Обро ҷаббидани реша

Реша дар ҳаёти рустаниҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Рустаниҳо ба воситаи решаашон дар хок устувор ҷойгир шуда, аз он об ва моддаҳои маъдании барои ҳаёташон заруриро мегиранд. Барои исботи ин гуфтаҳо таҷрибаҳои гуногун кумак мерасонанд. Агар ягон рустании дар рег ё аррамайдаи намнок парвариш кардашударо гирифта, бо решааш ба дохили пробирка ё зарфи шишагини обдор дохил кунем ва сатҳи болоии оби зарфро бо қабати тунуки равғани рустанигӣ фаро гирем, пас аз як-ду рӯз мебинем, ки ҳудуди оби қайдкардашуда хеле поён фуромадааст. Ин нишон медиҳад, ки рустанӣ бо воситаи решааш обро ҷаббида ба боло ба ҷониби баргҳо равона кардааст.

Ё ин ки рустании хонагӣ – ҳиногул ё навниҳоли се- чорҳафтаинаи офтобпараст ё лӯбиёро, ки пешакӣ дар тубак сабзонда шудааст, тавре мебурем, ки аз бехи пояаш 3-4 см боқӣ монад. Ба боқимондаи пояи буридашуда найчаи резинии дарозиаш 3 см-ро мепӯшонем. Ба найчаи резинӣ каме об рехта нӯги онро бо найчаи шишагини дарозиаш 20-25 см, ки ба шакли оринҷак каҷ кунонда шудааст (ба расми 35 нигаред), пайваст менамоем.

Расми 35. Таҷрибае, ки фишори решагиро нишон медиҳад.

Баъди якчанд муддат об бо найча боло мебарояд ва ба берун мерезад. Саволе пайдо мешавад, ки он об аз куҷо пайдо шуд? Ин обро реша аз хок ҷаббида мегирад. Сипас, об ба туфайли бофтаҳои гузаронандаи (рагҳои) реша ба боқимондаи поя гузашта, ба найча дохил мешавад. Барои он, ки оби ба найча дохилшуда ба боло ҳаракат кунад, қувваи муайяне лозим аст. Ин қувва ё фишорро фишори решагӣ меноманд. Маҳз ба туфайли ин фишори решагӣ об аз реша ба поя   гузашта, ба боло ҳаракат мекунад.

Агар ин таҷрибаро идома дода, ба хоки тубаки рустании пояаш буридашуда оби ширгарм резем, об ба зудӣ тавассути найчаи шишагин ба боло баромада, ба берун мерезад. Баръакс, агар оби ҳарораташ ниҳоят хунук рехта шавад, ба боло ҳаракат кардани об қатъ мегардад. Ҳамин тавр, обро ҷаббидани реша ба ҳарорат низ вобаста аст. Реша оби хунукро бад меҷаббад. Аз ин рӯ, ба рустанӣ оби хунук додан мумкин нест.

Чунин ҳодисаро баҳорон ҳангоми буридани шоху навдаи баъзе дарахтон (ток, тӯс, заранг) низ мушоҳида кардан мумкин аст. Чунончи, дар вақти ширадав буридани навдаҳои ток аз онҳо дар муддати чандин рӯз об мерезад, ки ин ҳолат низ аз мавҷудияти фишори решагӣ дарак медиҳад.

Рустаниҳо бе об сабзиш ва нашъунамо карда наметавонанд. Зеро тамоми фаъолияти ҳаётии онҳо фақат бо иштироки бевоситаи об мегузарад. Масалан, рустаниҳои ғалладонагӣ барои ҳосил кардани як килограмм моддаи хушк тақрибан 300-400 литр обро истифода мебаранд. Хусусан, рустаниҳо дар давраи боавҷи нашъунамояшон ба об бештар эҳтиёҷ доранд. Дар вақти ба пухтан шурӯъ кардани меваҳо эҳтиёҷи      рустаниҳо ба об нисбатан кам мешавад. Дар сурати обмонии аз ҳад (меъёр) зиёд меваҳо дер мепазанд. Бар зами ин, ин ҳолат боиси боавҷ сабзидани навдаҳои нав ба нав мегардад. Ин навдаҳои ҳосилшуда чӯбӣ шуда натавониста, зимистон онҳоро хунук мезанад.

Зироатҳои сабзавотӣ ва рустаниҳои киштаи боғ: гулбоғ, гулзор ва гулгаштҳоро бегоҳирӯзӣ баъди паст шудани шиддати гармии ҳаво об додан айни муддаост. Дар вақти салқинии ҳаво хок намиро хубтар ҷаббида мегирад ва об камтар бухор мешавад. Инчунин, ба рустанӣ набояд зуд-зуду кам-кам, балки дер-деру бисёр об додан беҳтар аст. Ҳангоми бо обпошак об додани тубаки гул ё палчаҳои наздиҳавлигӣ обпошакро бояд тавре кор фармуд, ки ҷараёни об хокро (36) нашӯяд.

Расми 36. Обдиҳии дуруст ва нодурусти рустанӣ
Расми 36. Обдиҳии дуруст ва нодурусти рустанӣ

Дар баъзе хоҷагиҳои калони кишоварзӣ дастгоҳҳои махсуси обпоширо истифода мебаранд. Барои ба қадри кифоя бо об таъмин кардани рустаниҳои кишоварзӣ каналҳои обёрӣ ва ҳавзу обанборҳо месозанд. Барои ба қадри зарурӣ нигоҳ доштани намии замин ва аз шамолу гармсер ҳифз кардани киштзор ба таври махсус минтақаҳои бешазор бунёд менамоянд.


  1. Фишори решаги чист ва барои рустани чи ахамият дорад?
  2. Чаро ба рустанихои хонаги оби хунук додан мумкин нест?
  3. Киштзори васеъро чи хел обёри мекунанд?
  4. Барои чи минтакахои бешазор бунёд мекунанд?

 Обро чаббидани реша реша обро чи хел ба худ мегирад.

Маълумот дар бораи Микроскоп

ҚаблӣСабзиши реша. Қисмҳои реша
БаъдӣБренд чист?

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед