Ҳикояҳо (аз “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ)

Хиради Нушервони одил

Овардаанд, ки Нушервони Одилро дар шикоргоҳе сайде кабоб карданд ва намак набуд. Ғуломе ба русто фиристод, то намак орад. Нушервон гуфт:

Намак ба қиммат биситон, то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад.

Гуфтанд:

-Аз ин қадар чӣ халал ояд?

Нушервон гуфт:

-Бунёди зулм дар ҷахон аввал андаке будааст, ҳар кӣ омад, бар ӯ мазиде (илова) кард, то бад-ин ҳолат расид.

Агар зи боғи раият малик хурад себе,
Бароваранд ғуломони дарахт аз бех.
>Ба пану байза, ки султон ситам раво дорад,
Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих.


Дуои дарвеш

Дарвеше мустаҷо буд даъват (одаме, ки дуояш аз ҷониби Худо қабул шавад) дар Бағдод падид омад. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфро хабар карданд. Бихондаш ва гуфт:

-Дуои хайре бар ман бикун.

Дарвеш гуфт:

-Худое, ҷонаш биситон!

Гуфт:

-Аз баҳри Худо, ин чӣ дуост?

Гуфт:

-Дуои хайр аст туро ва ҷумлаи мусулмононро. То ту аз азоби Ҳақ ва халқ аз балои ту бираҳанд.

Эй забардасти зердастозор,
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!


Ду шоҳзода

Ду амирзода дар Миср буданд. Яке илм омухт ва дигаре мол андухт. Оқибатуламр5, он яке алломаи6 аср гашт ва ин яке Азизи Миср7 шуд.

Пас ин тавонгар ба чашми ҳакорат дар фақеҳ (донандаи илми Ислом) назар кардӣ ва гуфт:

-Ман ба ин салтанат расидам ва ин ҳамчунон дар масканат (бечорагӣ) бимондааст.

Гуфт:

-Эй бародар, шукри неъмати борӣ ҳамчунон афзунтар аст бар ман, ки мероси пайғамбарон ёфтам, яъне илм. Ва ту мероси Фиръавн ва Ҳомон, яъне мулки Миср.

Ман он мурам, ки дар паям бимоланд,
На занбурам, ки аз дастам биноланд.
Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам,
Ки зури мардумозорӣ надорам.


хикояхо (аз “Гулистон”-и Саъдии Шерози), гулистони Сади Шерози, хикояхои точики, бо забони тоҷики, хикоя аз гулистон

ҚаблӣСаъдии Шерозӣ (1184-1292)
БаъдӣЧашми танги дунёдор (ҳикоя)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед