Пухтани шавлаи кашкӣ. Тайёр кардани хӯрок аз кашк

Пухтани шавлаи кашкӣ. Тайёр кардани хурок аз кашк (Кори амалии №4).


Таҷҳизот: дег ё дегчаи сирдор, тағорача, табақча, элак, қошуқ.

Миқдори масолеҳ: кашк – 46 г, шир 150 г, шакар – 9 г, намак – 2 г, маска – 15 г.

Рафти иҷрои кор

Коркарди якуми кашк: кашкро аз элак гузаронед, обро бо шир омехта карда, кашкро кофта истода ба он андозед.

Пухтани шавлаи кашкӣ

Шавларо 10 – 15 дақиқа, доим кофта истода, дар оташи паст пазед. Дар интиҳои хӯрокпазӣ намак ва шакар андозед.

Ороиши хӯроки тайёр: Хӯроки тайёрро ба табақчаҳо кашида, ба болояш маска резед ва ба дастархон гузоред.

Таом аз кашк
Таом аз кашк

Савол

  1. Коркарди якуми кашк аз чӣ иборат аст?
  2. Чаро кашкро ба дег андохта, кофта меистанд?
  3. Ин таоми кашкиро дар кадом вақти рӯз истеъмол мекунанд?
ҚаблӣТайёр кардани ширбиринҷ (Кори амалии №3)
БаъдӣТайёр кардани запеканкаи творогдор (Кори амалии №5)