Хок. Аҳамияти он барои ҳаёти растаниҳо. Муҳофизати хок

Хок қабати болоӣ ва он ҳосилхези замин аст. Қабати болоии хок бештар сиёҳтоб аст, чунки боқимондаи набототу ҳайвонот бо таъсири микроорганизмҳои хок мепӯсад ва моддаҳое ҳосил мешавад, ки порухок (гумус) аз онҳо иборат аст. Сиёҳтоб будани қабати болоии хок ба порухок вобаста аст.

Хок

Агар дар замин 50-60 см чуқурӣ кофта, яке аз тарафҳои онро ба поён росту суфта кунем, мо буриши қабатҳои хокро (29) аниқ мушоҳида карда метавонем.

Мебинем, ки ранги қабатҳои поёнтари хок бо сабаби дар он кам будани порухок нисбатан кушод (ё равшантар) мебошад. Инчунин қабати рег, гил ва санг низ дида мешавад. Дар хоки хокистарранг бошад, порухок кам аст. Мавҷудияти гил ва регро дар таркиби хок бо таҷриба муайян кардан мумкин аст.

Ба зарфи тунукагин андак хок андохта, дар болои оташ метафсонем. Порухоки таркиби хок месӯзад ва ранги хок равшантоб мешавад. Як қисми хоки тасфондашударо ба зарфи шишагин андохта, ба он об  рехта, омехта мекунем. Оби зарф тира мешавад, зеро зарраҳои гил як муддати муайян муаллақ меистанд, аммо рег ба зудӣ таҳшин мешавад. Агар оби зарфро рехта, обшӯии таҳшинро якчанд маротиба давом диҳем, дар зарф реги тоза боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, дар хок – порухок, рег ва гил мавҷуд аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Агар оби тираро аз коғази полоишӣ гузаронида, аз оби софи он якчанд қатра ба болои шишапора чаконда, дар болои оташ бухор кунем, дар рӯйи шишапора доғи сафедтоб боқӣ мемонад. Ин моддаҳои маъдании дар об нағз ҳалшавандаи хок аст. Дар таркиби хок инчунин об ва ҳаво (30) ҳам ҳаст. Намии хокро, ҳатто даст расонда, ба осонӣ пай бурдан мумкин аст. Агар кулӯхмайдаро ба об дохил кунем, ҳаво доштани хокро ба зудӣ дарк мекунем. Дар ин ҳолат аз кулӯхмайда ҳубобчаҳои ҳаво ҷудо мешаванд.

Ҳамин тавр, нашъунамои боавҷ ва ҳосили дилхоҳ додани рустаниҳои кишоварзӣ ба ҳосилхезии хок вобастагӣ дорад. Бинобар ин, муҳофизат ва коркарди дурусти оқилонаи замин, беҳтар кардани таркибу сохтори хок барои парваришу рӯёнидани ҳосили баланди рустаниҳо дорои аҳамияти аввалиндараҷа аст.

Тирамоҳ пас аз ҷамъоварии ҳосил заминро шудгор мекунанд. Ин имконият медиҳад, ки намӣ дар хок бештар нигоҳ дошта шуда, боқимондаҳои рустаниҳои зерихокафтода дар натиҷаи пӯсиш ба порухок табдил ёбанд.


Саволҳо

  1. Хок чист?
  2. Порухок чи тавр хосил мешавад?
  3. Хок ба чуз порухок боз чихо дорад?

Хок. Ахамияти он барои хаёти растанихо. Мухофизати хок

Ғизогирӣ ва сабзиши майса. Муҳлати кишт

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед