Дар ин саҳифа мушоираи зебои Орзу Исо ва устод Хайриддини Хайрандеш оварда мешавад. Хонед ва ба дӯстонатон фиристед.

Орзу
Тоҷ агар аз шеър бар сар кардаам,
Дарси Хайрандеш аз бар кардаам …
Хайрандеш
Баъди шеъри ту бидидам шеър чист,
Шеър гуфтанро зи нав сар кардаам.
Орзу
Хешро бо нусрати Ҳарфи шумо
Ҳамнишини моҳу ахтар кардаам!
Хайрандеш
Офаринат боду мадҳу ҳам сано,
Ман ба ихлоси ту бовар кардаам!

Орзу:
Эй, барои васл бо ҳарфи шумо
Илтиҷо дар пушти ҳар дар кардаам.
Хайрандеш:
Хоксориҳо дар ин дунёи дун
Ҳамчу Абдулҳай Қаландар кардаам.
Орзу:
Аз ҳамон отифаи ашъоратон
Ман барои хеш минбар кардаам.
Хайрандеш:
Баъди ин шеър аз сари кӯҳи баланд
Шеърҳои хешро ҷар кардаам.
Орзу:
Баъд аз ин домони худро бедареғ
Ман ба ашки ғуссаҳо тар кардаам.
Хайрандеш:
Ҳеч гап не, боз аз нав чун Шумо
Дафзанон гулранг дафтар мекунам.
Орзу:
Исми ёронро ба рӯи лавҳи дил
Ҳак ба оби нуқраву зар кардаам.
Хайрандеш:
“Кардаам”-ро “мекунам” кардам ду бор,
Хокро, яъне ки ман зар кардаам.
Орзу:
Дар ҳузури дафтари қалби шумо
Дарди калби хеш камтар кардаам
Хайрандеш:
Ман туро дар шеър чун дар фалсафа
Бо Аристотел баробар кардаам.
Орзу:
Мерасӣ бар кӯи мо хуршедвор
Фахр бо хуршеди Ховар кардаам.
Хайрандеш:
Ту набинӣ ҳеч гаҳ дар зиндагӣ
Он қадар миннат паси сар кардаам.
Орзу:
Лобалои ҳарфи шевои шумо
Чун калоғе, вой, қар-қар кардаам…
Хайрандеш:
Хешро, додар, магӯ ҳаргиз калоғ,
Шоҳиниятро муқаррар кардаам.
Орзу:
Боли шоҳинро ба пои эҳтиром
Канда-канда вой, пар-пар кардаам.
Хайрандеш:
Гиря неву шиква аз миннатгарон,
Ҳар каломи хеш ханҷар кардаам.
Орзу:
Ман шуморо дар хиёбони хаёл
Ҳайкале аз ҷинси мармар кардаам.
Хайрандеш:
Ман хиёбони хаёлатро ба меҳр
Обшор аз ҳавзи Кавсар кардаам.
Орзу:
Аз ҷавоҳирхонаи шеъри шумо
Зиндагиро махзани фар кардаам.
Хайрандеш:
Бо ҷилои қасри шеъри Орзу
Ман мақоми хеш бартар кардаам.
Орзу:
Сад қаламро дар баҳои ҳарфатон
Сар задам, чун неши абтар кардаам
Хайрандеш:
Жожхойи карда дар шеъру сухан,
Хешро бисёр шалпар кардаам.
Сабки шеъри туст бас нобу зулол,
Дил зи файзи он тавонгар кардаам.
Орзу:
Хайриддини Хайрандеш сипос, устодҷон! Таслими ҳарфҳои шумоям! Поянда бимонед! Хастагӣ дур бод, хонатон пурнур! Азизед бароям!
Хайрандеш:
Захми чашме кай расад бар фитратат,
Чашму миҷгон дуду миҷмар кардаам.
Шаб ба хайр, эй додари рангинхаёл,
Сар ба болин, тан ба бистар кардаам.
Орзу Исоев ва Хайриддин Хайрандеш