Достони «Кова ва Заҳҳок»

Достони “Кова ва Заҳҳок”-и Устод Абулқосим Фирдавсиро меорем. Оиди зиндагиномаи Абулқосим Фирдавсӣ инҷо хонед: Абулқосим Фирдавсӣ

Яке мард буд андар он рӯзгор
Зи дашти саворони найзагузор,
Гаронмоя[1] ҳам шоҳу ҳам некмард,
Зи тарси ҷаҳондор бо боди сард,
Ки Мардос номи гаронмоя буд,
Ба доду24 диҳиш бартаринпоя буд…

кова ва заххок

Писар буд мар-он покдинро яке,
К-аш аз меҳр баҳра набуд андаке.
Ҷаҳонҷӯйро ном Заҳҳок буд,
Далеру сабуксору нопок буд…
Чунон буд, к-Иблис рӯзе пагоҳ
Биёмад ба сони яке некхоҳ,

Дили меҳтар[2] аз роҳи некӣ бибурд,
Ҷавон гӯш рафтори ӯро супурд.
Ҳамоно хуш омад-ш гуфтори ӯй,
Набуд огаҳ аз зишт[3] кирдори ӯй…
Чу Иблис донист, к-ӯ дил бидод,
Бар афсонааш гашт наҳмор [4]шод.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фаровон сухан гуфт зебову нағз,
Ҷавонро зи дониш тиҳӣ[5] буд мағз.
Ҳамегуфт: «Дорам суханҳо басе,
Ки онро ҷуз аз ман надонад касе».
Ҷавон гуфт: «Баргӯву чандин мапой,
Биёмӯз моро ту, ай некрой».
Бад-ӯ гуфт: «Паймон-т хоҳам нахуст,
Пас он гаҳ сухан баркушоям дуруст».
Ҷавон некдил буд, паймон-ш кард,
Чунон к-ӯ бифармуд, савганд х(в)ард,

Ки «Рози ту бо кас нагӯям зи бун[6],
Зи ту бишнавам, ҳар чӣ гӯӣ сухун».
Бад-ӯ гуфт: «Ҷуз ту касе дар сарой[7]
Чаро бояд, ай номвар, кадхудой?..[8]
Бигир ин сари моя[9] даргоҳи ӯй,
Туро зебад андар ҷаҳон ҷоҳи ӯй.
Бар ин гуфтаи ман чу дорӣ вафо,
Ҷаҳонро ту бошӣ яке подшо».
Чу Заҳҳок бишнид, андеша кард,
Зи хуни падар шуд дилаш пур зи дард.

Ба Иблис гуфт: «Ин сазовор нест,
Дигар гӯй, к-ин аз дари кор нест»[10]
Бад-ӯ гуфт: «Ман чора созам туро,
Ба хуршед сар барфарозам туро.
Ту дар кор хомӯш мебошу бас,
Набояд маро ёрӣ аз ҳеч кас».
Мар он подшоро – дар андар сарой
Яке бӯстон буд, бас дилкушой.
Гаронмоя шабгир бархостӣ,
Зи баҳри парастиш[11] биёростӣ.

Бар он ройи вожуна[12] деви нажанд[13]
Яке жарф чоҳе[14] ба раҳ-бар биканд.
Пас Иблиси вожуна ин жарф чоҳ
Ба хошок пӯшиду биспард роҳ.
Шаб омад, суи боғ бинҳод рӯй
Сари тозиён[15], меҳтари номҷӯй.
Чу омад ба наздики он жарф чоҳ,
Якояк нигун шуд сари бахти шоҳ…
Фурумоя[16] Заҳҳоки бедодгар
Бад-ин чора бигрифт ҷоҳи падар.
Чу Иблис пайваста дидӣ сухун[17],
Яке банди дигар нав афканд бун…

Ҷавоне баророст аз хештан,
Сухангӯю бинодилу поктан…
Бад-ӯ гуфт: «Гар шоҳро дарх(в)арам41,
Яке номвар пок холигарам42.
Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ,
Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ.
Калиди хуришхонаи подшо
Бад-ӯ дод дастури фармонраво.
Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой
Хуриш карда овард як-як ба ҷой…
Бихурду бар ӯ офарин кард сахт,
Маза ёфт з-он хурданаш некбахт…

Ба рӯзи чаҳорум чу бинҳод хон[18],
Хуриш сохт аз пушти гови ҷавон…
Чу Заҳҳок даст андароварду х(в)ард[19],
Шигифт[20] омадаш з-он ҳушивор[21] мард.
Бад-ӯ гуфт: «Бингар, ки то орзуй,
Чӣ хоҳӣ, бихоҳ, аз ман, ай некхӯй[22]!
Хуришгар бад-ӯ гуфт, к – «Ай подшо,
Ҳамеша бизӣ шоду фармонраво!
Маро дил саросар пур аз меҳри туст,
Ҳама тӯшаи ҷонам аз чеҳри туст.

Яке ҳоҷат астам зи наздики шоҳ
В-агарчи маро нест ин пойгоҳ[23],
Ки фармон диҳад шоҳ, то китфи ӯй
Бибӯсам, бимолам бар ӯ чашму рӯй».
Чу Заҳҳок бишнид гуфтори ӯй,
Ниҳонӣ надонист бозори ӯй.
Бад-ӯ гуфт: – «Додам ман ин коми ту[24],
Баландӣ бигирад магар номи ту».
Бифармуд, то дев чун ҷуфти ӯ
Ҳаме бӯсае дод бар кифти ӯ.

Чу бӯсиду шуд дар замон нопадид,
Кас андар ҷаҳон ин шигифтӣ надид.
Ду мори сиёҳ аз ду китфаш бируст,
Ғамӣ гашту аз ҳар суе чора ҷуст.
Саранҷом бибрид ҳар ду зи кифт,
Сазад, гар бимонӣ аз ин дар шигифт.
Чу шохи дарахт он ду мори сиёҳ
Баромад дигарбора аз китфи шоҳ.
Пизишкони фарзона гирд омаданд,
Ҳама як ба як достонҳо заданд.
Зи ҳар гуна найрангҳо сохтанд,
Мар-он дардро чора нашнохтанд.

Ба сони пизишке пас Иблис тафт[25]
Ба фарзонагӣ назди Заҳҳок рафт.
Бад-ӯ гуфт, к- «Ин буданӣ кор буд,
Бимон, то чӣ монад, набояд дуруд[26].
Хуриш созу оромияш деҳ, ба х(в)ард,
Нашояд ҷуз ин чорае низ кард.
Ба ҷуз мағзи мардум мадеҳшон х(в)ариш,
Магар худ бимиранд аз ин парвариш».
Нигар наррадев андар ин ҷустуҷӯ,
Чӣ ҷусту чӣ дид андар ин гуфтугӯ.
Магар то яке чора созад ниҳон,
Ки пардахта[27] монад зи мардум ҷаҳон…
Чу Заҳҳок бар тахт шуд шаҳрёр,
Бар ӯ солиён анҷуман шуд ҳазор[28].
Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд[29],
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд[30].
Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,
Зи некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз…
Надонист худ ҷуз бад омӯхтан,
Ҷуз аз куштану ғорату сӯхтан.

Чунон буд, ки ҳар шаб ду марди ҷавон
Чи кеҳтар[31], чи аз тухмаи[32] паҳлавон,
Хуришгар бибурдӣ аз айвони шоҳ
В-аз ӯ сохтӣ роҳи дармони шоҳ.
Бикуштию мағзаш бурун охтӣ[33],
Мар-он аждаҳоро хуриш сохтӣ.
Чунон буд, ки як рӯз бар тахти оҷ[34]
Ниҳода ба сар-бар зи пирӯза[35] тоҷ,
Зи ҳар кишваре меҳтаронро бихост,
Ки дар подшоҳӣ кунад пушт рост[36].

Аз он пас чунин гуфт бо мӯбадон[37]
Ки «Ай пурҳунар, номвар бихрадон[38]!
Яке маҳзар[39] акнун бибояд набишт,
Ки ҷуз тухми некӣ сипаҳбад[40] накишт».

Зи бими сипаҳбад ҳама ростон
Бад-он кор гаштанд ҳамдостон»[41].
Дар он маҳзари аждаҳо ногузир
Гувоҳӣ навиштанд барнову пир…
Ситамдидаро пеши ӯ хонданд,
Бари номдорон-ш биншонданд.
Бад-ӯ гуфт меҳтар ба рӯи дижам[42],
Ки «Баргӯй, то аз кӣ дидӣ ситам?»
Хурӯшиду зад даст бар сар зи шоҳ,
Ки «Шоҳо, манам Коваи додхоҳ!
Бидеҳ доди ман, омадастам давон,
Ҳаменолам аз ту ба ранҷи равон.
Зи ту бар ман омад ситам бештар,
Занӣ ҳар замон бар дилам нештар.
Ситам гар надорӣ ту бар ман раво,
Ба фарзанди ман даст бурдан чаро?
Маро буд ҳаждаҳ писар дар ҷаҳон,
Аз эшон яке мондааст ин замон.
Бибахшову бар ман яке дарнигар,
Ки сӯзон шавад ҳар замонам ҷигар.
Шаҳо, ман чӣ кардам, яке бозгӯй
В-агар бегуноҳам, баҳона маҷӯй.

Ба ҳоли ман, ай тоҷвар, дарнигар,
Маяфзой бар хештан дарди сар…
Ҷавонӣ намондасту фарзанд нест,
Ба гетӣ чу фарзанд пайванд нест…
Яке безиён марди оҳангарам,
Зи шоҳ оташ ояд ҳаме бар сарам».
Сипаҳбад ба гуфтори ӯ бингарид,
Шигифт омадаш, к-он суханҳо шунид.
Бад-ӯ боздоданд фарзанди ӯй,
Ба хубӣ биҷустанд пайванди ӯй.
Бифармуд пас Коваро подшоҳ,
Ки бошад бад-он маҳзар ӯро гувоҳ.
Чу бархонд Кова ҳама маҳзараш,
Сабук сӯи пирони он кишвараш
Хурӯшид, к- «Ай поймардони[43] дев,
Бурида дил аз тарси кайҳонхидев[44],

Набошад бад-ин маҳзар-андар гувоҳ,
На ҳаргиз барандешам аз подшоҳ».
Хурӯшиду барҷаст ларзон зи ҷой,
Бидарриду биспард[45] маҳзар ба пой.
Гаронмоя фарзанди ӯ пеши ӯй,
Аз айвон бурун шуд хурӯшон ба кӯй…
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар суи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой[46],
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард…
Ҳамерафт пеш-андар он марди гурд[47],
Сипоҳе бар ӯ анҷуман шуд, на хурд..

Ба ҳар бому дар мардуми шаҳр буд,
Касе, к-аш зи ҷанговарӣ баҳр[48] буд…
Зи деворҳо хишту аз бом санг,
Ба кӯй-андарун теғу тири хаданг
Биборид чун жола з-абри сиёҳ,
Касеро набуд бар замин ҷойгоҳ.
Сипоҳию шаҳрӣ ба кирдори кӯҳ
Саросар ба ҷанг-андарун ҳамгурӯҳ.
Аз он шаҳри равшан яке тира гард
Баромад, ки хуршед шуд лоҷвард[49].
Бибурданд Заҳҳокро баста хор,
Ба пушти ҳаюне барафканда зор…
Биёвард Заҳҳокро чун наванд,
Ба кӯҳи Дамованд кардаш ба банд.
Фуру баст дасташ бад-он кӯҳ боз,
Бад-он, то бимонад ба сахтӣ дароз.
Бимонд ӯ бар ин гуна овехта
В-аз ӯ хуни дил бар замин рехта.

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.


  • [1] гаронмоя – гаронбаҳо, азиз, дар ин ҷо ба маънии обрӯманд. 24 дод – адолат.
  • [2] меҳтар – одами бузург, олимақом.
  • [3] зишт – бад, қабеҳ.
  • [4] наҳмор – бисёр, беандоза.
  • [5] тиҳӣ – холӣ.
  • [6] бун – таг, бех, асос.
  • [7] сарой – қаср, даргоҳ.
  • [8] кадхудой – ҳукмфармо, соҳиб.
  • [9] сари моя – молу милк, сарват, сармоя.
  • [10] дари кор нест – яъне кори номувофиқ аст.
  • [11] парастиш – ибодат, намоз.
  • [12] рои вожуна – мақсади нораво.
  • [13] нажанд – хунхор, даҳшатнок.
  • [14] жарф чоҳе – чоҳи чуқур.
  • [15] тозӣ – араб, сари тозиён-сардори арабҳо.
  • [16] фурумоя – бадасл, пастфитрат, разил, дун, сифла.
  • [17] сухун – сухан. 41 дарх(в)арам – лоиқам, сазовором, муносибам. 42 холигар – ошпаз.
  • [18] хон – дастархон.
  • [19] х(в)ард – хурд.
  • [20] шигифт – тааҷҷуб, ҳайрат.
  • [21] ҳушивор – хирад- манд, оқил.
  • [22] некхӯй – хушфеъл, хушхулқ.
  • [23] пойгоҳ – қадр, мартаба.
  • [24] додам ман ин коми ту – ба ин кор рухсатат додам.
  • [25] тафт – бо шитоб.
  • [26] набояд дуруд – (морро) буридан лозим нест.
  • [27] пардахта – холӣ, тиҳӣ.
  • [28] мазмуни мисраъ – подшоҳии ӯ ҳазор сол давом кард.
  • [29] арҷманд – соҳиби эътибор.
  • [30] газанд – зиён, зарар.
  • [31] кеҳтар – хурд.
  • [32] тухма – асл, нажод.
  • [33] охтан – берун кардан.
  • [34] тахти оҷ – тахте, ки аз устухони фил сохта шудааст.
  • [35] пирӯза (фирӯза) – навъе аз сангҳои гаронбаҳои кабудранг ё осмониранг, ки барои зебу зинат ба кор мебаранд
  • [36] пушт рост кардан – устувор шудан, пойдор шудан.
  • [37] мӯбад – олим ва донишманди дини зардуштӣ.
  • [38] бихрад – донишманд.
  • [39] маҳзар – санад, шаҳодатнома.
  • [40] сипаҳбад – подшоҳ.
  • [41] ҳамдостон – ҳамфикр.
  • [42] дижам – хашмгин, ғазаболуд.
  • [43] поймардон – мададгорон, ёварон.
  • [44] кайҳонхидев – подшоҳи ҷаҳон, Худованд.
  • [45] биспард – поймол кард.
  • [46] захми дарой – болғазанӣ.
  • [47] гурд – паҳлавон.
  • [48] баҳр – баҳра.
  • [49] лоҷвард – кабуд ва тираранг.

Шеър/байтҳои панду ахлоқӣ аз Фирдавсӣ

Достони Кова ва Заххок/захок, хикояи Кова ва Захок, Абулкосим Фирдавси.

ҚаблӣТашаккули ҳамаҷонибаи шахсият ҳамчун мақсади асосии тарбия ва қисмҳои таркибии он
БаъдӣПанду андарзҳои Фирдавсӣ (Шеър/Байтҳо)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед