Фарҳанг дар низоми ҷомеа (сотсиология)

Фарҳанг дар низоми ҷомеа. Фарханг дар низоми чомеа.


Дар забони тоҷикӣ мафҳуми «фарҳанг» бо мафҳуми «маданият» муродиф ҳисобида мешавад. Калимаи «фарҳанг» аслан тоҷикӣ буда, калимаи «маданият» ба забони тоҷикӣ аз забони арабӣ иқтибос шудааст. Решаи калимаи «маданият» феъли «маддана» буда, маъноҳои «шаҳр сохтан» ва «бофарҳанг кардан»-ро ифода менамояд. Дар зери калимаи «маданият» бошад дар забони арабӣ фарҳанг, тамаддун фаҳмида мешавад.

Дар Рими Қадим дар зери мафҳуми «фарҳанг» дар оғоз коркарди замин ва баъдан тамоми тағйироте, ки дар табиат дар зери таъсири инсон сурат гирифтааст, мефаҳмидаанд. Дар асрҳои XVIII-XIX мафҳуми мазкур дар нисбати инсон татбиқ мешавад ва дар зери он ҳамаи он чиро мефаҳманд, ки аз тарафи инсон сохта ва ё эҷод мешавад. Аз ин нуқтаи назар, фарҳангро «табиати дуввум», ки аз тарафи инсон ба вуҷуд оварда шудааст, баръакси табиати якум, ки табиӣ вуҷуд дорад, меноманд. Бо ин маънӣ вай тамоми дастовардҳои ҷомеаро дар ҳаёти моддӣ ва маънавӣ фаро мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар адабиётҳо таърифҳои зиёди мафҳуми «фарҳанг» дучор мешаванд. Аммо таърифи зер бештар умумӣ ва фарогирандаи тамоми самтҳои зуҳури фарҳанг ба чашм мерасад: Фарҳанг-ин тарзи махсуси ташкил ва инкишофи фаъолияти ҳаёти инсон аст, ки дар маҳсули меҳнати моддӣ ва маънавӣ, дар маҷмӯи меъёрҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти муассисаҳо, дар арзишҳои иҷтимоӣ, дар маҷмӯи муносибатҳои одамон нисбат ба табиат, нисбат ба ҳамдигарӣ ва нисбат ба худ таҷассум меёбад. Агар таваҷҷуҳ намоем, дар таърифи мазкур на танҳо дастовардҳои моддию маънавии инсон, балки гуногунии тарзҳои сурат гирифтани ҳаёти инсонӣ, ки далолат ба фарҳанги ӯ менамояд, ифода ёфтааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фарҳангро вобаста ба нишонаҳои мухталиф ба навъҳои гуногун гурӯҳбандӣ менамоянд:

1)аз рӯи субъект (ҳомили фарҳанг) – ба фарҳанги ҷамъиятӣ, миллӣ, синфӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ;

2)аз рӯи нақши вазифавӣ – ба фарҳанги умумӣ (масалан, дар доираи низоми таҳсилоти ҳамагонӣ) ва махсус (касбӣ);

3)аз рӯи пайдоиш – ба халқӣ ва ашрофӣ;

4)аз рӯи навъ – моддӣ ва маънавӣ;

5)аз рӯи характер – ба динӣ ва дунявӣ.

Тақсими фарҳанг ба фарҳанги моддӣ ва маънавӣ ба ду навъи истеҳсолот: истеҳсолоти моддӣ ва маънавӣ мувофиқат менамояд. Қобили зикр аст, ки таснифи фарҳангро инчунин вобаста ба хусусиятҳои рафтор, шуур, фаъолияти одамон дар ин ё он соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ (фарҳанги меҳнат, фарҳанги маишат, фарҳанги истироҳат, фарҳанги бадеӣ, фарҳанги сиёсӣ) ва ғайра метавон идома дод.

Фарҳанги моддӣ дар предметҳои моддӣ, чун сохтмонҳо, биноҳои истиқоматӣ, воситаҳои меҳнат, осори санъат, предметҳои рӯзмарраи ҳаёт ва ғайра таҷассум меёбад. Яъне, фарҳанги моддӣ ҷузъи фарҳанги умумист, ки тамоми фаъолияти моддии одамон ва натиҷаи онро дарбар мегирад.

Фарҳанги маънавӣ, яъне ғайримоддӣ шомили донишҳо, боварҳо, динҳо, эътиқодҳо, арзишҳо, идеология, ахлоқ, забон, қонунҳо, анъанаҳо ва урфу одатҳо мебошад. Фарҳанги маънавӣ сарвати ботинии инсон ба шумор рафта, сатҳи пешрафту рушди инсонро ифода менамояд.

Қобили зикр аст, ки на ҳамаи маҳсули фаъолияти моддӣ ва маънавии инсон, балки ҳамон қисме, ки аз тарафи аъзоёни ҷомеа қабул мегардаду дар шуури онҳо реша давонда, шакли устуворро касб менамояд ва аз насл ба насли дигар ҳамчун як чизи боарзиш дар ин ё он шакл интиқол дода мешавад, ба фарҳанг мубаддал мешаванд. Аз ин нуқтаи назар, мафҳуми фарҳанг барои тавсифи марҳилаҳои таърихӣ (фарҳанги қадим, фарҳанги арсҳои миёна ва ғайра) барои тавсифи умумиятҳои гуногуни этникӣ (фарҳанги тоҷикон, аврупоиён, арабҳо ва ғайра) низ истифода бурда мешавад.

Зарурат ба таъкид аст, ки яке аз проблемаҳои муҳими сотсиология аз тарафи одамон баҳогузорӣ карда шудани фарҳанги ғайр (бегона) аст. Дар бисёр ҳолатҳо одамон фарҳанги ғайрро тавассути меъёру арзишҳои фарҳангии хеш баҳогузорӣ менамоянд. Чунин навъи баҳогузорӣ этносентризм номида мешавад. Мутаассифона, этносентризм ҳодисаи васеъ паҳнгардида мебошад. Шакли равшани зуҳури этносентризм ҳама гунна раванди миссионерӣ, талқин намудани дурустии афкору ақоиди динӣ-мазҳабии хеш ба пайравони дигар дину мазоҳиб, ҳамл намудани тарзи зиндагию ҷаҳонбинии хеш ба дигарон мебошад. Паҳнсозии ислому насрония, тарзи ҳаёти аврупоию шуравӣ ва амсоли инҳо намунаҳои равшани этносентризм ба ҳисоб мераванд. Ба этносентризм релятивизми фарҳангӣ, ки вижагиҳои ба худ хоси ҳар як фарҳангро эътироф менамояд, муқобил меистад. Тибқи ин фаҳмиш ҳар як фарҳанг ҳамон вақт дуруст фаҳмида ва баҳогузорӣ карда мешавад, ки агар дар зерматни худ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамчун як вуҷуди том баррасӣ гардад. Яъне, ин ё он меъёру арзиши фарҳангиро ҷудо аз фарҳанги кулл ҳамчун вуҷуди том баррасӣ намудан хато буда, чунин усул ба он оварда мерасонад, ки меъёру арзиши фарҳангии мазкур воқеъбинона баҳогузорӣ карда нашаванд. Ҳамзамон вижагиҳои ин ё он фарҳангро бе муқоиса бо вижагиҳои фарҳангии ғайр баррасӣ кардану онро чун ҷузъи фарҳанги умумиинсонӣ баҳогузорӣ накардан низ нодуруст баҳогузорӣ намудани равандҳои фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Дар сотсиология ҷанбаи иҷтимоии фарҳанг, яъне фарҳанг аз нуқтаи назари натиҷаи равандҳо ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар зери мафҳуми фарҳанг дар сотсиология маҷмӯи воситаҳо, тарзҳо, шаклҳо ва навъҳои ҳамкориҳои одамон бо муҳити зиндагӣ фаҳмида мешавад, ки онҳо барои нигоҳ доштани сохтори муайяни фаъолият ва муомилот коркард намудаанд. Бинобар ин, дар таҳлили сотсиологӣ фарҳанг аз ҳамон нуктаи назар мавридӣ баррасӣ қарор мегирад, ки бо танзими муносибатҳои одамон тавассути маҷмӯи идеалҳо, арзишҳо, меъёрҳо ва намунаҳои рафтор алоқаманд мебошанд.Ҳар як предмет, амал ё ҳодиса (сурат, нақш, дастфишорӣ, ханда ва ғайра) ҳамон вақт шомили маънои фарҳангӣ-иҷтимоӣ мегардад, ки агар барои одамон аҳамияте дошта, дар танзими рафтори онҳо нақше дошта бошад.

Унсурҳои асосии фарҳанг

Нақши фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа

Вазифаҳои баҳамоварӣ (интегративӣ) ва азҳамҷудосозии (дезинтегративӣ) фарҳанг

Тағйирпазирии фарҳанг


 Саволҳо барои андеша ва худсанҷӣ

  1. Таърифи фарҳангро баён намуда, онро шарҳ диҳед.
  2. Мундариҷаи мафҳумҳои «этносентризм» ва «релятивизми фарҳангӣ»ро кушоед.
  3. Навъҳои фарҳангро баён намоед.
  4. Унсурҳои асосии фарҳангро номбар кунед.
  5. Мақоми забонро дар доираи арзишҳои фарҳангӣ муайян намоед.
  6. Мафҳуми «арзиш»-ро шарҳ диҳед.
  7. Кадом навъи арзишҳоро медонед?
  8. Нақши меъёрҳои иҷтимоӣ, урфу одат ва анъанаро дар муаррифӣ намудани арзишҳои фарҳангӣ муайян намоед.
  9. Вазифаҳои фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа аз чӣ иборат аст?
  10. Дар бораи зерфарҳангҳо чӣ маълумот доред?
  11. Таъсири мутақобилаи фарҳанг ва иқтисодиётро муайян намоед.
  12. Моҳияти вазифаи интегративӣ ва дезинтегративии фарҳангро кушоед.
ҚаблӣПринсипҳои асосии таълимоти материалистии К. Маркс ва Ф.Энгелс дар бораи ҷомеа
БаъдӣУнсурҳои асосии фарҳанг (сотсиология)