Усулҳои ҷамъоварии маълумоти иҷтимоӣ

Усулҳои ҷамъоварии маълумоти иҷтимоӣ (интихобнома, таҳлили ҳуҷҷатҳо, мушоҳида, пурсиш, анкетапуркунӣ, пурсиши даҳонӣ (интервю). Усулхои чамъоварии маълумоти ичтимои (интихобнома, тахлили хуччатхо, мушохида, пурсиш, анкетапуркуни, пурсиши дахони (интервю).


Зимни гузаронидани тадқиқот дар қатори қисмати назариявӣ қисмати усулии(методӣ) барнома низ, ки тавсифи усулу ташкили тадқиқотро дарбар мегирад, шомили аҳамияти калон мебошад. Дар қисмати мазкур аҳамияти марказиро асосноккунии интихобнома касб менамояд. Хосиятҳои проблемаи ҳалшаванда, мақсаду вазифаҳои тадқиқот муайян месозанд, ки объекти тадқиқот чӣ гуна бояд бошад. Вақте объекти тадқиқот калон нест ва сотсиолог имконияту қудрат дорад, ки онро омӯзад, вай онро пурра тадқиқ менамояд Дар ин ҳолат объекти тадқиқот бо умумияти генералӣ айният дорад. Дар акси ҳол вай умумияти интихобиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Моҳияти ин ду мафҳумро, яъне умумияти генералию умумияти интихобиро профессор Х.Идиев бо мисол ба таври зер баён сохтааст: «Масалан, агар сотсиолог мақсадаш омӯзиши ҳаёти мардуми деҳот бошад, пас ҳамаи аҳолии сокини деҳот умумияти генералиро ташкил медиҳанд. Аммо ба хотири он ки сотсиолог кулли онҳоро имконияти назархоҳӣ кардан аз лиҳози сарфи маблағу вақт надорад, бинобар ҳамин ҳам воҳиди маҳдуди сокинони деҳотро, ки тибқи умумияти интихобӣ ба даст омадааст, мавриди оӯзиш қарор медиҳад»[1].

Ба ҳамин монанд фаъолияти таълимии донишҷӯёнро низ мисол овардан мумкин аст. Барои гузаронидани назарсанҷии донишҷӯён дар бораи фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии омӯзгор, ҳисси масъулиятшиносию салоҳиятнокии ӯ, мундариҷаи маводи таълимии омӯзгору масъулияти пешкаши хонанда кардани он шарт нест, ки аз умумияти генералӣ кор гирифта шавад. Ин ҷо умумияти интихобӣ, яъне назарсанҷии қисмате аз донишҷӯён кофист, аммо он шомили баъзе вижагиҳое мебошад, ки дар хусуси онҳо мо поёнтар изҳори ақида хоҳем намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар барнома ба таври дақиқ бояд ишора шуда бошад: 1) объекти тадқиқоти эмпирикӣ кадом аст; 2) Тадқиқот куллист ё интихобист;3) Агар вай интихобӣ бошад, пас вай метавонад, ки иддаои намояндагӣ (репрезентативӣ) намояд. Қобилияти намояндагӣ (репрезентативнокӣ) – ин хосияти унсури умумияти интихобӣ ҷиҳати муаррифӣ намудани нишондоду аксари унсурҳои муҳими умумияти генералист. Яъне, агар мақсади тадқиқот назарсанҷии донишҷӯён дар бораи фаъолияти ҳаматарафаи омӯзгор ошад, донишҷӯи дарсгурезу сустхон ва бетарбия наметавонад, ки ба умумияти интихобӣ ворид шавад, зеро вай аз вижагиҳои намояндагӣ (репрезентативнокӣ) бархӯрдор нест. Зеро донишкадаю донишгоҳ муассисаи таълимӣ ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии онҳо омӯзонидани илму дониш ба донишҷӯён аст. Вақте донишҷӯ аз иҷрои вазифаи бевоситаи худ намебарояд, яъне аз илмҷӯӣ канорагирӣ менамояд, чӣ гуна вай ба мундариҷаи илмии маводи омӯхташаванда ё сифати фаъолияти таълимии омӯзгор баҳогузорӣ менамояд? Аз нигоҳи мо ба умумияти интихобӣ бояд маҳз донишҷӯёни фаъоли илмҷӯ дохил шаванд, зеро маҳз онҳо шомили вижагиҳои намояндагӣ буда, тамоми умумияти генералӣ, яъне дар иҷрои ҳадафи мазкур тамоми донишҷӯёни донишкада ё донишгоҳро муаррифӣ карда метавонанд. Ҳамин тавр, умумияти генералӣ – ин маҷмӯи тамоми объектҳои иҷтимоии имконпазир аст, ки дар доираи барномаи тадқиқоти сотсиологӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт. Умумияти интихобӣ бошад, қисме аз объектҳои умумияти генералист, ки барои гирифтани маълумот дар бораи тамоми умумияти генералӣ тавассути усулҳои махсус интихоб гардидааст. Шумораи воҳидҳои мушоҳида, ки умумияти интихобиро ташкил менамоянд, ҳаҷми он номида мешавад. 4) Тадқиқотчӣ бояд нишон диҳад, ки дар интихобнома чанд зинаи интихоб истифода бурда мешавад, воҳиди интихоб дар ҳар як зина кадом аст ва дар ҳар як зина кадом суръати интихоб истифода бурда мешавад. 5)Асоси интихобро чӣ (рӯйхат, картотека, харита) ташкил медиҳад? 6) Воҳиди мушоҳида дар зинаи охири интихоб кадом аст?

Ҳамин тавр, агар пешрафти таълимро дар ин ё он донишкада ё донишгоҳ мавриди тадқиқ қарор доданӣ шавем, аввалан дар зинаи аввал бояд факултаҳоро интихоб намоем. Дар зинаи дуюм аз факултаҳои интихобшуда, бояд гурӯҳҳои таълимӣ интихоб шаванд. Дар зинаи сеюм аз ҳар гурӯҳ бояд донишҷӯён интихоб шаванд. Дар ҳолати мавҷудияти гурӯҳҳои хурд имкон дорад, ки аъзоёни тамоми гурӯҳ мавриди омӯзиш қарор гирад. Дар ин ҷо воҳиди мушоҳида донишҷӯёни алоҳида ба ҳисоб мераванд. Агар ин интихобнома нодуруст гузаронида шавад, пас тадқиқоти мазкур носаҳеҳ ҳисобида шуда, натиҷаи он беэътимод маҳсуб мегардад.

Қисми муҳими қисмати усулии барномаро асосноккунии усулҳои ҷамъоварии маълумотҳои эмпирикӣ ташкил менамояд. Агар зимни ҷамъоварии маълумотҳо таҳлили ҳуҷҷатҳо истифода бурда шавад, бояд нишон дода шавад, ки кадом ҳуҷҷатҳо (ҳуҷҷати оморӣ, нақшаҳо, ҳисоботҳо ва ғ.) омӯхта мешаванд, инчунин кадом усули таҳлили мудариҷаи онҳо истифода бурда мешавад. Зимни истифодабарии усули пурсиш зарур аст, ки техникаи пурсиш, шакли ташкили пурсиш ва мундариҷаи он, дар куҷо гузаронидани пурсиш (дар ҷои кор, дар истироҳатгоҳ, дар беморхона ва ғ.), навъи анкета ва мундариҷаи он нишон дода шавад. Ба таври мисол агар мақсади тадқиқот баҳогузорӣ намудани сатҳи идоракунӣ дар ташкилот бошад, тадқиқот талаб менамояд, ки роҳбарон ва мутахассисони асосӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд. Зимни асосноккунии усули ҷамъоварии маълумот бояд нишон дода шавад, ки аттестатсия дар асоси истифодабарии ду усули ҳамдигарро мукаммалсозанда гузаронида мешавад. Барои аттестатсияи мутахассисони роҳбарикунанда 36 нишона ва барои мутахассисони техникӣ 27 нишона ҷудо карда мешавад. Тамоми сифатҳо тибқи луғатномаи сифатҳои ташкилотчигӣ, шахсӣ ва корӣ аз тарафи се дараҷави экспертҳо баҳогузорӣ мешаванд: 1) экспертҳои гурӯҳи А, ки вазифаҳои нисбатан баландро ишғол менамоянд; 2) экспертҳои гурӯҳи Б, ки бо аттестатсияшавандаҳо дар сатҳи якхелаи вазифавӣ қарор доранд; 3) экспертҳои гурӯҳи В, ки дар нисбати аттестатсияшавандаҳо дар сатҳи поёнтари вазифавӣ қарор доранд.

Ҳамин тавр, имконияти максималии баҳогузории воқеъбинона, ки ин ё он роҳбар ё мутахассисро тавсиф менамояд, ба даст оварда мешаванд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳамаи экспертҳо сифатҳои шахси аттестатсияшаванда муайян карда мешавад.

Зимни муайян намудани усули ҷамъоварии маълумот сотсиолог бояд ҳолатҳои зеринро ба инобат гирад: 1) сарфакорона бурдани тадқиқоту суръатнок гузаронидани он бояд ба сифати маълумотҳо таъсири манфӣ нарасонад; 2) ҳеч яке аз усулҳо универсалӣ ба ҳисоб намеравад, балки ҳар яктои он имкониятҳои маърифатии дақиқро шомил мебошад; Аз ин рӯ, усулҳои хуб ё бад вуҷуд надорад, балки усулҳои ба вазифаҳои гузоштаи тадқиқотчӣ мувофиқ ё ғайримувофиқ вуҷуд дорад; 3) умедбахшии усул на танҳо бо асоснокии он, балки бо риоя намудани қоидаи истифодаи он таъмин мегардад.

Аз ҷиҳати молиявӣ ва хароҷоти меҳнат таҳлили ҳуҷҷатҳо нисбатан сарфакорона ба ҳисоб меравад. Вай нисбат ба дигар усулҳо боз аз афзалиятҳои зерин бархӯрдор мебошад:

1) Таҳлили ҳуҷҷатҳо имкон медиҳад, ки дар бораи корхона ва коргарону хизматчиёни он зуд маълумотҳои раднашаванда ба даст оварда шавад.

2) Ин маълумот характери воқеъбинона дорад. Аммо на бояд маҳдудиятҳоеро, ки ба сифати чунин маълумот марбут мебошанд, фаромӯш сохт:

а) маълумотҳои ҳисоботӣ на ҳамеша боварибахш мебошанд, бинобар ин онҳо ба назорат тавассути мушоҳида ё пурсишҳо ниёз доранд;

б) қисме аз ин маълумотҳо куҳна мешаванд;

в) мақсадҳои тартиб додани ҳуҷҷатҳо аксаран бо вазифаҳое, ки сотсиолог дар тадқиқоти худ иҷро менамояд, мувофиқат наменамояд, бинобар ин маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳо оварда мешаванд, аз тарафи сотсиолог аз нав коркард шуда, аз нав маънидод карда шаванд;

г) аксарияти нишондодҳои дар ҳуҷҷатҳои корхона зикр шуда дар бораи сатҳи шуурнокии кормандон маълумотеро дарбар намегиранд. Бинобар ин, таҳлили ҳуҷҷатҳо танҳо дар он ҳолатҳое кофӣ ба ҳисоб мераванд, ки барои ҳалли вазифаҳо маълумотҳои ҳуҷҷатӣ кофӣ мебошанд.

Аммо дар бисёр ҳолатҳо тадқиқотчиро зарур мегардад, ки ба дигар усулҳои ҷамъоварии маълумот рӯ биёрад: мушоҳида, пурсиш, тестпуркунӣ ва ғ. Дар тадқиқоти сотсиологӣ дар зери мафҳуми мушоҳида усули ҷамъоварии маълумотҳои эмпирикии аввалияе фаҳмида мешавад, ки дар идроку таҷлили пешакӣ тарҳрезишуда, мақсаднок, системавию бевоситаи фактҳои иҷтимоӣ, ки мавриди назорату санҷиш қарор мегиранд, ифода меёбад. Афзалияти асосии мушоҳидаи бевосита дар он ифода меёбад, ки вай имкон медиҳад, ки ҳодисаҳою унсурҳои рафтори одамон дар лаҳзаи содиршавии онҳо қайд гарданд, дар ҳолате ки дигар усулҳои ҷамъоварии маълумотҳои аввалия ба муҳокимаҳои пешакии фардҳо асос меёбанд. Афзалияти муҳими дигари ин усул дар он ифода меёбад, ки тадқиқотчӣ то андозае аз объекти тадқиқоти худ вобаста намебошад. Вай новобаста аз хоҳиши фардҳо ё гурӯҳ барои маълумот додан ё имконияти ба саволҳо ҷавоб додани онҳо фактҳоро ҷамъоварӣ менамояд.

Дар мушоҳида сатҳи муайяни воқеъбинона баҳогузорӣ намудан нуҳуфта аст, аммо дар он инчунин унсури субъективӣ низ мавҷуд мебошад. Мушоҳида робитаи ҷудонопазири мушоҳидакорро бо объекти мушоҳида дар назар дорад, ки ин робита дар аз тарафи мушоҳидакор идрок шудани воқеияти иҷтимоӣ, дар фаҳмидану шарҳ додани моҳияти ҳодисаҳои мушоҳидашаванда таъсири худро мегузорад. Ҳар чӣ қадаре мушоҳидакор зичтар бо объекти мушоҳида робита дошта бошад, ҳамон қадар зиёдтар унсури субъективизм ба зоҳир мерасаду ҳамон қадар идроки ӯ либоси эмотсионалӣ касб менамояд. Яке аз хусусиятҳои дигари муҳими мушоҳида, ки истифодаи онро маҳдуд месозад, душвор ва ҳатто имконнопазир будани гузаронидани мушоҳидаи такрорӣ мебошад.

Вобаста ба характери раванди мушоҳида чунин навъҳои онро фарқ месозанд: назоратшаванда ва назоратнашаванда, майдонӣ ва лабораторӣ, тасодуфӣ ва системавӣ ва ғайра.

Яке аз усулҳои васеъ паҳнгардидаи ҷамъоварии маълумотҳои сотсиологӣ усули пурсиш ба ҳисоб меравад. Пурсиш аввалан, бо саволҳо муроҷиати даҳонӣ ва хаттии тадқиқотчиро ба маҷмӯи муайяни одамон – респондентҳо, сониян, таҷлилу коркарди омории ҷавобҳои гирифташуда, ин чунин шарҳи назариявии онҳоро дар назар дорад.Аз рӯи шаклу шароитҳои муоширати сотсиолог бо респондент чун навъҳои пурсишро фарқ менамоянд: пурсишҳои хаттӣ (анкетапуркунӣ) ва даҳонӣ (интервю), аз рӯи ҷои зист, аз рӯи ҷои кор, дар аудиторияҳо ҳадафмандона (тамошобинон дар кинотетрҳо, беморон дар беморхонаҳо ва ғ.), пурсишҳои рубарӯ ва ғоибона (муроҷиат бо анкета тавассути рӯзнома, телевизион, телефон), пурсиши гурӯҳӣ ва инфиродӣ ва ғ.

Усули пурсиш дар ҳолатҳои зерин истифода бурда мешавад: 1) Вақте барои омӯзиши проблемаи омӯхташаванда маълумоти ҳуҷҷатҳо кофӣ нестанд ва ё ягон ҳуҷҷат вуҷуд надорад. 2) Вақте предмети тадқиқот ё ҷанбаҳои алоҳидаи он барои мушоҳида дастнорас мебошанд. 3)Вақте предмети омӯзишро унсурҳои шуури фардӣ ё ҷамъиятӣ: талаботҳо, манфиатҳо, кайфиятҳо, арзишҳо, эътиқоди одамон ва ғ. ташкил менамоянд. 4) Ба сифати усули назоратӣ (иловагӣ) барои васеъ намудани имкониятҳои тавсифу таҳлили ҷанбаҳои омӯхташаванда ва барои санҷидани маълумотҳои бо дигар усул ба даст овардашуда.

Усули пурсиш гирифтани маълумоти сотсиологиро дар вазъияти муоширати иҷтимоӣ-равонӣ дар назар дорад, ки ин таъсири худро ба мундариҷа ва сифати маълумоти гирифташаванда мегузорад. Дар сотсиология талаботҳои зиёди методие барои бартараф намудани субъективизм, баланд бардоштани умедбахшию маҳсулнокии шакли мазкури ҷамъоварии маълумотҳои сотсиологӣ коркард гардидаанд.


[1] Ҳамон ҷо, саҳ.97.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 8. Усулҳои тадқиқотҳои эмпирикии сотсиологӣ

ҚаблӣМавзӯи 8. Усулҳои тадқиқотҳои эмпирикии сотсиологӣ
БаъдӣТарзҳои таҳлил ва шарҳи маълумотҳо, ҳосил намудани ҷамъбасту хулоса ва тавсияҳои аз ҷиҳати эмпирикӣ асосноккардашуда