Дарахти Асуриг

“Дарахти Асуриг” (ё Дарахти Асурик) достони манзум буда, аз забони портӣ ба забони форсии миёна – паҳлавӣ тарҷума шудааст. Аммо матни паҳлавии он аз асли портиаш дур рафтааст. Мутаассифона, ин дур рафтан сабаби аз байн рафтани ҳамоҳангӣ ва ё мавзунии мисраъҳо гардидааст. Миқдори ҳиҷоҳо дар мисраъҳои достон гуногун мебошад.

Қисмати асосии “Дарахти Асуриг” бо мунозираи Дарахт бо Буз оғоз мегардад. Дарахт бо он меболад, ки вай нисбат ба Буз бартарӣ дорад. Ҳамтане нест бо ӯ дар Хванирасзамин, аз мевааш шоҳ мехӯрад, тахтаи киштӣ ва фарасп – чӯби шоҳтири бодбон аз вай аст, аз ӯ ҷорӯб, ҷувоз, дами оҳангарӣ, мӯкӣ, кафш ва расан кунанд, ки бузро пой банданд. Чӯб кунанд, ки бузро гардан моланд, мех кунанд, ки бузро овезон кунанд, ҳезумам оташ мешавад, ки бузро бипазанд. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки тобистон бар сари шаҳрёрон сояам, шираам барзгарон ва озодмардонро ангубин аст, аз ман табангу (дорудон) кунанд ва аз шаҳр ба шаҳр, аз пизишк ба пизишк баранд. Ошёнам мурғонро, сояам раҳгузаронро. Донаам биафтад ба замин, рӯяд. Мардум, ки арзиши маро медонанд, маро намебуранд. Кокулҳоям (шохҳоям) то ба рӯзи ҷовид заргун аст. Мардуме, ки маю нон надоранд, аз бари (меваи) ман хӯранд, то сер шаванд.

Ҳамин ки Дарахти Асуриг суханашро ба охир мерасонад, Буз сар меафрозад ва посух мегӯяд:

Чун он бигуфт / Дарахти Асуриг,
Буз посух кард / Сар фароз афшонд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Буз мегӯяд, ки он чи ту гуфтӣ ва бо ман баҳс кардӣ, беҳуда аст ва ҳар кӣ онро шунид, аз ҷавоб гуфтан ба онҳо нанг мекунад.

Ту дарозӣ мисли девон, кокулонат низ ба девон монанд, чунонки дар оғози даврони хуррами Шед-Йам (Ҷамшед) буд, замоне, ки дурӯғдевон бандаи мардум буданд ва ту дарахти хушк будӣ ва сарат заргун. Сари ту аз ин кардаҳоят заррин аст. Аз ту, баланди бесуд, бар намебарам. Аз посух гуфтан нангам меояд. Мардумони порсӣ дар афсонаҳо гуфтаанд, ки ту мисли коҳ ҳастию бадхирад ва дарахти бесуд. То ту бор оварӣ, туро ба оини говон гушн меандозанд. Гумон мекунам, ту ҳаромзодаӣ.

Эй деви баланд, бишнав пайки маро, ба Додор, Худованди бузург, хосса дини маздиснон, ки Ҳурмузди накукор омӯхт, ҷуз аз ман, ки Бузам, каси дигар ситудан натавонад, зеро аз шири ман дар парастиши Яздон, Гушурвон Эзад (худои чаҳорпоён) дар ҳоми неруманд истифода мекунанд. Борҷомае, ки бар пушт дорад, камбаранде, ки ороянд ба маворид, мӯзаи сахти озодагон, ангуштпонаи хусравон ва ҳаммолони шоҳ, машки обдон, дастархони чармин (машкижа), суфраи сури бузург, пешбанди шаҳрёрон, нома, дафтару паймоннома, зиҳи камон, порчаи пашмин, пойафзори чармин, шол, тасмаи чармине, ки Рустаму Исфандёр афзори худро ба зин банданд, анбон, нону пистую панир, ҳар гуна хӯроки равғанӣ, кофуру мушки сиёҳ, хази бухорӣ, ҷомаи шоҳвор, пӯшоки канизон, куштӣ, ташкуки шоҳвор – зерпероҳани сафеди зардуштиён, пӯшоки бузургон аз ман кунанд. Аз гунаву пайванди ман тан хушбӯй кунанд. Шохи даҳваҷабӣ дорам, кӯҳ ба кӯҳ мегардам аз Ҳиндувон то дарёи Варкаш, бузургбум кишварҳо мебинам, ки мардумонашон барги дарахт хӯранд, аз буз шир дӯшанд, зиндагии онҳо аз ман аст. Аз ширам панир, афшураву мост кунанд ва дуғамро хушк барои кохи шоҳон. Маздопарастон дар маросимҳояшон подёб – яке аз фарзҳои диниашонро ба пӯсти ман кунанд. Олоти мусиқӣ – чангу вину каннор, барбату танбӯр ба ёрии ман сароянд. Дар бозор маро камтар аз даҳ дирам нахаранд, аммо хурморо ба пашизе кӯдакон харанд. Дону ҳастаи (мағзи) ту ба гандмурдон – гандидагӣ, мурдорӣ мешавад.

 Ин аст он суду некӣ аз мани Буз ба паҳнбум меравад. Он чи гуфтам ман ба ту, зарринсухан буд ва ин монанд ба он ки марворидро пеши хуки гуроз афшонанд ё чанг пеши шутури маст навозанд.

Ман ба кӯҳҳо ба чаро мешавам, кӯҳҳои хушбӯй, гиёҳҳои тарак хӯраму сардоб, аммо ту чун мехи ҷулоҳакон (ресандагон) дар як ҷо кӯфта шудаӣ.

Бо ҳамин:

Буз ба пирӯзӣ шуд / Хурмо андар сутӯҳ (монд).

Бартарӣ ва пирӯзии Буз бар Дарахти Асуриг дар он аст, ки аз ӯ нафъи бештаре ба табақаҳои гуногуни мардумон, шоҳон, паҳлавонон ва ғ. мерасад. Махсусан Буз аз ин ифтихор дорад, ки маҳсулоташ дар маросимҳои динӣ ва аз тарафи пайравони маздоясна истифода мешавад. Буз озод аст, пой дар банд нест, ба кӯҳҳо, кишварҳои дигар гаштугузор мекунад. Ба ин бартарии хеш дар охири посухаш ишора карданаш тасодуфӣ набуда, бо ҳамин Дарахтро ба тамомӣ забонкӯтоҳ мекунад ба дараҷае, ки ҳатто Дарахт кӯшиши ҷавоб гуфтан, рад карданро наменамояд. Дарахтро дар охири достон ба душман ташбеҳ додааст ва гуфтааст, ки сари душманро мурда диданист, яъне душман бояд мағлуб шавад.

“Дарахти Асуриг” барои омӯзиши таърихи забони форсии тоҷикӣ низ бисёр муҳим мебошад. Аз он бармеояд, ки форсии тоҷикӣ идомаи забони паҳлавӣ – форсии миёна мебошад. Дар таркиби он калимаву мафҳумҳои зиёде ба назар мерасанд, ки онҳо дар матнҳои баъдӣ ва забони зиндаи форсии тоҷикӣ то имрӯз дар истеъмол мебошанд.

Фарҳанги халқи тоҷик дар давраи тамаддуни ориёӣ

ҚаблӣМуҳтавои “Гоҳон”
БаъдӣАндарзи Озарбоди Мехроспандон

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед