Ташаккули одамони ибтидоӣ

Ташаккули одамони ибтидои


Одамони ибтидоӣ мунтазам инкишоф ва ташаккул меёфтанд. Ин раванд хеле дуру дароз – садҳо ҳазор сол давом кард. Вақте ки одамони ибтидоӣ оташро кашф карданд, дар тарзи ҳаёти онҳо тағйироти муҳим ба амал омад. Акнун одамон оташро барои гарм кардани манзил ва пухтани гӯшти ҳайвонҳои шикоркардаашон истифода мебурданд. Баъд аз пӯсти ҳайвонот барои худ сарулибос ва ҷойи хоб тайёр карданро ёд гирифтанд.

Расми 5. Теғасанг
Расми 5. Теғасанг

Одамон тадриҷан дар ҷойҳои ҳамвори сероб паноҳгоҳҳо месохтагӣ шуданд. Бостоншиносон теъдоди зиёди чунин бошишгоҳҳои одамони асри сангро пайдо кардаанд. Бозёфтҳои археологӣ (бостоншиносӣ)-и ғори Тешиктоши назди шаҳри Тирмиз яке аз онҳо мебошад.

Бо гузашти даҳҳо ва садҳо ҳазор сол ҳаёти одамони ибтидоӣ ба туфайли хосил кардани таҷрибаи зиндагӣ ва малакаи меҳнат торафт рангинтар мегашт, дасту бозуяшон ба кор бештар одат мекард. Меҳнат дар ташаккули шуури одамони ибтидоӣ нақши муҳим бозидааст.


Мавзӯи пурра >> Асри санг. Ҳаёти одамони қадимтарин. Одамони ибтидоӣ

ҚаблӣАфзори аввалини кории одамони ибтидоӣ
БаъдӣИди Рамазон муборак! (Иди Фитр – табрикот)