Навъи ғайрианъанавии илмият. «Сотсиологияи фаҳманда»-и Г. Зиммел ва М. Вебер

Навъи ғайрианъанавии илмият. «Сотсиологияи фаҳманда»-и Г.Зиммел ва М.Вебер. Навъи гайрианъанавии илмият. «Сотсиологияи фахманда»-и Г.Зиммел ва М.Вебер.


Навъи ғайрианъанавии илмияти сотсиологияро мутафаккирони немис Г. Зиммел (1858-1918) ва М.Вебер (1864-1920) пешниҳод намудаанд. Мувофиқи андешаи онҳо чун қонунҳои табиат ва ҷамъият ба ҳам мухолифанд, аз ин рӯ, мавҷудияти ду навъи донишҳои илмӣ: донишҳо дар бораи табиат (табиатшиносӣ) ва донишҳо дар бораи фарҳанг (донишҳои гуманитарӣ)-ро бояд эътироф намуд.

Сотсиология бошад, ба андешаи онҳо, илмест, ки дар марзҳои ҳар дуи онҳо ҷойгир аст, бинобар ин вай бояд ҳама чизи беҳтаринро аз ҳар дуи онҳо иқтибос намояд. Ҳамин тариқ, сотсиология аз табиатшиносӣ истифодаи фактҳои дақиқ ва шарҳи сабабу натиҷагии воқеиятро, аз донишҳои гуманитарӣ бошад, методи фаҳмиш ва нисбатдиҳӣ ба арзишҳоро иқтибос менамояд.

Бояд ёдовар шуд,ки чунин тарзи фаҳмиши сотсиология аз он бармеояд, ки онҳо мафҳумҳоеро, чун «ҷомеа», «халқ», «инсоният», «коллективӣ»- ва ғайраро ба сифати предмети сотсиология инкор менамуданд. Ба андешаи онҳо предмети сосиология метавонад танҳо фард бошад, зеро маҳз ӯ шомили шуур, асос (мотив) барои аъмоли хеш ва рафтори оқилона мебошад. Г.Зиммел ва М.Вебер таъкид месохтанд, ки барои сотсиолог фаҳмидани ҳамин чиз муҳим аст, ки фарди амалкунанда ба амали хеш чӣ маънии субъективие мебахшад.Ба андешаи онҳо сотсиолог силсилаи амалҳои воқеии одамонро мушоҳида намуда, шарҳи онҳоро дар асоси асос(мотив)-ҳои ботиниии ин амалҳо дарёфт намояд. Ин ҷо ба сотсиолог ҳамин чиз кӯмак менамояд, ки дар вазъиятҳои монанд аксари одамон асос (мотив)-ҳои шабеҳро ба роҳбарӣ гирифта, яксон рафтор менамоянд.

Дар асоси фаҳмиши хеш дар бораи предмети сотсиология Г.Зиммел ва М. Вебер принсипҳои методологии зеринро коркард намудаанд, ки ба онҳо донишҳои сотсиологӣ такя менамоянд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

1) Талаботи аз ҷаҳонбинии илмӣ бартараф сохтани тасаввурот дар бораи мундариҷаи объективии донишҳои мо. Шарти ба илми воқеӣ табдил ёфтани донишҳои иҷтимоӣ ҳамин аст, ки вай бояд мафҳумҳо ва нақшаҳои худро ба сифати инъикоскунанда ё ифодаи худи воқеият ва қонунҳои он пешниҳод нанамояд. Донишҳои иҷтимоӣ бояд аз фарқияти усулии назарияҳои иҷтимоӣ ва воқеит маншаъ гирад.

2) Бинобар ин, сотсиология аз пешгӯиҳои илмӣ худро ба канор гирифта, ба ҷуз шарҳи сабабҳои ҳодисаҳои суратгирифта ба чизи дигаре бояд даъво пешниҳод нанамояд. Дар асоси ду қоидаи мазкур чунин таассуроте пайдо мешавад, ки назарияи сотсиологӣ мазмуни объективӣ надораду вай маҳсули соҳибихтиёрии интеллектуалист. Барои он ки ин таассурот бартараф шавад, мутафаккирон таъкид месозанд:

3) Мафҳумҳо ва назарияҳои сотсиологӣ маҳсули соҳибихтиёрии интеллектуалӣ намебошанд, зеро худи фаъолияти интеллектуалӣ ба қоидаҳои муайяни иҷтимоӣ, пеш аз ҳама қоидаҳои мантиқи шаклӣ ва арзишҳои уммумиинсонӣ тобеъ мебошанд.

4) Сотсиолог бояд донад, ки асоси механизми фаъолияти интеллектуалии ӯро нисбатдиҳии тамоми маълумотҳои эмпирикӣ ба ин арзишҳои умумиинсонӣ, ки самти умумиро барои тамоми тафаккури инсонӣ муайян месозад, ташкил менамояд. Чуноне ки М. Вебер навишта буд : «Нисбатдиҳӣ ба арзишҳо ба соҳибихтиёрии инфиродӣ ҳад мегузорад».

5) Тағйирёбии афзалиятҳои арзишии сотсиолог бо «манфиати замона», яъне шароитҳои иҷтимоӣ-таърихие, ки дар он ӯ фаъолият менамояд, сурат мегирад.

ҚаблӣНавъи классикии илмияти сотсиология. Таълимот дар бораи методи Э.Дюркгейм
БаъдӣПринсипҳои асосии таълимоти материалистии К. Маркс ва Ф.Энгелс дар бораи ҷомеа