъи классикии илмияти сотсиология аз тарафи кадом сотсиологҳо пешниҳод мегардад ва моҳияти он аз чӣ иборат аст?
  8. Дар таълимоти Э.Дюркгейм барои собит сохтани илмияти сотсиология ба фактҳои иҷтимоӣ кадом талаботҳо пешниҳод мегарданд?
  9. Навъи ғайрианъанавии илмияти сотсиология аз тарафи кӣ пешниҳод мегардад ва моҳияти онро чӣ тавр метавонед шарҳ диҳед?
  10. Моҳияти «Сотсиологияи фаҳманда»-и Г.Зиммел ва М.Веберро шарҳ диҳед.
  11. Принсипҳои асосии таълимоти моддагароёнаи К. Маркс ва Ф.Энгелсро дар бораи ҷомеа баён намоед.
  12. Кадом принсипи марксистӣ ба принсипи «Нисбатдиҳӣ ба арзишҳо»-и Г.Зиммел ва М.Вебер шабоҳат дорад?

 Мавзӯъҳо барои рефератҳо

1. О.Конт ва сотсиологияи позитивистии ӯ.
2. Сотсиологияи таҳаввулии Г.Спенсер.
3. Э.Дюркгейм ва назари ӯ ба ҷомеа ҳамчун воқеияти махсуси маънавӣ.
4. Таълимоти сотсиологии М.Вебер.
5. Низоми сотсиологии П.А.Сорокин.
6. Мактабҳои асосӣ ва олимони маъруфи сотсиологияи Ғарб.

 Адабиётҳои асосӣ

1.Идиев Х.И. Сотсиология.-Душанбе, «Ирфон» 2006.

2.Идиев Х.У.,Маслова О.М., Самиев Б.Ҷ., Гиёев Қ.Ҳ. Сотсиологияи амалӣ.-Душанбе.,2008.

3.Мирошниченко И.В. Сотсиология (иҷтимоиёт).Конспекти лексияҳо.Таҳия ва тарҷумаи Одинаев Ё. аз забони русӣ. –Душанбе,2008.

4.Решетников А.В. Социология медицины.М.,2007.

5.Фролов С.С.Общая социология:Учебник.-Москва:Проспект,2011.

6.Социология. Основы общей теории: Учебник для вузов/Отв.ред.академик РАН Г.В.Осипов, действительный член РАЕН Л.Н.Москвичев.-Москва:Норма, 2005.


 Адабиётҳои иловагӣ

1.Идиев Х.И. Фалсафаи иҷтимоӣ. Душанбе-2013.

2.Общая социология: Учебное пособие / Под общ.ред.проф. А.Г.Эфендиева.-М.: Инфра, 2000.

3.Волков Ю.Г., Мостовая И.В. Социология: Учебник для вузов /Под ред.проф.В.И.Добренкова.-М.:Гардерика,2000.

4.Тощенко Ж.Т. Социология: Общий курс. -2-е изд. доп. и перераб.-М.: Юнайт-Издат,20003.

5.Гидденс Э. Социология.-М.,1999.

ҚаблӣНавъи ғайрианъанавии илмият. «Сотсиологияи фаҳманда»-и Г. Зиммел ва М. Вебер
БаъдӣФарҳанг дар низоми ҷомеа (сотсиология)