Саломатии одам ва роҳҳои муҳофизати он

Саломатии одам ва роххои мухофизати он. Реаксияи мухофизати – мутобикшавии организм. Реаксияи илтихоб хусусияти мухофизати дорад. Омилхои хифзи саломати.


Реаксияи муҳофизатӣ – мутобиқшавии организм

Саломатӣ яке аз муҳимтарин сарватҳои зиндагӣ мебошад. Вазифаи ҳар як одам муҳофизат кардан, оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурда тавонистани саломатӣ мебошад.

Бисёр одамон омилҳои ба организм зараровару фоидаоварро надониста, ба пешгирӣ кардани ин ё он беморӣ сарфаҳм намераванд. Бисёриҳо ҳифзи саломатиашонро ба тиб ҳавола мекунанд. Вале агар худи одамон муҳофизат кардани саломатиашонро ёд нагиранд илми тиб ба онҳо саломатӣ бахшида наметавонад.

Сирояти бактерияҳои бемориовар, хунукзанию гармозании организм, ғизои нодуруст ва камҳаракатӣ, истеъмоли машруботи спиртдор, сигоркашӣ, заҳролудшавӣ, шаклҳои гуногуни шуоъзанӣ, хусусан шуоъзании ултрабунафш ва рентгенӣ омилҳои носолимӣ шуда метавонанд. Миқдори зиёди ин шуоъҳо ҳуҷайраҳоро маҳв ё захмдор карда, аппарати ирсии онҳо – молекулаҳои КДН-ро хароб месозанд. Ғайр аз ин, шуоъзанӣ эҳтимол ба пайдоиши шаклҳои нав, аз ҷумла омосҳои гуногун мусоидат карда, ҷараёни муътадили ҳамлро вайрон кунад. Кори аз ҳад зиёди фикрӣ ва ҷисмонӣ, ғалоғулаи зиёд дар истеҳсолот ва рӯзгор, камхобӣ ва истироҳати начандон кам боиси носолимии одам шуда метавонанд.

Саломатиро реаксияи муҳофизатӣ – мутобиқшавии организм нигоҳ дошта, муҳити дохилӣ ва созгори онро ба шароити зиндагӣ мунтазам мувофиқ мекунад. Реаксияи муҳофизатӣ мутобиқшавиро бо роҳи рефлексӣ ва ҳуморалӣ танзим карда метавонад. Дар ин реаксия фаъолияти олии асаб нақши асосӣ мебозад.

Дард яке аз реаксияҳои муҳофизатии организм мебошад. Дард чун бонги хатар дар бораи носозии ягон ҷойи бадан хабар медиҳад. Дард посбони солимӣ, фарёди узви бемор барои ёрӣ мебошад. Ҳангоми бо таъсири осеб барангехта шудани ретсепторҳо дард пайдо мешавад, дар бофтаю узвҳо бисёртар моддаҳои фаъоли биологӣ ҷудо мешаванд, масалан, дар хун миқдори ҳормони адреналини ғадуди болои гурда зиёд мегардад. Ишораи дард одамро водор месозад, ки барои ҳифзи саломатиаш тадбирҳо андешад.

Баланд шудани ҳарорати бадан – вараҷа, яке аз реаксияҳои муҳофизатии мутобиқшавии организм мебошад.

Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан баъзе микроорганизмҳо, хусусан вирусҳо, зудтар нобуд мешаванд. Ҳарорати баланд боиси пурзӯр шудани ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо гардида, кори фаготситии лейкотситҳоро метезонад ва дигар реаксияҳои муҳофизатии организмро ба кор медарорад. Дар вақти беморӣ духтурон бемориро аз рӯйи хусусияти тағйирёбии ҳарорат муайян мекунанд. Бинобар ин то омадани духтур ҳарорати баданро бо роҳҳои гуногун паст кардан норавост. Вале дар вақти аз +50°С зиёд шудани ҳарорати бадан, онро муҳофизатӣ шуморидан мумкин нест. Дар чунин ҳарорат хатари лахтшавии сафедаҳои организм, пеш аз ҳама сафедаҳои системаи асаб, пеш меояд. Сафедаҳои лахтшуда вазифаи ҳаётии худро гум мекунанд.

Реаксияи илтиҳоб хусусияти муҳофизатӣ дорад

Манбаи илтиҳоб микробҳоро нигоҳ дошта, ба тамоми организм паҳн шудани онҳоро пешгирӣ мекунад.

Пӯст ва подтанҳои луобӣ монеаи роҳи микробҳо ба организм мебошанд. Бактерияҳои бемориовар аз пӯсту пардаҳои луобии тозаю бенуқс гузашта наметавонанд. Дар пӯсти тоза миқдори бактерияҳои бемориовар баъди 10 дақиқа якбора кам шуда, баъди 20 дақиқа ҳамаи онҳо нобуд мешаванд. Дар пӯсти ифлос миқдори онҳо дар 10 дақиқа тамоман тағйир намеёбад, баъди 20 дақиқа танҳо 15 фоиз кам мешавад. Вазифаи муҳофизатии пӯсти тоза ба ихроҷи ғадудҳои он вобаста аст. Чунончи, арақ ва тарашшӯҳи ғадудҳои равған ба афзоиши бактерияҳо монеъ мешаванд. Ғайр аз ин, бисёр микробҳо дар раванди пӯстпартоӣ организмро тарк мекунанд. Фаъолияти худтозашавии пӯсти ифлос якбора паст мешавад.

Пардаҳои луобии роҳҳои нафаскашии боло организмро аз микробҳо муҳофизат мекунанд.

Пардаҳои луоби роҳи меъдаю рӯда ба организм дохил шудани микробу заҳрро боз медоранд. Оби даҳон муқобили бактерияҳо амал мекунад, дар меъда кислотаи ҳидроген- хлорид омили муҳимми муҳофизат мебошад. Ҳар як одам дар як шабонарӯз бо наҷосат 10 гр микроб хориҷ мекунад, ки аксари онҳо метавонистанд боиси беморӣ шаванд. Вале онҳо аз пардаи луобии рӯдаи солим гузашта наметавонанд.

Ғайр аз пӯст ва пардаҳои луобӣ, ки ковокиҳои дохилиро мепӯшонанд, қариб ҳамаи узвҳо воситаи муҳофизат дошта саломатии одамро нигоҳ медоранд. Баъзеашон нақши ниҳоят бузург мебозанд. Чунин узвҳоро муҳофизи организм меноманд. Ғадуди душоха (тимус), лимфа, испурч, ҷигар ва дигар узвҳо аз ҷумлаи чунин аъзоянд. Ғадуди душоха реаксияи организмро танзим карда, онҳоро пурзӯр ё суст мекунад. Лимфа, ғадудҳои испурч ва ҷигар фаготситҳо доранд ва дар роҳи паҳншавии сироят чун полоиш хизмат мекунанд. Дар ҷигар бисёр моддаҳои барои организм заҳрнок мавҷуд буда, ба моддаҳои нисбатан безарар табдил меёбанд ва баъд аз организм тавассути узвҳои ихроҷ берун мешаванд.

Муҳити моеи дохилии организм (моддаҳои байни ҳуҷайраҳо, плазмаи хун, лимфа) моддаи махсуси фаъоли физиологӣ дорад, ки онҳо микробҳоро нобуд ва заҳри онҳоро бетаъсир мегардонанд. Азбаски онҳо дар аксар моеъҳои организм пайдо карда шудаанд, «омилҳои хилтии муҳофизат» ном гирифтаанд. Яке аз чунин моддаҳо лизот-сим буда, дар таркиби луоби даҳон хеле зиёд аст. Лизотсим инчунин дар таркиби сабзавот, меваҷот ва ҳатто гул мавҷуд аст.

Ба омилҳои муҳофизати организм подтанҳо, моддаҳои фаъоли биологӣ ва ҳормонҳо тааллуқ доранд. Маълум аст, ки ҳангоми норасоии кори ғадудҳои сипаршакл ё ғадудҳои болои гурда муқобилати организм ба бемориҳои сирояткунанда хеле суст мешавад.

Дар муҳофизати организм системаи марказӣ ва фаъолияти олии асаб нақши ниҳоят бузург мебозанд. Садама, заҳрҳо, маводди нашъа ва дигар омилҳо кори системаи марказии асабро заиф ва реаксияи муҳофизатии организмро суст мекунанд.

Омилҳои ҳифзи саломатӣ

Хӯроки хушсифат яке аз шартҳои асосии нигоҳ доштани саломатӣ мебошад. Камхӯрӣ ё пурхӯрӣ боиси вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва пайдо шудани бисёр бемориҳо мегардад. Хӯроки нодуруст фосилаи сиҳатшавиро бозмедорад.

Ҳанӯз дар замонҳои қадим хӯроки муътадил яке аз шартҳои зарурии нигоҳ доштани саломатӣ ба шумор мерафт. Дар урфият мегӯянд: “Хӯрдан барои зиндагӣ, на зиндагӣ барои хӯрдан”. Ба ин муносибат И. Павлов навиштааст, ки иштиёқмандии беҳад ба хӯрок ҳайвонтабиатӣ буда, бепарвоӣ нисбат ба он беандешагист.

Фаъолияти ҷисмонӣ ва обутоб додани организм саломатиро ҳифз ва мустаҳкам мекунанд. Онҳо коршоямиро зиёд карда, боиси реаксияи муҳофизатии мутобиқшавии организм мегарданд. Машғулияти ҷисмонӣ на танҳо барои пешгирӣ, балки барои бомуваффақият муолиҷа кардани бемориҳои гуногун аҳамияти калон дорад.

Аз замонҳои қадим дору воситаи беҳтарини барқарор намудани саломатӣ ба шумор мерафт. Ҳоло тиб дорои миқдори зиёди доруҳои зидди бемориҳои гуногун, аз он ҷумла бемориҳои дар гузашта муолиҷанашаванда мебошад.

Солимии ҷисм аз бисёр ҷиҳат ба ҳолати рӯҳии одам, ботамкинии ҳиссиёт, ҳалли бамавқеи ихтилофот, бартараф кардани низоъҳои тезутунд, ҳосил кардани муносибатҳои хуб миёни одамони майлу рағбат ва ахлоқашон гуногун вобаста аст.

Вазифаи одами бофарҳанг аз он иборат аст, ки бо истифода бурдани тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла эҳсосот ва тафаккури худ ба кори организм таъсир расониданро аз худ кунад.

Инсоният мувофиқи панди хеле қадими «Тани солим рӯҳи солим дорад» қарнҳо боз зиндагӣ мекунад. Вале ҳикмати дигар низ ҳаст «Тани солим – маҳсули ақли солим».


Дониши худро санҷед:

  1. Омилҳои ба саломатӣ зараррасон кадомҳоянд?
  2. Реаксияи муҳофизатии мутобиқшавии организм чист?
  3. Чаро дард ва баландшавии ҳарорати бадан реаксияи муҳофизатии организм аст?
  4. Чаро аз +50°С баланд шудани ҳарорати бадан барои ҳаёт хатарнок аст?
  5. Хусусиятҳои муҳофизатии илтиҳоб аз чӣ иборат аст?
  6. Пӯст ва пардаҳои луобӣ дар ҳифзи организм чӣ хел иштирок мекунанд?
  7. Ба омилҳои ҳуморалии ҳифзи организм чиҳо тааллуқ доранд?
  8. Дар реаксияҳои муҳофизатии мутобиқшавии организм фаъолияти олии асаб чӣ нақшро мебозад?
  9. Дору чӣ фоида ва чӣ зарар дорад?
  10. Малакаи бо одамон муносибат карда тавонистан ба ҳифзи солимӣ чӣ хел ёрӣ мерасонад?
ҚаблӣФаъолияти одам дар шароити номусоид. Одаткунӣ ба иқлими нав
БаъдӣРеаксияи муҳофизатӣ – мутобиқшавии организм