Мақоми панду андарз дар «Гулистон»-и Саъдӣ

Мақоми панду андарз дар «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ. Макоми панду андарз дар «Гулистон»-и Саъди Шерози.


Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро халқи тоҷику форс ва умуман мардуми олам ҳамчун муаллими ахлоқ, устоди панду андарз мешиносанд ва эътирофаш кардаанд. Албатта, чунин волоияту қадрдонӣ бесабаб нест. Гӯё малоик хоки ӯро бо панду андарз сиришта бошанд.

Ҳар як соҳибдил, марди бомаърифат, чӣ дар замони гузашта ва чӣ имрӯз ҳам дар ҳар як нишаст, базму хурсандӣ, ҷойи сухангустарӣ аз гуфтори шакаррези Саъдӣ панде меорад, андарзи муносиб мегӯяд ва бо ин камоли дониш ва фаросату маънавияти хешро назди ҳозирин илқо мекунад, ки арзанда ва писандида бошад.

 «Гулистон» ҳам хазинаи панд аст. Ин шоҳасар бо панд оғоз ёфта, бо панд анҷом пазируфтааст. Ва он танҳо аз ҳамин нигоҳ инсонро роҳнамост ва сухани нобро боргоҳ. Аз ин боргоҳ ҳар фард ба қадри фаросати хеш дурру гуҳар, зару зевар мегирад. Вале агар чун фард ба «Гулистон» ворид нагардад, чӣ донад, ки гулистон чӣ гуна гулҳои ранг ба рангу хушбӯй дорад:

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар?!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Акнун, ки ба «Гулистон» ворид гардидӣ, мебинӣ, ки дар дебочаи шоҳасараш Саъдӣ дар кадом маврид ба шахс сухан гуфтанро лоиқ донистааст, то дар назди дӯсту душман шармандаю шармсор нагардад:

Агарчи пеши хирадманд хомушӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.

Воқеан, Саъдӣ дуруст таъкид менамояд, ки хомӯшӣ адаби шоиста аст ва бояд адаб ба ҷо орию дар нишастҳо, дар шабнишиниҳо, дар суҳбату баҳсҳо хомӯширо ихтиёр кунӣ. Аммо ҳамеша ин тавр рафтор кардан низ ба назари Саъдӣ писандида нест. Агар донишу фаросат дошта бошӣ, агар таҳаммул бикунӣ, ки қодирӣ дар ҳалли ин масоил ё мушкилот, хомӯш истоданат ҳам арзанда нест, балки ба забон ою ҳарфи шоиста гӯй:

Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.

Вале ин сухан маънои онро надорад, ки ҳар вақт, ки хоҳӣ сухан гӯию, дар байни сухани гӯянда сухан орӣ. Ин амал аз рӯйи одоб нест. Вақте гӯянда суханашро тамом кард ва аҳли нишаст хомӯш монданд, он лаҳза бояд сухан бигӯйӣ. Ва ин рафтор яке аз шартҳои шоистаи адаб бошад.

Саъдӣ дар анҷоми «Гулистон» боз сари ҳамин масъала баргашта, таъкид менамояд, «Барои соҳибдилон, ки рӯйи сухан бар эшон аст, пӯшида намонад, ки дурри маънӣ дар силки иборат кашидаанд ва доруи талхи насиҳат ба шаҳди зарофат баромехта, то табъи малули эшон аз давлати қабул маҳрум намонад:

Мо насиҳат ба ҷойи худ кардем,
Рӯзгоре дар ин ба сар бурдем.
Гар наояд ба гӯши рағбати кас,
Бар расулон паём бошаду бас.

Ҳамин тавр, Саъдӣ ба хонанда гӯшзад менамояд, ки ҳар дурру гуҳаре буд, нисорат кардам. Гоҳ дар насиҳат сухани талхат гуфтаму гоҳ сухани шаҳдрези бозарофат. Қабулашон фармо, биёмӯз ва дар зиндагият истифода бар, то ба мурод бирасӣ.

Дигар аз рукнҳои сухан гуфтан, панду андарз додан бо мулоиматӣ, хушгуфторӣ ва билохира сухани лутфомез аст.

Латаф мекун он ҷо, ки бинӣ ситез,
Набуррад қази[1] нармро теғи тез.
Ба ширинзабонию лутфу хушӣ
Тавонӣ, ки пиле ба мӯе кашӣ.

Саъдӣ дар ин порча бамаврид аз санъати муболиға истифода бурдааст. Яъне, бо лутфу хушӣ метавон бо мӯе пили бузургҷуссаро бикашӣ.

Ба ҳамин тариқ, Шайх Саъдӣ адаби суҳбатро ба ҳар як марди солимфикр зарур медонад. Зеро дар ҳалли бисёр масъалаҳои сиёсии додугирифти байни давлатҳо, байни одамони ҷомеа силоҳ ҳамин аст ва сухани хубу лутфомез дар ҳар маврид тире ба нишон хоҳад буд. Саъдӣ ба ин масъала бештар аҳамият дода, ду боби «Гулистон» – бобҳои чор «Дар фавоиди хомӯшӣ» ва ҳашт «Дар одоби суҳбат» ба ҳамин мавзӯъ бахшидааст. Ба мазмуни ҳикоя таваҷҷуҳ кунед:

«Ҷолинус аблаҳеро дид, ки даст дар гиребони донишманде зада беҳурматӣ мекунад. Гуфт:

– Агар ин доно мебуд, кори вай бо нодон ба ин ҷо намерасид:

Ду оқилро набошад кину пайкор,
На доное ситезад бо сабукбор.

Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.

Ду соҳибдил нигаҳ доранд мӯе,
Ҳамедун саркаше в-озармҷӯе.

В-агар бар ҳарду ҷониб ҷоҳилонанд,
Агар занҷир бошад, бигсилонанд.

Дар ҳикоёти боло ҳадафи муаллиф асосан дар байти охир басо возеҳ ва шоирона ба қалам дода шудааст. Умуман дар зиндагӣ кам иттифоқ афтодааст, ки гап ё маслиҳати ду аблаҳ, ду ҷоҳил, ду аҳмақ пухта, ба муроди дил расида бошанд.

Дар ҳикояти «Муаллими мағрибӣ» нависанда ҳамчун тарбиятгар ва педагог зоҳир шудааст. Биёед, нахуст ба мазмуни он шинос шавем.

Муаллимеро дар диёри Мағриб дидам туршрӯй, талхгуфтор, бадхӯй, мардумозор, гадотабъ, нопарҳезкор, ки айши мусулмон ба дидани ӯ табаҳ гаштӣ ва хондани «Қуръон»-аш дили мардум сиёҳ кардӣ. Ҷамъе писарони покиза ва духтароне ба дасти ҷафои ӯ гирифтор; на заҳраи ханда ва на ёрои гуфтор. Гаҳ орази симини якеро тапонча задию гоҳ соқи булурини дигареро шиканҷа кардӣ. Алқисса, шунидам, ки тарфе аз хабоиси нафси ӯ маълум карданд ва бизаданду биронданд ва мактаби ӯро ба муслиҳе бидоданд: порсову салим, некмарди ҳалим, ки сухан ҷуз ба ҳукми зарурат нагуфтӣ ва муҷиби озори кас бар забонаш нарафтӣ. Кӯдаконро ҳайбати устоди нахустин аз сар бирафт ва муаллими дуюминро ахлоқи малакӣ диданду як-як дев шуданд, бо эътимоди ҳилми ӯ тарки илм доданд. Ағлаби авқот ба бозича фароҳам нишастандӣ ва лавҳ дуруст нокарда, дар сари ҳам шикастандӣ:

Устоди муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.

Баъд аз ду ҳафта бар он масҷид гузар кардам ва муаллими аввалинро дидам, ки дилхуш карда буданд ва ба ҷойи хеш оварда. Инсоф биранҷидам ва лоҳавл (тавба кардам) гуфтам, ки дигарбора Иблисро муаллими малоика чаро карданд? Пирамарде зарифи ҷаҳондида гуфт:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
«Ҷаври устод беҳ, ки меҳри падар!»

Аз мазмуни ҳикоя бармеояд, ки муаллими аввал зоҳири нохуб, амали номатлуб дошта, вале педагоги хуб будааст. Пеш аз ҳама, шогирдон аз устод тарсу ҳарос доштанд ва ба суханаш гӯш медоданду боадаб буданд ва вазифаро иҷро мекарданд, аммо муаллими дуюм, ки ҳалиму меҳрубон буд, шогирдон сухани устодро нашниданд ва ба корҳои беҳуда машғул шуданд.

Чунин рафтори омӯзгор бачаҳоро ба кӯчаи сарбаста раҳнамо сохт. Боз волидайни шогирдон маҷбур шуданд, ки муаллими авваларо ба мактаб оранд.

Ба воситаи ин ҳикоят Саъдӣ таъкид менамояд, ки интизом дар таълим суду самараи бештар дорад. Муаллим ҳам бояд босалобат ва сахтгир бошад, то ки кӯдакон дониш омӯзанд. Имрӯз ҳам андешаи Саъдӣ аҳамияти калони амалӣ дорад, имрӯз ҳам агар ба суханони устод шогирдон гӯш надиҳанду беҳурматӣ намоянд, дониши дуруст гирифта наметавонанд. Омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд синфро идора кунад, шогирдон интизом дошта бошанд ва ба сухани муаллим гӯш диҳанд. Вагарна саъю талоши омӯзгор беҳуда аст.

Саъдӣ дар ҳикояти дигар овардааст, ки шахси хирасаре буд, ки корҳои нолоиқ бикард ва мардумонро озор бидод. Насиҳаташ кардам, аз дидаю шунидаҳо барояш масал задам, аммо қабулаш наафтод ва амали хеш ҳамчунон идома бидод:

«Дидам, ки насиҳат намепазирад ва дами гарми ман дар оҳани сарди ӯ асар намекунад, тарки муносибат (насиҳат) кардаму рӯй аз мусоҳибат бигардондам ва қавли ҳукаморо кор бастам, ки гуфтаанд:

Гарчи донӣ, ки нашнаванд, бигӯй
Ҳар чӣ донӣ зи некхоҳию панд!

Зуд бошад, ки хирасар бинӣ,
Ба ду пой уфтода андар банд.

Даст бар даст мезанад, ки дареғ,
Нашунидам ҳадиси донишманд.

Чун рӯзгоре бигзашт, амали ношоиста бикард, пушаймон бишуд ва кунҷи зиндонро манзили абад ихтиёр бикард. Дигар пушаймонӣ судаш накард».

Саъдӣ ба ин восита гуфтан мехоҳад, ки инсони боақл бояд панди бузургонро бигирад ва аз амали ношоистаи хеш даст бишӯяд. Агар напазирад, ба ин ҳолат бирасад. Беҳуда нагуфтаанд: «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» бошад.


[1]   Қази – ҳукм, фармон

Дигар мавзӯҳо

ҚаблӣГуманизми Саъдӣ. Саъдии Шерозӣ  – шоири гуманист
БаъдӣНигоҳи Саъдӣ ба илму ҳунар