Шартҳои ба ақида, эътиқод ва идеалҳо гузаронидани донишҳо

Шартхои ба акида, эътикод ва идеалхо гузаронидани донишхо


Ташаккули ҷаҳонбинии шахсият як қатор шартҳои мусоидаткунандаи дидактикӣ ва тарбиявии ба эътиқод гузаронии донишҳо ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии хонандагонро тақозо мекунад. Ин шартҳоро ба тариқи зайл меорем:

1. Яке аз шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон таъмини исботи чуқури илмӣ, итминони мантиқӣ ва беихтилофотии тамоми хулосаҳои назариявӣ ва хусусияти воқеӣ доштани ҷаҳонбинӣ иборат аст. Татбиқоти ин қодида бо роҳҳои зерин зуҳур меёбад:

 а). Баёни мавод бояд дар асоси бурҳонҳои раднопазир возеҳ боварибахш ва бо таҳлили чуқури илмӣ баррасӣ гардад. Масалан, барои рад кардани қиссаи динӣ нисбати Замин, ки гӯё сатҳи ҳамвор дошта, он «дар шохи гов, гов дар болои моҳӣ, моҳӣ дар болои об…» маънидод шудааст, назарияҳои илмии собиқ, ки шакли мудаввар доштани Замин ва дар атрофи Офтоб давр задани он, инчунин тибқи дастовардҳои илму техникаи муосир, таҳқиқи кайҳоннаврадонро муқобил гузошта, исбот намудан лозим аст.

 б). Дар ҷараёни ташаккули ҷаҳонбинӣ маънидоди илмии ҳамаи воқеаҳои омӯхташаванда, ҷараёнҳо, дар онҳо муайян кардани сабабҳои рӯйдод ва алоқамандӣ исбот карда шавад. Чунончи, дар натиҷаи ҳаракати ҷисмҳои кайҳонӣ бо алоқамандии ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб қонунӣ ва табиӣ рӯй додани ҳусуфи Офтобро гирем, ки дар замонҳои пеш боиси ваҳму ҳароси одамон гашта буд. Омӯзгор барои ба хонандагон фаҳмондани ин қонуни табиӣ таҷрибаи махсус ба кор мебарад. Шогирдон зимни таҷриба дарк мекунанд, ки ҳамаи ҷисмҳои осмонӣ, яъне Замин, Моҳ ва Офтоб мунтазам дар ҳаракатанд: Моҳ ба гирди Замин ва Замин ба гирди Офтоб чарх мезананд. Вақте ки Моҳ дар байни Офтобу Замин дар як хатти мустақим омад, Офтоб мегирад, зеро сояи Моҳ ба рӯи Замин афтода пеши Офтобро мегирад. Касе, ки дар доираи сояи Моҳ аст, хусуфи Офтобро мебинад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 в). Хоандагонро бояд водор кард, ки ба ҳамаи саволҳои дар онҳо пайдо шуда ҷавоби равшан ёбанд ба донистани ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият, чунончи, сабабҳои рӯйдоди таваҳҳум (галлюцинация) мароқ зоҳир кунанд. Тарс, ҳазён, шабаҳ, фиреби эҳсос дарки нодуруст, ки бидуни мавҷудияти объекти реалӣ баъзан дар мавриди бемориҳои рӯҳӣ, сироятӣ, заҳролудшавӣ осеби майна, изтиробҳои сахти рӯҳӣ ва ғайра ба амал меояд. Тарс ваҳм намудҳои гуногун дорад: шунавоӣ (гӯё ба ғӯш чунин мерасад, ки касе ё чизе ғалоғула мебардорад, шахсро ном гирифта ҷеғ мезанад), босиравӣ (гӯё ба назари бемор ҳодиса ва воқеаҳо, мурдаҳо, ҳайвону махлуқҳо ҷилвагар мегардад), машомӣ (ба димоғ расидани бӯи хуш ё бад), ломисавӣ (бемор ҳис мекунад, ки ғӯё ба пӯсти баданаш сӯзан мехалад ва гӯё ӯро пучида бошанд, доғҳои сиёҳ пайдо мешавад), чашоӣ (бе қабули хӯрок ва нӯшокӣ дар даҳон ҳис кардани таъми нофорам ё ғайримуқаррарӣ), ҳисси умумӣ (гӯё дар шикам, ё сари сина ҳаракат кардани чизе ҳис карда мешавад), ва амсоли инҳо.

 Шахс айёми кӯдакӣ зимни ривояту афсонаҳои даҳшатовар ҳар гуна махлуқҳои ғайримавҷударо (дев, аҷина, парӣ ва ғ.) шунида ба вуҷуд дошатни онҳо қаблан бовар карда, образи онҳоро тавре дар худ инъикос намудааст, ҳамгоми маризӣ, ки системаи асабҳо мунтазам кор намекунанд, ба назарашон шабаҳи пешхаёлкардааш ҷилвагар мегардад. Яъне ба тарси босиравӣ дучор мешавад.

2. Шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии гузаронидани донишҳо ба ақида ва эътиқоди хонандагон ин ба омӯзиш хусусияти баланди мафкуравӣ додан аст. Ин хусусият дар худи мазмуни омӯзиш, яъне барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ гузошта шудааст. Дар ин ҷо аввало дақиқ муайян кардани ҷамъбасту хулосаҳои ҷаҳонбинӣ; дуввум, нишон додани муборизаҳои байни ақидаҳои илмӣ ва ғайриилмӣ моҳияти муҳим дорад. Масалан, моддӣ будани ҳаётро рад кардани ақидаҳои ғайриилмӣ ва фош намудани онҳо.

3. Шартҳои дидактикӣ ва тарбивии ташаккули ҷаҳонбинии талабагон дар раванди таълим ин риояи принсипҳои таърихият мебошад. Таърихият дар таълим барои муайян намудани пайдоиш ва роҳи мураккаби инкишофи ҳақиқат дар илм, равшан кардани муборизаҳои байни қувваҳои иртиҷоӣ ва пешқадам, байни дин ва илм ва ғайра кӯмак мерасонад.

Муносибати таърихӣ кардан дар омӯзиш воситаи баландбардории рағбати хонандагонро нисбати маводи омӯхташаванда афзун мегардонад ва онро чуқур меомӯзанд.

4. Шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии ташаккули ҷаҳонбинӣ ва гузаронидани донишҳои илмӣ ба эътиқод ин инкишофи фаъолияти дарк кардан ва мустақилии хонандагон дар ҷараёни дарсҳо ва машғулиятҳои беруназсинфӣ мебошад. Боз такроран хотиррасон мекунем, ки донишҳои дар дарсҳо гирифтаи талабагон маҳз дар натиҷаи мустақилона фикркунӣ ва мустақилона корбарии онҳо устувору пойдор мегардад.

5. Шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии гузаронидани донишҳо ба эътиқод ин ангезиши муносибати хонандагон ба маводи омӯхташаванда мебошад. Ба ин маводи таълимиро бомисолҳои таъсирбахш баррасӣ намудани омӯзгор, маводи китоби дарсиро бо ҷузъиёти шавқовари ҳаётӣ пурра кардан, ифшо намудани ин ё он масъалаи мураккаби ҳақиқат дохил мешавад.

6. Шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии ташаккули ҷаҳонбинӣ дар алоқамандӣ дар ҳаёт, ҷалб кардани хонандагон ба фаъолияти меҳнатиро талаб мекунад. Ақида ва эътиқод нафақат дар натиҷаи корҳои зеҳнӣ, инчунин дар фаълона иштирок кардани хонандагон ба корҳои муҳити иҷтимоӣ, маишӣ ва ахлоқӣ, ки ҳамарӯза сарукор доранд ва тибқи фаъолияти амалии шахсиашон низ устувор мегардад.

7. Шарти ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷараёни корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ин ба ҳисоб гирифатани хусусиятҳои синну сол ва фардии хонандагон мебошад. Ташаккули ҷаҳонбинӣ аз синфи якум оғоз мешавад, вале хусусият ва натиҷаи ин кор дар синфҳои ибтидоӣ, миёна ва болоӣ, албатта фарқ мекунад. Дар синфҳои ибтидоӣ бештар ҳодисаҳо ба таври оддӣ ба дараҷаи муаррификунӣ омӯзонида мешаванд. Ба наврасон ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ нисбатан чуқур ба дараҷаи фаҳмишашон сурат мегирад, вале ҳоло ақида ва эътиқоди онҳо як системаи яклухтро ифода намекунад. Дар синфҳои болоӣ ҷаҳонбинии илмӣ дар ҳаҷми пурра дода мешавад. Бинобар ин ин синну солро синни ҷаҳонбини ҳам меноманд. Аммо онҳо ҳам баъзан ба ҳодисаҳои муҳити атроф нофаҳмӣ ва нодуруст баҳодиҳӣ зоҳир мекунанд.


Мавзӯи пурра: Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва моҳияти он >>

ҚаблӣМазмун ва методҳои ҷаҳонбинии илмӣ
БаъдӣМазмун ва мундаричаи гоявии «Наводирулвакоеъ»-и Ахмади Дониш