Алгоритми даврӣ

Алгоритми даврӣ гуфта, алгоритмеро меноманд, ки дар он як қитъаи қадамҳо чандин маротиба такроран иҷро карда мешаванд.

Барои якчанд маротиба такроркунии амалҳо сохтори махсуси даврӣ истифода бурда мешавад. Чунин сохтор дар худ шартҳоеро дошта метавонад, ки барои муайян кардани миқдори такроршавии қадамҳо истифода мешаванд.

Блоки асосии давр – Ҷисми (тани) давр ба ҳисоб меравад ва ҳисобкунии талабкардашударо ҳосил мекунад. Блоки ёрирасони давр рафти иҷроишӣ даврро таъмин мекунад (барқароркунии қимати аввала ва қиматҳои нави параметрҳо, такроркунии қадамҳо ва интиҳои рафти иҷроиши давр).


Алгоритми даврӣ дар 3 намуд истифода бурда мешавад:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Алгоритми даврӣ бо шарти пешоянд.

Алгоритми даврӣ бо шарти пешоянд дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки миқдори такроршавии давр пешакӣ муайян нест (Расми зерин):

Даври шартии пешоянд

  1. Алгоритми даврӣ бо шарти пасоянд.

Алгоритми даврӣ бо шарти пасоянд ҳам дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки миқдори такроршавии давр пешакӣ муайян нест (Расм).

Даври шартии пасоянд

  1. Алгоритми даврии параметрдор.

Алгоритми даврии параметрдор асосан дар ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки миқдори такроршавии қадамҳои давр пешакӣ муайян аст.

Даври параметрдор

Параметрҳои давр гуфта, номи тағйирёбандаҳо, қиматҳои аввалу охир ва қадами даврро мегӯянд.

Қадам бузургӣ тағйирёбии қимати параметри даврро ифода мекунад.


Мисоли 1. Талаб карда мешавад, ки миқдори ададҳои мусбӣ аз дохили ададҳои дохилкардашаванда муайян карда шавад.

Алгоритми даврӣ

  1. Ибтидо;
  2. Дохилкунии N;
  3. s=0;
  4. i=1;
  5. Агар i>N, гузариш ба 11;
  6. Дохилкунии x;
  7. Агар x <=0, гузариш ба 9
  8. S=S+1;
  9. i=i+1;
  10. Гузариш ба 5;
  11. Чопи S;
  12. Интиҳо


Калидвожаҳо: Алгоритми даври чист?

ҚаблӣАлгоритми шоханок (шартӣ)
БаъдӣИТТИЛООТ ВА РАВАНДҲОИ ИТТИЛООТӢ