Шахс ва шумора дар феъл (грамматикаи забони тоҷикӣ)

Феълҳо се шахс ва ду шумора доранд. Шахси якум – гӯянда (ман), шахси дуюм –шунаванда (ту), шахси сеюм- ғоиб (ӯ); шумораи танҳо ва шумораи ҷамъ: рафтам (танҳо) – рафтем (ҷамъ).

Шахсу шумораи феъл бо ёрии бандакҳои феълию хабарӣ ифода меёбанд.


Баъзан ба ҷои бандаки шахси якуми танҳо (-ам) бандаки шахси якуми ҷамъ (-ем) омада, хоксорӣ ва эҳтиромро ифода мекунад: Мо дар ин ҷо кӯшиш намудаем, дар хусуси ҳусну қубҳи китоби нави устод андаке  ҳарф занем.


Шахси дуюм ва сеюми ҷамъ низ дар ифодаи эҳтиром ба ҷои шахси дуюм ва сеюми танҳо кор фармуда мешаванд.

Шумо ҳанӯз ҷавон ҳастед, аз дастатон корҳои бисёр меояд, – гуфт ба Ситора. (Ҷ.Икромӣ) Шумо ба хона равед. Модарам аз кор баргаштанд.

Шахс

Шумора

Танҳо Ҷамъ
1.

2.

3.

навиштам

навиштӣ

навишт

навиштем

навиштед

навиштанд

Машқи 369. Байтҳои зеринро хонда маънидод намоед. Феълҳоро навишта, шахсу шумораашонро муайян кунед.

Пайафкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Фирдавсӣ

Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде зи роҳи модарон бошад!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,
Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ, дар миён ой.
Бадриддин Ҳилолӣ

Пайи маслиҳат маҷлис оростанд,
Нишастанду гуфтанду бархостанд.
Абулқосим Фирдавсӣ

Рози дил медоштам, ар як маҳраме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.
Садриддин Айнӣ

Луғат:

газанд – зарар


Машқи 370. Матнро хонед. Феълҳоро аз рӯйи  шахсу шумораашон ба гурӯҳҳо ҷудо кунед.

Аввали зимистон буд. Ду рӯз боз беором борон меборид. Барги зарди дарахтон, ки аз ин чанд рӯз муқаддам тилло пошидагӣ барин дар рӯи кӯчаҳо, ҳавлиҳо, болоҳои бом чошу пош буданд, акнун бо лойи кӯча омехта шудаанд. Хаво тиранамо. Пагоҳӣ, соат наздики даҳ. Дар чойхонаҳо деҳқонон аз қишлоқҳои дуру наздик омадагӣ ва баъзе коркунон машғули чойнӯшӣ. Дуди сиёҳи самовор фағоназанон ба осмон баромада истодааст. Шаҳрчаи навобод акнун ба ҳаракат даромада истодааст.

Ҳаким Карим

Луғат:

муқаддам –пеш, қаблан


Савол ва супоришҳо

  1. Сохти калимаи панҷяккор –ро шарҳ диҳед.
  2. Муродоифи калимаи қишлоқ-ро гӯед.
  3. Пасванди – ча ба шаҳр чӣ тобише додааст?

Машқи 371. Дар ҷумлаҳои зер тобишҳои маъноии феълҳоро муайян кунед.

1.Мо метавонем, ки соли таваллуди Саъдиро бо қиёси як сухани худи ӯ бо тахмине, ки аз ҳақиқат дур набошад, муайян намоем. (С.Айнӣ) 2. Мо ба ин фикри муаллиф низ ҳамроҳ шуда наметавонем. (Абдулғанӣ Мирзоев) 3.Ба фикри мо, ин тарзи истифодаи шумораву исм хусусияти услубӣ дошта, миқдори онҳо басо маҳдуд аст, бинобар ин онро ҳамчун истиснои қоидаи умумӣ эзоҳ додан мумкин аст (Ш.Рустамов).

ҚаблӣВазифаи феъл дар ҷумла (забони тоҷикӣ)
БаъдӣТасриф. Бандакҳои феълӣ ва хабарӣ