Саволҳои тестӣ аз фанни Сотсиология. Саволхои тести аз фанни Сотсиология.
1.Асосгузори илми сотсиология кист?
А)Г.Спенсер. Б)М.Вебер. В)О.Конт Г)И.Кант Д)К.Маркс
2. Сотсиология илм дар бораи чист?
А)Тафаккур. Б)Ҳаёт. В)Инсон.Г)Ҷомеа.Д)Табиат
3 Дараҷаҳои илми сотсиологияро нишон диҳед.
А)Дараҷаи тадқиқотҳои бунёдӣ, дараҷаи тадқиқотҳои амалӣ, ҳандасаи иҷтимоӣ.
Б)Метафизика, диалектика, синергетика.
В)Микросотсиология, макросотсиология.
Г)позитивизм, неопозитивизм, постпозитивизм.
Д)сенсуализм, ратсионализм, эмпиризм.
4. Сохтори сотсиологияро муайян намоед.
А)Дараҷаи тадқиқотҳои бунёдӣ, дараҷаи тадқиқотҳои амалӣ, ҳандасаи иҷтимоӣ.
Б)Метафизика, диалектика, синергетика.
В)Микросотсиология, макросотсиология.
Г)позитивизм, неопозитивизм, постпозитивизм.
Д)сенсуализм, ратсионализм, эмпиризм.
5. Вазифаҳои сотсиологияро муайян намоед
А)Маърифатӣ, амалӣ, назорати иҷтимоӣ, пешбининамоӣ, ба нақшадарории иҷтимоӣ, идеологӣ, гуманистӣ.
Б)ахлоқӣ, тарбиявӣ, ҷаҳонбинӣ,арзишӣ , коммуникативӣ.
В)коммуникативӣ, баҳодиҳӣ, гуманистӣ, идеологӣ.
Г)пешбининамоӣ, маърифатӣ, ҷаҳонбинӣ, тарбиявӣ.
Д)коммуникативӣ, тарбиявӣ, баҳодиҳӣ, идеологӣ.
6. Падарони сотсиология киҳо ҳисоб мешаванд?
А)К.Маркс, Ф.Энгелс, В.И.Ленин.
Б)О.Конт, Г.Спенсер, Э.Дюркгейм, М.Вебер.
В)О.Конт, К.Маркс, М.Вебер, И.Кант.
Г)М.Вебер, Э.Дюркгейм, И.Кант, К.Маркс.
Д)К. Маркс, Ф.Энгелс, О.Конт, М.Вебер.
7. Кадом асар асоси пайдоиши илми сотсиология гардид?
А) «Манифести Партияи коммунистӣ»-и К. Маркс.
Б) «Материализм ва эмпириокритисизм»-и В.И.Ленин.
В) «Танқиди ақли амалӣ» -и И.Кант.
Г) «Курси фалсафаи позитивӣ»-и О.Конт.
Д) «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат»-и Ф.Энгелс.
8. «Курси фалсафаи позитивӣ» асари кист?
А)И.Кант.Б)М.Вебер.В) Э.ДюркгеймГ)К.Маркс.Д)О.Конт.
9. Тавассути кадом қонунҳо О.Конт зарурати илми сотсиологияро асоснок намудааст?
А)Қонун дар бораи се марҳилаи инкишофи интеллектуалии инсон, қонун дар бораи нақши муайянкунандаи ҳастии ҷамъиятӣ нисбат ба шуури ҷамъиятӣ, қонуни инкори инкор.
Б)Қонуни инкори инкор, қонуни тақсимот ва иттиҳодияҳои меҳнатӣ, қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо.
В) Қонун дар бораи се марҳилаи инкишофи интеллектуалии инсон, қонуни тақсимот ва иттиҳодияҳои меҳнатӣ.
Г) Қонуни тақсимот ва иттиҳодияҳои меҳнатӣ, қонуни ба ҳам мувофиқ омадани сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ба характери рушди муносибатҳои истеҳсолӣ.
Д) Қонуни ғунҷоиши аҳолӣ, қонуни тақсимот ва иттиҳодияҳои меҳнатӣ, қонуни инкори инкор.
10. Ибни Халдун кист?
А)Поягузори илми сотсиология дар Шарқ.
Б)Асосгузори фалсафаи исломӣ
В)Мутафаккири тоҷику форс.
Г) Файласуфи шинохтаи Юнони қадим.
Д)Математики машҳури араб.
11. «Муқаддима» асари кист ва ба кадом аср тааллуқ дорад?
А)Форобӣ, қарни IX.
Б)Сино, қарни X.
В)Берунӣ, қарни X.
Г)Арасту, қарни IV то милод.
Д)Ибни Халдун, қарни XV.
12. Асари машҳури Ибни Халдун чӣ ном дорад?
А) Иқтисод ва ҷомеа.
Б) Сотсиология.
В) Мадинаи фозила.
Г) Муқаддима.
Д)Осор-ул-боқия.
13. Марҳилаҳои асосии инкишофи интеллектуалии инсон дар таълимоти О.Конт чӣ ном доранд?
А)Дунёи Қадим, асрҳои миёна, эҳё.
Б)Асрҳои миёна, эҳё, муосир.
В)позитивизм, неопозитивизм, постпозитивизм.
Г)Теологӣ, метафизикӣ, позитивӣ.
Д)индустриализм, постиндустриализм, модернизм.
14. Қонуни дуюме, ки тавассути он О.Конт зарурати илми «сотсиология»ро асоснок намудааст, чӣ ном дорад?
А)Марҳилаҳои рушди қобилияти интеллектуалии инсон.
Б)Ғунҷоиши аҳолӣ.
В) қонуни тақсимот ва иттиҳодияҳои меҳнатӣ.
Г)Нақши муайянкунандаи ҳастии ҷамъиятӣ нисбат ба шуури ҷамъиятӣ.
Д) Қонуни инкори инкор.
15. Заминаҳои иҷтимоии пайдоиши илми «Сотсиология»-ро муайян намоед.
А)Буҳрони муносибатҳои иҷтимоӣ дар Аврупои асри XIX.
Б)Инкишофи босуръати илму техника.
В)Ташаккул ёфтани илми ҷомеашиносии нав.
Г)Ҷанги байни давлатҳо дар Аврупо.
Д) Пастшавии сатҳи накӯаҳволии мардум.
16. «Иқтисод ва ҷомеа» асари кист?
А) К.Маркс.Б) М. Вебер.В)Э.Дюркгейм.Г)О.Конт.Д.) Г.Спенсер.
17. Фаҳмиши материалистии таърих дар кадом асари К.Маркс баён ёфтааст?
А)Капитал
Б)Манифести Партияи Коммунистӣ.
В)Муқаддима ба «Танқиди иқтисоди сиёсӣ».
Г) Қашшоқии фалсафа.
Д) Идеологияи немис.
18. «Руҳи сармоядорӣ ва ахлоқи паротестантӣ» асари кист?
А)К.Маркс.Б)Ф.Энгелс.В)М.Лютер.Г)М.Вебер.Д)О.Конт.
19. Предмети сотсиологияро дар таълимоти Э. Дюркгейм муайян намоед.
А)Факти иҷтимоӣ.
Б)Рафтори иҷтимоӣ.
В)Муносибатҳои иҷтимоӣ.
Г)Донишҳои иҷтимоӣ.
Д)Сиёсати иҷтимоӣ.
20. «Қоидаҳои методи сотсиологӣ» асари кист?
А) М.Вебер.Б) Э.Дюркгейм.В)О.Конт.Г)П.Сорокин.Д)К.Маркс.
21. Асари «Худкушӣ» ба кадом мутафаккир мансуб аст?
А)Э. Дюркгейм. Б)О.Конт. В)М.Вебер. Г)К.Маркс, Д)П.Сорокин.
22. Предмети сотсиологияро дар таълимоти М. Вебер муайян намоед.
А)Факти иҷтимоӣ.
Б)Рафтори иҷтимоӣ
В)Донишҳои ҷтимоӣ.
Г)Сиёсати иҷтимоӣ.
Д)Муносибатҳои иҷтимоӣ.
23. Асари «Сувари бунёдии ҳаёти динӣ» ба кӣ мансуб аст?
А)П.Сорокин.Б)О.Конт.В) Э.Дюркгейм.Г)М.Вебер.Д)К.Маркс.
24. Дар сотсиология дар зери мафҳуми «фарҳанг» ба маънои васеъяш чӣ фаҳмида мешавад?
А)Маҷмӯи тарзу усул ва шаклу воситаҳои таъсири мутақобилаи инсон бо муҳити зист.
Б)Маҷмӯи тарзу рафтор ва кирдору одоб.
В)Маҷмӯи урфу одат ва эътиқоду анъанаҳо.
Г)Маҷмӯи арзишҳои моддии инсоният.
Д)Маҷмӯи арзишҳои динию дунявии одамон.
25. Тибқи андешаи О. Конт сотсиология бояд ба кадом метод такя намояд?
А)Индуктивӣ.Б)Дедуктивӣ.В)Эмпирикӣ Г)Ратсионалӣ.Д)Позитивӣ.
26. О.Конт сотсиологияро ба кадом қисматҳо тақсим намудааст?
А)Метафизика, мантиқ, илоҳиёт.
Б)Таҳарруки иҷтимоӣ, мантиқ, илоҳиёт.
В)Истони иҷтимоӣ, таҳарруки иҷтимоӣ.
Г)Истони иҷтимоӣ, таҳарруки иҷтимоӣ, мантиқ.
Д) Метафизика, истони иҷтимоӣ, таҳарруки иҷтимоӣ.
27. Яке аз муаррихони шинохтаи сотсиология Ю.Н. Давидов кадом навъҳои илмияти сотсиологияро зикр намудааст?
А)Классикӣ, ғайриклассикӣ, мобайнӣ ё эклектикӣ.
Б)мантиқӣ, ратсионалӣ, эклектикӣ.
В)Эмпирикӣ, классикӣ, ғайриклассикӣ.
Г)Эклектикӣ, классикӣ, мантиқӣ.
Д)Ғайриклассикӣ, эклектикӣ, эмпирикӣ.
28. Навъи классикии илмият дар кадом асар беҳтар матраҳ шудааст?
А) «Иқтисод ва ҷомеа»-и М.Вебер.
Б) «Руҳи сармоядорӣ ва ахлоқи протестантӣ»-и М.Вебер.
В) «Қоидаҳои методи сотсиологӣ»-и Э.Дюркгейм.
Г) «Муқаддима»-и Ибни Халдун.
Д) «Курси фалсафаи позитивӣ»-и О. Конт
29. «Қоидаҳои методи сотсиологӣ» асари кист?
А)О.Конт. Б)М.Вебер. В)Э.Дюркгейм. Г)Г.Зиммел. Д) К.Маркс.
30. Навъи ғайриклассикии илмияти сотсиология аз тарафи кӣ коркард шудааст?
А) Г.Зиммел ва О.Конт.Б)К.Маркс ва Ф.Энгелс.В)О.Конт ва М.Вебер.
Г)Г. Зиммел ва М.Вебер.Д)О.Конт ва Г.Зиммел.
31. Андешаи «Сотсиология аз табиатшиносӣ пайравӣ ба фактҳои дақиқ ва шарҳи сабабию натиҷавии воқеият ва аз илмҳои гуманитарӣ методи фаҳмиш ва рабтсозӣ ба арзишҳоро иқтибос менамояд» ба кадоме аз мутафаккирон мутааллиқ аст?
А)О.Конт ва М.Вебер.
Б)К.Маркс ва Ф.Энгелс.
В)Г.Зиммел ва М.Вебер.
Г)Э.Дюркгейм ва О.Конт.
Д)О.Конт ва Г.Зиммел.
32. Мафҳуми «табиати дуюм» чиро ифода менамояд?
А)Фарҳангро ба маънои урфу одат ва рафтору кирдори одамон.
Б)Фарҳангро ҳамчун маҷмӯи анъанаю эътиқод ва арзишҳои таърихро.
В)Фарҳангро ҳамчун маҷмӯи ҳамаи чизеро, ки маҳсули эҷоди инсон аст.
Г)Фарҳангро ҳамчун маҷмӯи арзишҳои маънавии инсонро.
Д)Фарҳангро ҳамчун маҷмӯи арзишҳои моддии инсонро.
33. Фарҳанг ба маънои маҳдудаш дар сотсиология чиро ифода менамояд?
А)Маҷмӯи донишҳои динию дунявии инсонро.
Б)Маҷмӯи арзишҳои моддии инсонро.
В)Маҷмӯи танҳо қоидаҳои рафторро.
Г)Маҷмӯи қоидаҳои рафтор ва намунаи одобу кирдор, эътиқоду арзишҳои барои гурӯҳи муайяни одамон муштаракро.
Д)Маҷмӯи анъанаҳои миллии одамонро.
34. Этносентризм кадом маъниро ифода менамояд?
А)Миллатпарастиро.
Б)Азиз шуморидани урфу одатҳои миллии худро.
В)Фарҳанги худро меъёр баҳо дода, ба фарҳангҳои ғайр баҳогузорӣ намуданро.
Г)Фарҳанги худро аз фарҳанги дигарон боло гузоштанро.
Д)Урфу одатҳоро дар маркази фарҳанг қарор доданро.
35. Ба этносентиризм чӣ муқобил меистад?
А) Объективизми фарҳангӣ.Б)Модернизми фарҳангӣ.В)Ревизионизми фарҳангӣ.
Г)Позитивизми фарҳангӣ.Д)Релятивизми фарҳангӣ.
36. Мафҳуми «Релятивизми фарҳангӣ» чиро ифода менамояд?
А)Ба ҳам муқобил гузоштани фарҳангҳоро.
Б)Ба ҳам омехта намудани фарҳангҳоро.
В)Эътирофи вижагиҳои хоси ҳама гуна фарҳангро.
Г)Фарҳанги худро меъёри баҳодиҳии дигар фарҳангҳо қарор додан.
Д)Фарҳанги хешро ба дигар фарҳангҳо шабеҳ нишон доданро.
37. Забонро ҳамчун унсури асосии фарҳанг таъриф намоед.
А)Олати нутқ буда, дар ковокии даҳон ҷойгир аст.
Б)Узви бадани инсон аст, ки ба хӯрдани хӯрок кӯмак менамояд.
В)Воситаи эҷоди дӯстӣ байни одамон аст.
Г)Ҳамчун унсури рамзӣ-аломатии фарҳанг воситаи асосии муоширати байни одамон буда, вазифаи ҷамъ овардан, ҳифз кардан ва интиқоли таҷрибаи инсониро адо менамояд.
Д)Воситаи ифшои асрори қалб аст.
38. Арзиш чист?
А) Хосияти ин ё он предмет ё ҳодисаи ҷамъиятӣ буда, аз қонеъ сохтани талаботҳо, хоҳишҳо ва манфиатҳои одамон иборат мебошад. Б)Воситаи муайян сохтани қимати ашёст.
В) Воситаи муайян сохтани рафтори одамон аст.
Г) Воситаи муқоиса намудани предмету ҳодисаҳои мухталиф аст.
Д) Меъёри баҳодиҳии неъматҳои моддист.
39. Дар сотсиология мафҳуми зерфарҳанг чиро ифода менамояд?
А) Маҷмӯи унсурҳои фарҳангии тамоми башариятро.
Б) Воситаи муттаҳидсозии фарҳангҳои гуногунро.
В) Шакли фарҳангро, ки аз фарҳанги миллӣ, динӣ, умумибашарӣ бо вижагиҳои хоси худ фарқ менамояд.
Г) Шакли ифодаи арзишҳои моддиро.
Д) Шакли ифодаи арзишҳои моддӣ ва маънавиро.
40. Маҷмӯи рамзҳо, эътиқодот, арзишҳо, қонуну қоидаҳои рафтору одоб, ки ин гурӯҳ ё умумияти иҷтимоиро аз дигараш фарқ менамояд, чӣ номида мешавад?
А)Анъана.
Б)Эътиқод.
В)Фарҳанги касбӣ.
Г)Урфу одат.
Д)Зерфарҳанг.
41. Маҷмӯи рамзҳо, арзишҳо, қонуну қоидаҳои рафтор, ки барои ин ё он гурӯҳи касбӣ умумӣ мебошад, чӣ ном дорад?
А)Зерфарҳанги эътиқодӣ.
Б)Зерфарҳанги миллӣ.
В)Зерфарҳанги таърихӣ.
Г)Зерфарҳанги касбӣ.
Д)Зерфарҳанги оилавӣ.
42. Зерфарҳанги эътиқодӣ дар асоси чӣ ташаккул меёбад?
А)Дар асоси умумияти расму маросимҳои миллӣ.
Б)Дар асоси умумияти забону урфу одатҳои динӣ.
В)Дар асоси умумияти тарзи зист.
Г)Дар асоси умумияти одоби муошират.
Д)Дар асоси умумияти эътиқоди динӣ.
43. Истилоҳи «Фарҳанги миллӣ» чиро ифода менамояд?
А)Маҷмӯи рамзҳо, эътиқодот, арзишҳо, ва қоидаҳои рафтору одобро, ки ин ё он ҷомеаи инсониро дар ин ё он мамлакат тавсиф менамояд.
Б)Маҷмӯи арзишҳои моддии миллатро дар фазои ҳудудии муайян.
В)Маҷмӯи арзишҳои маънавии халқиятҳои гуногунро.
Г)Маҷмӯи арзишҳои моддию маънавии ин ё он ҷомеаро.
Д)Маҷмӯи арзишҳои ҷомеаи феодалиро.
44. Вазифаҳои фарҳанг кадоманд?
А)Ҷаҳонбинӣ, методологӣ, коммуникативӣ.
Б)Маърифатӣ-тарбиявӣ, муттаҳидсозандаю тафриқаандозанда,танзимнамоӣ.
В)Коммуникативӣ, методологӣ, танзимнамоӣ.
Г)Танзимнамоӣ, коммуникативӣ, ҷаҳонбинӣ.
Д)Маърифатӣ-тарбиявӣ, методологӣ, ҷаҳонбинӣ.
45. Унсурҳои асосии сохтори иҷтимоии ҷомеа кадоманд?
А)Фардҳо,иттиҳоди фардҳо, давлат.ҳизбҳо.
Б)Ҳизбҳо, давлат, умумиятҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ.
В)Фардҳо, иттиҳоди фардҳо, умумиятҳои иҷтимоӣтерриториявӣ,умумиятҳои этникӣ ва дигар навъи умумиятҳо.
Г)Миллат, давлат, аҳзоби сиёсӣ.
Д)Фард, Фардият, шахсият, миллат.
46. Дар таърифи ленинии синфҳо чанд аломат зикр шудааст ва кадомаш асосӣ мебошад?
А)3 аломат, асосӣ 1.
Б)4 аломат, асосӣ 3.
В)5 аломат, асосӣ 2.
Г) 4 аломат, асосӣ 2.
Д) 4 аломат, асосӣ 1.
47. Тибқи таърифи В.И. Ленин синфҳоро бо кадом аломатҳояшон фарқ месозанд?
А)Мақомашон дар системаи таърихан муайяни истеҳсолоти ҷамъиятӣ, даромадашон аз воситаҳои истеҳсолот, нақшашон дар ташкили меҳнат, тақсимоти одилонаи даромад.
Б)Муносибат ба воситаҳои истеҳсолот, мақомашон дар системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, нақшашон дар ташкили ҷамъиятии меҳнат, муносибат ба давлат ва ҳукумат.
В)Муносибат ба ҳамдигар, даромад аз воситаҳои истеҳсолот, тақсимоти ҷамъиятии меҳнат.
Г)Нақш дар ташкили ҷамъиятии меҳнат, муносибат ба давлат ва ҳукумат, даромад аз воситаҳои истеҳсолот.
Д)Мақоми худ дар системаи таърихан муайяни истеҳсолоти ҷамъиятӣ, муносибати худ ба воситаҳои истеҳсолот, нақши худ дар ташкили ҷамъиятии меҳнат, аз рӯи тарз ва ҳаҷми гирифтани он ҳиссаи боигарии ҷамъиятӣ, ки дар ихтиёри худ доранд.
48. Синфҳои асосӣ гуфта кадом синфҳоро меноманд?
А)Он синфҳоеро меноманд, ки мавҷудияти онҳо аз муносибатҳои иқтисодии форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодии ҳукмрон бармеояд.
Б)Он синфҳоеро меноманд, ки дар идоракунии ҷомеа нақши фаъол мебозанд.
В)Синфҳои коргар ва деҳқонро дар ҷомеаи сармоядорӣ.
Г)Синфҳои мазлумро дар ҳама гуна синфҳо.
Д)Синфҳои ҳукмронро дар ҳама гуна форматсияҳо.
49. Синфҳои ғайриасосӣ гуфта кадом синфҳоро меноманд?
А)Он синфҳоеро меноманд, ки соҳиби воситаҳои истеҳсолот нестанд.
Б)Боқимондаи синфҳои пешин ва синфҳои нав тавлидшавандаро дар ҳама гуна форматсияҳо.
В)Синфҳои мазлумро дар ҳама гуна форматсияҳо.
Г)Синфҳои коргару деҳқонро дар ҷомеаи сотсиалистӣ.
Д)Он синфҳоеро меноманд, ки ба ҳукумат муносибати душманона доранд.
50. Дар сохтори иҷтимоии ҷомеа қишру табақаҳои иҷтимоӣ киҳоро ифода менамоянд?
А)Синфҳои аз ҳокимият рафтаро.
Б)Соҳибони воситаҳои истеҳслотро.
В)Гурӯҳҳои ҷамъиятии мобайнӣ ё гузарандаро, ки муносибати хосу равшан ба воситаҳои истеҳсолот надоранд ва аз ин сабаб шомили аломатҳои синф нестанд.
Г)Қисми ғайрифаъоли синфҳои асосиро.
Д)Гурӯҳ ё табақаҳои мазлуми аҳолиро.
51. Ба назарияи марксистӣ оид ба синфҳо дар сотсиологияи ғайримарксистии Ғарб кадом назария муқобил меистад?
А)Назарияи индустриалии ҷомеа.
Б)Назарияи постиндустриалии ҷомеа.
В)Назарияи табақабандии иҷтимоии ҷомеа.
Г)Назарияи таҳарруки иҷтимоии ҷомеа.
Д)Назарияи навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ.
52. Тибқи назарияи табақабандии ҷомеа қишр ё табақа гуфта чиро меноманд?
А)Гурӯҳеро, ки дар сари қудрат аст.
Б)Умумияти амалан вуҷуддоштаеро, ки одамонро дар асоси ким-кадом аломат, манфиат, мавқеъ ва ё ягон хусусияти дигари умумӣ муттаҳид месозад ва бад-ин васила ин умумиятро аз умумияти дигар фарқ менамояд.
В)Умумиятеро, ки дар тақсими неъматҳои моддӣ саҳмдор нест.
Г)Умумиятеро, ки дар мубориза баҳри ҳокимият мағлуб удааст.
Д)Умумиятеро, ки дар ташкили ҷмъиятии меҳнат нақши ҳалкунандаро мебозад.
53. Таърифи марксистии синфҳоро кӣ додааст?
А) В.И.Ленин. Б)К.Маркс. В)Ф.Энгелс. Г)Плеханов. Д)И.В.Сталин.
54. Истилоҳи зудҳаракатии иҷтимоӣ аз тарафи кӣ ба сотсиология ворид карда шудааст?
А)О.Конт. Б)М.Вебер. В)П.А.Сорокин. Г)Г.Зиммел. Д)Э.Дюркгейм.
55. Мафҳуми «зудҳаракатии иҷтимоӣ» чиро ифода менамояд?
А)Аз як дин ба дини дигар гузаштанро.
Б)Ба вуҷудории синф ё қишри навро.
В)аз тарафи фард ё гурӯҳ тағйир додани мақоми иҷтимоияшро дар сохтори иҷтимоии ҷомеа.
Г)Аз ҳуқуки шаҳрвандӣ маҳрум гардиданро.
Д)Дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ нақши фаъол бозиданро.
56. Дар зери мафҳуми «тағйироти иҷтимоӣ» чиро бояд фаҳмид?
А)Ба ҷои ҷомеаи ибтидоӣ омадани ҷомеаи ғуломдориро.
Б)Ба дараҷаи баландтар расидани сатҳи накӯаҳволии халқро.
В)Инкишофи босуръати илму техникаро.
Д)Гузариши системаҳо, умумиятҳо, ниҳодҳо ва ташкилотҳои иҷтимоиро аз як ҳолат ба ҳорлати дигар.
57. Мафҳуми «рушд» ба маънои васеъ чиро ифода менамояд?
А)Тағйирёбии мақсаднок ва барнагардандаи объектҳои моддӣ ва маънавиро.
Б)Сатҳи баланди инкишофи илму техникаро.
В) Ба истифода дода шудани намудҳои навтарини техникаро.
Г)Ташаккули шахсияти нави ҷомеаро.
Д)Васеъ паҳн гардидани доираи аҳкоми диниро.
58. Равандҳои таҳаввули иҷтимоӣ ва инқилоби иҷтимоӣ аз ҳам чӣ фарқ доранд?
А) Бо самти тағйирёбӣ.
Б)Бо соҳаи тағйирёбӣ.
В)Бо суръат ва сифати тағйирёбӣ.
Г)Бо субъекти тағйирот.
Д)Бо марҳилаҳои тағйирёбӣ.
59. Таълимоти таҳаввули иҷтимоӣ нисбатан равшантар аз тарафи кӣ пешниҳод шудааст?
А)О.Конт ва М.Вебер.
Б)П.А.Сорокин ва М.Вебер.
В)К.Маркс ва Ф.Энгелс.
Г)Г.Спенсер ва Э.Дюркгейм.
Д)Г.Зиммел ва О.Конт.
60. Асоси назарияи индустриалии ҷомеаро киҳо гузоштаанд?
А)Д.Белл ва З.Бжезинский.
Б)А.Тоффлер ва Д.Белл.
В)А.Турэн ва Ж.Фурасте.
Г)П.Сорокин ва Г.Зиммел.
Д)Р.Арон ва У ростоу.
61. Назарияи постиндустриалии ҷомеа кай пайдо шудааст ва намояндагони машҳури он киҳо буданд?
А)Солҳои 60-уми асри XX , намояндагони машҳураш У.Ростоу ва Р. Арон.
Б)Солҳои 70-уми асри XX, намояндагони машҳураш Д.Белл, З.Бжезинский, А. Тоффлер, A.Турэн ва Ж. Фурасте.
В)Солҳои 70-уми асри XIX, намояндагони машҳураш К.Маркс ва Ф. Энгелс.
Г)Миёнаҳои асри XIX , намояндагони машҳураш О.Конт, М.Вебер, Э.Дюркгейм.
Д) Нимаи дуюми асри XX, намояндагони машҳураш Д.Медоуз, Д.Форресте, М.Месарович ва Э.Пестел.
62. Назарияи дигаргунсозии инқилобии ҷомеа аз тарафи кӣ коркард шудааст?
А)О.Конт ва М.Вебер.
Б)К.Маркс ва Ф.Энгелс.
В)Р.Арон ва У Ростоу.
Г)П.Сорокин ва Н.Я.Данилевский.
Д)Э.Дюркгейм ва М.Вебер.
63. Ба таълимоти инкишофи прогрессивии ҷомеа кадом назария муқобил меистад?
А)Назарияи ленинии синфҳо. Б)Назарияи ҷомеаи индустриалӣ.
В) назарияи ҷомеаи постиндустриалӣ. Г)Назарияи навъҳои таърихӣфарҳангӣ. Д)Назарияи фаҳмиши материалистии таърих.
64. Дар сотсиология дар зери мафҳуми «сохтори иҷтимоӣ» чиро бояд фаҳмид?
А)Маҷмӯи унсурҳои системаи иҷтимоӣ ва робитаи устувори байни онҳоро.
Б))Маҷмӯи фардҳо, гурӯҳҳо, ҳизбҳоро.
В)Маҷмӯи ташкилоту ниҳодҳои иҷтимоиро.
Г)Маҷмӯи қонуну қавоид дар системаи иҷтимоиро.
Д)Сохторҳои қудратии ба танзимдарорандаи муносибатҳои иҷтимоиро.
65. Унсурҳо асосии сохтори иҷтимоӣ кадоманд?
А)Фардҳо, ниҳодҳо, ҳизбҳо.
Б)Ҳизбҳо, давлат, иттифоқҳои касаба.
В)Фардҳо, иттиҳоди фардҳо, умумиятҳои этникӣ, иҷтимоӣ-ҳудудӣ ва ғ.
Г)Гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ.
Д)Мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
66. Ҷанини сохтори иҷтимоиро дар сотсиологияи марксистӣ чӣ ташкил менамояд?
А)Ҳизбҳо. Б)Давлат. В)Қишрҳои иҷтимоӣ. Г)Синфҳо. Д)Ташкилотҳои иҷтимоӣ.
67. Аввалин маротиба таърифи синфҳоро ба таври илмӣ кӣ пешниҳод намудааст?
А)К.Маркс. Б)Ф.Энгелс. В)Ф.Гизо. Г)А.Смит. Д)В.И.Ленин.
68. Қишрҳои иҷтимоиро муайян намоед.
А)Синфҳои асосии ҳар як форматсияро.
Б) Синфҳои ғайриасосиро.
В)Гурӯҳҳои ҷамъиятии гузаранда ё мобайниро меноманд, ки муносибати равшану барҷаста ба воситаҳои истеҳсолот надоранд ва шомили тамоми сифатҳои синф нестанд.
Г)Синфи коргару деҳқонро дар ҷомеаи сотсиалистӣ.
Д)Гурӯҳҳои муташаккили ҷомеаҳои синфиро.
69. Дар натиҷаи чӣ ҷомеаро бӯҳрони иҷтимоӣ фаро мегирад?
А)Дар натиҷаи сатҳи пасти накӯаҳволии мардум.
Б)Дар натиҷаи сатҳи пасти маош.
В)Дар натиҷаи камшавии даромаднокии аҳолӣ.
Г)Дар натиҷаи муборизаи байниҳамдигарии қувваҳои носолими ҷомеа.
Д)Дар натиҷаи вайроншавии механизми назорат аз болои иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг.
70. Низоъ чист?
А)Афзалият пайдо намудани манофеи як гурӯҳ нисбат ба гурӯҳи дигар.
Б)Шиддат ёфтани вазъи иҷтимоӣ.
В)Норизогии халқ азсиёсати пешгирифтаи ҳокимият.
Г)Бархӯрди мақсад, мавқеъ, афкор ва ақоиди одамон бо ҳамдигар.
Д)Ба корпартоӣ ё гуруснашинӣ даст задани қисме аз одамон.
71. Муҳимтарин масоили илми низоъшиносӣ кадомҳоянд?
А)Гирифтанипеши роҳи шиддати вазъи иҷтимоӣ.
Б)Ҳал намудани низоъҳои иҷтимоӣ.
В)Муайян намудани сарчашмаи низоъҳои иҷтимоӣ.
Г)Муайян намудани нерӯҳои асосӣ дар низоъ ва дарёфти роҳҳои ҳалли низоъ.
Д)Оё ҷомеа метавонад бе низоъ вуҷуд дошта бошад? Низоъ ҳамчун зуҳури дисфунксияи ташкилотҳо аномалия дар ҳаёти ҷамъиятист ё он шакли зарурии ҳамкории иҷтимоии одамон аст?
72. «Низоъ ҳамчун унсури зарурии ҳаёти иҷтимоӣ, ки барои ба ҳолати мувозана овардани ҷомеа мусоидат менамояд» дар таълимоти кадом муҳаққиқон қайд мегардад?
А)К.Маркс, Ф.Энгелс, В.И.Ленин.
Б)Г. Зиммел, Р.Дарендорф, Л.Козер.
В)М.Вебер, Э.Дюркгейм. Г)О.Конт, М.Вебер.
Д)О.Конт, Э.Дюркгейм.
73. Консепсияи марксистии низоъ ба кадом таълимот асос меёбад?
А)Ба таълимот дар бораи зиддиятҳои иҷтимоӣ ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи ҷомеа.
Б)Ба таълимот дар бораи нақши муайянкунандаи ҳастии ҷамъиятӣ нисбат ба шуури ҷамъиятӣ.
В)Ба таълимот дар бораи таносуби қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ.
Г)Ба таълимот оид ба пайдоиши давлат.
Д)Ба таълимот дар бораи ду фазаи ҷамъияти коммунистӣ.
74. Тибқи таълимоти марксистӣ асоси низоъи иҷтимоиро чӣ ташкил медиҳад?
А)Ба ҳам мувофиқ наомадани мавқеъҳои сиёсӣ.
Б)Ихтилоф байни аҳзоби сиёсӣ.
В)Мубориза барои моликият.
Г)Бад будани вазъи иҷтимоӣ.
Д)Ихтилоф байни аҳдофи сиёсии аҳзоби сиёсӣ.
75. Сабаби низоъро тибқи ақидаи Р.Дарендорф муайян намоед.
А)Ихтилоф байни аҳдофи сиёсӣ.
Б)Кӯшиш баҳри бартарият.
В)Мубориза барои моликият.
Г)Ба ҳам мувофиқ наомадани мавқеъҳои сиёсӣ.
Д)Вазъи бади иҷтимоӣ.
76. Дар тадқиқоти эмпирикии сотсиологӣ марҳилаҳои асосиро муайян намоед.
А)Омодагӣ, асосӣ, хотимавӣ. Б)Омодагӣ, рушд, анҷом.
В)Пайдоиш,ташаккул, рушд. Г)Омодагӣ, пайдоиш, рушд.
Д) Ҷамъоварии мавод, таҳлил ҷамъбаст.
77. Дар марҳилаи «омодагӣ»-и тадқиқоти сотсиологӣ кадом амал сурат мегирад?
А)Ҷамъоварии мавод. Б)Омӯзиши сарчашмаҳо.
В)Коркарди барномаи тадқиқотӣ. Г)Таҳлили сарчашмаҳо.
Д)Омӯзиши объекти тадқиқот.
78. Вазифаи марҳилаи «асосӣ»-и тадқиқоти сотсиологӣ аз чӣ иборат аст?
А)Коркарди барномаи тадқиқотӣ.
Б)Гузаронидани тадқиқоти эмпирикии сотсиологӣ.
В)Таҳлили маводҳои ҷамъоваришуда.
Г)Омӯзиши сарчашмаҳо.
Д)Омӯзиши муҳити гузаронидани тадқиқот.
79. Кадоме аз амалҳои зерин дар марҳилаи «хотимавӣ»-и тадқиқоти сотсиологӣ сурат мегиранд?
А)Коркарди метод ва барномаи тадқиқот.
Б)Омӯзиши сарчашмаҳо.
В)Коркард ва таҳлили маводҳо, хулоса ва тавсияҳо.
Г)Омӯзиши муҳити гузаронидани тадқиқот.
Д)Гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ.
80. Нишонаҳои асосӣ ва мукаммали проблемаи истеҳсолиро дуруст муайян намоед.
А)Воқеан ошкор намудани проблема ва ҷузъиёти он, сабабҳои пайдоиши проблема, моҳияти проблема, натиҷаи проблема.
Б)Моҳият ва мундариҷаи проблема, сабабҳои пайдоиши проблема, натиҷаи проблема.
В)Ташаккулёбии проблема, моҳияти проблема, иҷрои проблема, оғози проблема, анҷоми проблема.
Г)Дарк ва аз худ намудани проблема, аҳамияти проблема, зарурати ҳалли проблема.
Д)Моҳият ва мундариҷаи проблема, ба таври воқеӣ ошкор намудани проблема бо ҷузъиёти он, дарк ва аз худ намудани проблема, аҳамияти мутлақ ва нисбии проблема, хосиятҳои замонии проблема.
81. Барномаи тадқиқи проблема аз кадом қисматҳо иборат аст?
А)Назариявӣ, методӣ, ташкилӣ. Б)Омодагӣ, назариявӣ, методӣ.
В)методӣ, ташкилӣ, ҷамъбастӣ. Г)Омодагӣ,таҳлилӣ, ҷамъбастӣ.
Д)Омӯзишӣ, таҳлилӣ, ҷамъбастӣ.
82. Қисмати назариявии барномаи тадқиқи проблема кадом амалҳоро дарбар мегирад?
А)Нақшаи таҳқиқот, тартиби таҳқиқи қисматҳо, мақсад ва вазифаҳо.
Б)Мақсад, вазифаҳо, предмет ва объекти тадқиқот, таърифи мафҳумҳо.
В)Мақсад, нақшаи тадқиқот, асосноккунии интихоб.
Г)Асосноккунии интихоб, нақшаи таҳқиқот, вазифаҳо.
Д)Вазифаҳо, нақшаи таҳқиқот, асосноккунии таҳқиқот.
83. Қисмати методии барномаи таҳқиқи проблема аз кадом амалҳо иборат мебошад?
А)Муайян намудани мақсад, вазифаҳо, нақшаи таҳқиқот.
Б)Муайян намудани нақшаи таҳқиқот, тартиби таҳқиқи қисматҳо, мақсад.
В)Асосноккунии интихоб, асосноккунии методи ҷамъоварии маълумотҳо, методҳои коркард ва таҳқиқи маълумотҳо.
Г)Муайян намудани предмет ва объекти тадқиқот, таърифи мафҳумҳо, мақсад, вазифаҳо.
Д)Муайян намудани мақсад, вазифаҳо, нақшаи таҳқиқот, предмет ва объекти тадқиқот.
84. Кадом амалҳо ба қисмати ташкилии барномаи тадқиқи проблема дохил мешаванд?
А)Муайян намудани мақсад, нақшаи таҳқиқот, вазифаҳо.
Б)Муайян намудани нақшаи таҳқиқот, тартиби таҳқиқи қисматҳо, вазифаҳо.
В)Муайян намудани мақсад, вазифаҳо, нақшаи таҳқиқот.
Г)Асосноккунии интихоб, тартиби таҳқиқи қисматҳо, мақсад, вазифаҳо.
Д)Муайян намудани нақшаи таҳқиқот, тартиби таҳқиқи қисматҳо, тақсими захираҳои инсонию молиявӣ ва ғ.
85. Дар илми сотсиология асосан чанд усули ҷамъоварии маълумотҳо мавҷуд мебошанд ва онҳо кадоманд?
А)4 усул: пурсиши иҷтимоӣ, анкета, интервю, мушоҳида.
Б)4 усул: пурсиши иҷтимоӣ, мушоҳида, таҳлили ҳуҷҷатҳо, санҷиш.
В)5 усул: пурсиши иҷтимоӣ, анкета, интервю, мушоҳида, таҳлили ҳуҷҷатҳо.
Г)3 усул: пурсиши иҷтимоӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳо, анкета.
Д)3 усул: пурсиши иҷтимоӣ, санҷиш интервю.
86. Методи пурсиш чӣ тавр табақабандӣ карда мешавад?
А)Тавассути анкетапуркунӣ, аз рӯи мушоҳидаҳо, фардӣ ва гурӯҳӣ.
Б)Дар вобастагӣ ба шакли муносибат: рӯбарӯ ва ғоибона, аз рӯи миқдори респондентҳо фардӣ ва гурӯҳӣ.
В)Фардӣ ва гурӯҳӣ, оилавӣ, коллективона.
Г)Аз рӯи миқдори респондентҳо:фардӣ ва гурӯҳӣ, тавассути анкета.
Д)Тавассути анкета, тавассути интервю, фардӣ ва гурӯҳӣ.
87. Назарияи «Сотсиологияи фаҳманда» ба кӣ тааллуқ дорад?
А)К. Маркс ва Ф.Энгелс. Б)О.Конт ва Э.Дюркгейм.
В)П.А.Сорокин ва Г.Спенсер. Г)Р.Дарендорф ва Л.Козер.
Д)Г.Зиммел ва М.Вебер.
88. Арзишҳои аҳамияти ҳаётӣ доштаро муайян намоед.
А)Озодии сухан, демократия, саломатӣ, маълумот.
Б)Ҳаёт, саломатӣ, бехатарии шахсӣ, накӯаҳволӣ, маълумот.
В)Ҳаёт, ишқ, ҳамкорӣ, озодии сухан, демократия.
Г)Саломатӣ, маълумот, дӯстӣ, меҳнатдӯстӣ,
Д)Бехатарии шахсӣ, дӯстӣ, диндорӣ, ҳамкорӣ.
89. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул гардид ва аҳамияти он дар чӣ ифода меёбад?
А)Соли 2007, имконият фароҳам овард, ки гузаронидани як қатор маросими хусусияти хурофотӣ дошта қатъ гардад, ҷашну маъракаҳо ба танзим дароварда шавад,пеши исрофкориҳо то андозае гирифта шавад.
Б)Соли 2007, ҳеҷ аҳамиятеро барои сокинони кишвар шомил нест.
В)Соли 2008, имконият фароҳам овард, ки гузаронидани як қатор маросими хусусияти хурофотӣ дошта қатъ гардад, ҷашну маъракаҳо ба танзим дароварда шавад, пеши исрофкориҳо то андозае гирифта шавад.
Г)Соли 2009, баъди қабули қонуни мазкур исрофкориҳо зиёд гардиданд
Д)Соли 2006,мутаассифона қисме аз аҳолӣ қонуни мазкурро риоя менамоянд, аммо қисми дигар не.
90. Мафҳуми «тағйирпазирии фарҳанг»-ро мушаххас намоед.
А)Тамоми унсурҳои фарҳанг вобаста ба сатҳи пешрафти шароитҳои моддӣ тағйир хоҳанд ёфт.
Б)Фарҳанг новобаста ба шароит тағйирпазир нест.
В)Баъзе унсурҳои фарҳанг тағйир мепазиранд, баъзеи дигар не.
Г)Тағйирпазирии фарҳанг аз шароитҳои моддӣ вобастагӣ нест.
Д)Танҳо зерфарҳангҳо тағйир мепазиранд, фарҳангҳои куллӣ тағйир намешаванд.
91. Дар ифодаи «Табибони машҳури олам дар яке аз конфронсҳои байналмилалӣ зидди мусаллаҳшавии бошитоб эътироз баён намуданд», ибораи «Табибони машҳури олам» ба кадом навъи умумиятҳо дохил мешавад?
А)Умумиятҳои гурӯҳӣ.
Б)Умумиятҳои гурӯҳии зинаи якум.
В)Умуимяти касбӣ.
Г)Умумиятҳои оммавӣ.
Д)Умумияти этникӣ.
92. Мухлисони тими «Ливерпул» футболбозони тими рақибро дашном доданд, мухлисон ба кадом навъи умумиятҳо дохил мешаванд?
А)Умумиятҳои гурӯҳӣ.
Б)Умумиятҳои гурӯҳии зинаи якум.
В)Умуияти касбӣ.
Г)Умумиятҳои оммавӣ.
Д)Умумияти этникӣ.
93. Оила, гурӯҳи ҳамсинфон, донишҷӯёни як гурӯҳ ба кадом навъи умумиятҳо дохил мешаванд?
А)Умумиятҳои гурӯҳӣ.
Б)Умумиятҳои гурӯҳии зинаи якум.
В)Умумияти касбӣ.
Г)Умумиятҳои оммавӣ.
Д)Умумияти этникӣ.
94. Нишонаҳои аморфӣ будан, номуайянӣ аз ҷиҳати миқдор, муваққатӣ будани мавҷудият, шомил нашудан ба умумиятҳои дигар хоси кадом навъи умумиятҳо ба ҳисоб меравад?
А.Умумиятҳои гурӯҳӣ.
Б)Умумиятҳои гурӯҳии зинаи якум.
В)Умуияти касбӣ.
Г)Умумиятҳои оммавӣ.
Д)Умумияти этникӣ.
95. Се нишонаеро, ки сотсиологи амрикоӣ Р.Мертон барои гурӯҳҳои иҷтимоӣ хос мешуморад, муайян намоед.
А)Ҳамкорӣ, аъзогӣ, ягонагӣ.
Б)Ҳамкорӣ, аъзогӣ, рафиқӣ,
В)Ягонагӣ, рафиқӣ, ҳамкорӣ.
Г)Дӯстӣ, аъзогӣ, ҳамкорӣ.
Д)Дӯстӣ, рафиқӣ, аъзогӣ.
96. Ҳаракати «салафия» ба кадом навъи умумиятҳо мансуб аст?
А)Умумияти ҳудудӣ.
Б)Умумияти оммавӣ.
В)Умумияти касбӣ.
Г)Умумияти этникӣ.
Д)Умумияти эътиқодӣ.
97. Шарти аввалини ташаккулёбии ниҳодҳои иҷтимоиро муайян намоед.
А)Мавҷудияти талабот.
Б)Мавҷудияти манфиат.
В)Мавҷудияти тақсимот ва мубодала.
Г)Мавҷудияти истеъмолот.
Д)Мавҷудияти истеҳсолот.
98. Чор вазифаи асосии ниҳодҳои иҷтимоиро тибқи назари сотсиологҳо С.Липсет ва Д.Ландберг муайян намоед.
А)Азнавистеҳсолкунии аъзоёни ҷомеа, иҷтимоишавӣ, истеҳсолот ва тақсимот, идоракунӣ ва назорат
Б)Қонеъсозии талабот, иҷтимоишавӣ, идоракунӣ ва назорат, истеҳсолот ва тақстимот.
В)Истеҳсолот ва тақсимот, қонеъсозии талабот, иҷтимоишавӣ, азнавистеҳсолкунии аъзоёни ҷомеа.
Г)Азнавистеҳсолкунии аъзоёни ҷомеа, иҷтимоишавӣ, қонеъсозии талабот, истеҳсолот ва тақсимот.
Д)Идоракунӣ ва назорат, иҷтимоишавӣ, қонеъсозии талабот, истеҳсолот ва тақсимот.
99. Дин ба кадом навъи ниҳодҳои иҷтимоӣ тааллуқ дорад?
А)Ниҳоди сиёсӣ. Б)Ниҳоди иҷтимоӣ-фарҳангӣ.
В)Ниҳоди маросимӣ – рамзӣ. Г)Ниҳоди иҷтимоӣ-иқтисодӣ.
Д)Ниҳоди меъёрӣ-муҷозотӣ.
100. Асоси ташкилоти расмиро чӣ созмон медиҳад?
А)Тақсимоти меҳнат.
Б)Мавҷудияти манфиат.
В)Мавҷудияти дӯстию рафоқат.
Г)Мавчудияти зарурат.
Д)Истеҳсолот ва назорат.
101. Кадоме аз муҳаққиқони зерин бюрократияро ҳамчун ташкилоти шомили маҳсулнокии баланди иқтисодӣ тавсиф намудааст?
А)О.Конт.Б)Г.Спенсер.В)К.Маркс. Г)Э.Дюркгейм. Д) М.Вебер.