Суруди касбии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суруди касбии табибон, Суруди касбии табибони Чумхурии Точикистон


Матни Орзу Исоев
Оҳанги Даврон Раҳматзода

Аз миёни дардҳо чархи фалак,
Роҳи дармону шифоро офарид.
Риштаи умри маризе бемаҳал,
То нагардад канда, моро офарид!

Бори савганди табибӣ доимо,
Рукни побарҷой дар виҷдони мост!
Ҷони одам дар ҳама қавму нажод
Дар мақому қадр ҳамчун ҷони мост.

Мо давоме аз давоми ориён!
Насли Сино, насли инсонпарварием!
Устувор андар қарору қавли хеш,
Дар наҷоти одамон раҳ мебарем!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Пешаи мо худ намоди зиндагист,
Хаилъати испед рамзи бовар аст.
Хуб медонем, ќабли дардманд,
Аз тамоми моли дунё бартар аст.

Дар масири дарду дармони касон,
Ҳеҷ кас дар чашми мо бегона нест.
Мо зи хоки пуршифои кишварем,
Ҷуз дили пурдард моро хона нест.

Мо давоме аз давоми ориён!
Насли Сино, насли инсонпарванием!
Устувор андар қарору қавли хеш,
Дар наҷоти одамон раҳ мебарем!

ҚаблӣҚитъа дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва вижагиҳои он
БаъдӣНавруз – иди баҳор