Аминҷон Шукӯҳӣ

Хунмаст ҷанобони ҷаҳонсӯзи ҷаҳонро
Бо тантана бар суди адолат бисупорем.

Аминҷон Шукӯҳӣ (Ҳоҷибоев) 10-уми июни соли 1923 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.

аминчон шукухи

Курсҳои муаллимиро гузашта, дар мактабҳои Хуҷанд аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сафи кормандони Умури дохила кор кардааст. Аз соли 1947 ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, ба ҳайси мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» шуғл варзидааст. Соли 1955 факултаи рӯзноманигории мактаби олии ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттифоқи Советиро дар шаҳри Маскав хатм намуда, муҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони Советӣ» таъйин шуд. Соли 1961 котиби раёсат, баъдтар муовини садри Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гашта, кор кардааст. Аз соли 1967 то соли 1976 Раиси Кумитаи радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон буд. Пас аз он танҳо ба кори эҷодӣ машғул шудааст.

Шеърҳои аввалини Аминҷон Шукӯҳӣ соли 1942 дар рӯзномаи вилоятии «Стахановчӣ» чоп шудаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маҷмӯаи аввалини шеърҳои ӯ «Суруди чашмасор» соли1948 аз чоп баромад. Минбаъд маҷмӯаҳои «Ватани сулҳ» (1952), «Рӯзҳои мо» (1954), «Садои дил» (1956), достони «Кӯчабоғи ошиқон» (1962), драмаи мусиқии «Кӯчабоғи оши- қон» (1964), ки Театри ба номи Пушкин ба саҳна гузошт, либреттои операи «Бозгашт», ки Театри опера ва балети ба номи С. Айнй соли 1967 ба саҳна гузошта буд, маҷмӯаи шеърҳои «Нафаси гарм» (1964), маҷмӯаи шеърҳои «Табас- суми ту» (1966, дар Боку бо забони озарӣ) чоп шуданд. Ашъори Шукӯҳӣ ба забонҳои украинӣ, белорусӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ, литвонӣ ва ғайра тарҷума шуда, борҳо дар Афғонистон, Эрон ва Чехословакия нашр шудаанд. Шукӯҳӣ дар наср ва драма низ асарҳои назаррас дорад.

Аминҷон Шукӯҳӣ 17 майи соли 1979 аз олам гузаштааст.


Мо толиби сулҳем

Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем,
Як зарра ҳам аз душмани худ тарс надорем,
Лекин ҳама чун як дилу ҷон сулҳшиорем,
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем.

Моро Ватану модару ҷонона азиз аст,
Меҳри дилу ободии ҳар хона азиз аст,
Осудагию кори далерона азиз аст,
Ҳар як қадами худ ба ҳамин азм гузорем.

Сулҳ аст чунон қалъаи пурқудрати маҳкам,
Маҳкам бикунад боз варо халқ дамодам,
Ҳар кас, ки бихоҳад шарафи одаму олам,
Ӯ ҳамраҳи мо бошаду ҳамфикру қарорем.

То ҳифз намоем ҳама пиру ҷавонро,
То дур кунем аз ҳама ҷо офати ҷонро,
Хунмаст ҷанобони ҷаҳонсӯзи ҷаҳонро
Бо тантана бар суди адолат бисупорем.


Тарчумаи холи шархи холи зиндагиномаи Аминчон Шукухи эчодиёти Аминчон Шукухи

Шеърҳо дар васфи Сулҳ

ҚаблӣНомхои точики барои дугоник
БаъдӣШеър дар васфи шаҳр