Саъдии Шерозӣ (1184-1292)

Асарҳои Саъдӣ хазинаи суханҳои пурҳикматанд. Саъдӣ шоир ва нависандаи рӯйиҷаҳонист.

С. Айнй

Саъдии Шерозӣ (1184-1292)

Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар Шероз ба дунё омадааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод хондааст.

Саъдӣ саёҳатро дӯст медошт. Ӯ дар бисёр шаҳрҳои Ирону Арабистон буда, ҳангоми сафар бо одамон ошно шуда, бо онҳо сӯҳбат мекард ва аз тарзи зисти онҳо огоҳӣ меёфт.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Зиндагии мардумонро саросар омухта, пасон ду асари машҳури худ – «Бустон» ва «Гулистон»-ро навиштааст.

«Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ саршори панду ахлоқ аст. Ин худ як мактаби тарбия буда, дар ҳама давру замон ба мардумони олам панди рӯзгор додааст.

Шайх Саъдӣ боз ғазалу таронаи бешумор ҳам навиштааст.

Саъдии Шерозӣ умри дароз дидааст, аз сад ҳам гузашта, соли 1292 аз олам даргузаштааст.

Шайх Саъдӣ бо «Гулистон» ва «Бустон»-и худ ҳамеша бо мардуми некхоҳи олам аст.


Хаёт ва фаъолияти Саъдии Шерози, Зиндагиномаи Саъдии Шерози, тарчумаи холи Саъдии Шерози, ҳаёт ва фаъолияти Сайдии Шерозӣ, Саъди Шерози, эчодиёти Саъдии Шерози, Сади Ширози.