Маълум аст, ки ҳангоми ба нешзанӣ шурӯъ кардани тухм, пеш аз ҳама решачаи ҷанин неш зада мебарояд. Сараввал он кам аён буда, вале ба зудӣ қад кашида калон мешавад. Ин ҳодиса чӣ тавр амалӣ мегардад?
Решачаи ҷанини тухм ва решаи рустании нашъунамокунанда монанди дигар узвҳои рустанӣ низ аз ҳуҷайраҳо иборатанд. Ҳуҷайраҳои решачаи ҷанинӣ моддаҳои ғизоии тухмро дар шакли маҳлул ҷаббида истифода мебаранд, месабзанд ва тақсим мешаванд.
Агар ба решачаи тухми сабзидаистодаи нахӯд ё лӯбиё бо сиёҳӣ баъди ҳар 2 мм фосила аз якдигар кӯндаланг хатча кашида, он тухмро ба болои коғази намкаш, ки як гӯшааш дар об фурӯ гузошта шудааст гузорем, баъди як шабонарӯз мебинем, ки фосилаи байни хатчаҳои қисми нӯгии реша (31) афзудааст. Зеро ҳуҷайраҳои қисми нӯги реша тез-тез мунтазам тақсим мешаванд ва боиси сабзиши боавҷу қадкашии реша мегарданд. Ин далели он аст, ки реша аз нӯгаш месаб- зад. Санҷиши ин ақида на он қадар душвор аст. Агар нӯги (32) решаро бурида партоем, реша аз қадкашӣ бозмемонад. Дар решаи нӯгаш буридашуда ба миқдори зиёд решаҳои паҳлуӣ месабзанд. Ҳар як решаи паҳлуӣ ҳам аз нӯгаш қад мекашад. Ҳангоми кӯчатшинонӣ кандани нӯги решаи асосӣ боиси аз қадкашӣ бозмондани он ва сабзиши решаҳои паҳлуӣ ва иловагӣ мегардад. Ҳангоми кӯчат кардани карам, помидор, қашқаргул ва зироатҳои дигари тиррешадор нӯги решаи асосии онҳоро пешакӣ мебуранд.
Нӯгкании решаи кӯчат боиси сабзиши боавҷи решачаҳои паҳлуӣ ва иловагӣ гардида, ғизогирии рустаниҳо (32) хеле беҳтар мегардад. Амали нӯги решаи навниҳоли рустаниро бурида, бо ёрии мехчӯби нӯгтез кӯчат кардани онҳоро кӯчатшинонӣ меноманд.
Решаи рустаниҳои сабзанда дар хок хеле чуқур ҷойгир мешавад. Дарозии решаи рустаниҳои ғалладонагӣ (гандум, ҷавдор, ҷав, ҷуворимакка) ба чуқурии 1,2,-2,0 м, юнучқа то 3-5 м, рустании янтоқ бошад то 15-20 м (33) инкишоф меёбад.
Реша на танҳо ба поён – ба чуқурӣ, балки ба таври уфуқӣ ба сатҳи хоки атроф ҳам хеле инкишоф меёбад. Масалан, решаи ҷуворимакка ба атроф ба масофаи тақрибан 2 м, решаи пиёз бошад ба 60-70 см паҳн мешавад. Хусусан, решаи дарахтон боавҷ нашъунамо карда, то чуқурии 10-15 м дар хок реша меронанд. Масалан, решаи дарахти себ ба атроф аз бехи танааш то 15 м дурӣ реша ронда, то 3-4 м чуқур меравад. Дарозии умумии тамоми решаҳои як бех рустанӣ хеле бузург аст. Рустанӣ ба туфайли нашъунамои хуби реша аз хок бештар об ва моддаҳои ғизоиро ҷаббида мегирад.

Қисмҳои реша
Қисми нӯгии решаи наврастаи лӯбиё ё нахӯдро дар зери пурбин аз назар гузаронед. Шумо мебинед, ки нӯги решаро монанди ангуштпона ғилофаки реша пӯшидааст. Дар зери микроскоп дидан мумкин аст, ки ғилофаки реша аз якчанд қабати ҳуҷайраҳо иборат аст. Онҳо нӯги решаро аз осеби зарраҳои сахти хок эмин медоранд. Ҳуҷайраҳои ғилофаки реша кӯтоҳумр буда, мунтазам нобуд мегарданд ва ба ҷойи онҳо мудом ҳуҷайраҳои нав (34) пайдо мешаванд.
Аз қисмҳои гуногуни реша буридаи тунук тайёр карда дар зери микроскоп мебинем, ки ҳуҷайраҳои қисмҳои гуногуни реша аз ҷиҳати шакл ва андозаашон аз ҳамдигар фарқ (34) доранд.
Бофта чист?
Маҷмӯи ҳуҷайраҳое, ки сохти якхела дошта, вазифаҳои якхеларо иҷро мекунанд, бофта номида мешавад.
Ғилофаки реша тавассути бофтаи пӯшиш ҳосил шуда, одатан ҳуҷайраҳои бофтаи ҳосилкунандаро, ки тез-тез тақсим шуда, қадкашии решаро ба дарозӣ таъмин мекунанд, муҳофизат мекунад. Дар қитъаи бофтаи ҳосилкунандаи қисми нӯгии реша ҳуҷайраҳо мунтазам тақсим шуда, миқдорашон меафзояд. Бинобар он, ин қисми решаро ҷузъи тақсимшавӣ меноманд. Болотар аз ҷузъи тақсимшавӣ ҷузъи сабзиш ё қадкашии реша ҷой гирифтааст, ки ҳуҷайраҳои он қад кашида андозаашон калон мешавад ва дар натиҷа реша сабзида дароз мешавад. Дуртар аз ҷузъи сабзиш, қитъаи бо мӯякрешаҳои сершумору шаффоф иҳотагардидаи реша ҷойгир аст, ки онро ҷузъи ҷаббиш меноманд.
Мӯякрешаҳои бисёр рустаниҳоро метавон бо чашми одӣ мушоҳида кард. Онҳо дар якҷоягӣ бофтаи асосӣ ё ҷаббишро ташкил медиҳанд. Масалан, мӯякрешаҳои нахӯд нағз намудоранд. Мӯякрешаҳои гандум ва бисёр рустаниҳои хӯшадор ба тибит монанданд. Мӯякрешаҳо хеле хурд буда, ҳамагӣ аз 0,1 то 1,5 мм дарозӣ доранд. Вале дар баъзе рустаниҳо, масалан, дар гандум мӯякрешаҳо то 8-9 мм қад мекашанд. Онҳо ҳамагӣ якчанд рӯз умр дида, баъд нобуд мегарданд. Ҷойи онҳоро мӯякрешаҳои навҳосилшуда иваз мекунанд. Ба туфайли мӯякрешаҳо рустанӣ аз хок об (34) ва моддаҳои маъданиро дастрас мекунад.

Дар байни ҷузъи ҷаббиш ва саршавии поя ҷузъи гузаронандаи реша воқеъ аст, ки тавассути бофтаи гузаронанда ва рагҳои дар он мавҷудбуда об ва моддаҳои маъдании дар он ҳалшуда аз реша ба поя мегузаранд. Дар ин қитъаи шохарондаи реша мӯякрешаҳо дида намешаванд. Инчунин дар ин қитъаи реша ҳуҷайраҳое мавҷуданд, ки моддаҳои органикии дар барг ҳосилшударо аз поя ба реша медиҳанд.
Мустаҳкамӣ ва чандирии реша ба туфайли мавҷудияти бофтаи механикӣ таъмин карда мешавад. Ҳуҷайраҳои бофтаи механикиро ташкилкунанда ба дарозии сатҳи берунии реша қад ёзонда, бо лифофаи ғафс иҳота гардидаанд. Ин ҳуҷайраҳо бармаҳал дохилоти худро гум карда, бо ҳаво пур мебошанд.
- Решаи навраста (навнихол) аз кадом кисмхо иборат аст?
- Гилофаки реша чи ахамият дорад?
- Кисми зуд-зуд таксимшавандаи хучайрахои реша дар кучо чойгир аст, вай аз кисмхои дигари реша чи фарк дорад?
- Муякреша чист?
- Кисми чаббандаи реша кадом вазифаро ичро мекунад?
- Кисми гузаронандаи реша дар кучо чойгир аст?
- Бофта чист?
- Кадом намуди бофтахоро дар реша ёфтан мумкин аст?
Сабзиши реша. Кисмхои реша Кисмхои реша Бофта чист? Сохти решаи навнихол (накша)