Реаксияи муҳофизатӣ – мутобиқшавии организм

Реаксияи мухофизати – мутобикшавии организм.


Саломатӣ яке аз муҳимтарин сарватҳои зиндагӣ мебошад. Вазифаи ҳар як одам муҳофизат кардан, оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурда тавонистани саломатӣ мебошад.

Бисёр одамон омилҳои ба организм зараровару фоидаоварро надониста, ба пешгирӣ кардани ин ё он беморӣ сарфаҳм намераванд. Бисёриҳо ҳифзи саломатиашонро ба тиб ҳавола мекунанд. Вале агар худи одамон муҳофизат кардани саломатиашонро ёд нагиранд илми тиб ба онҳо саломатӣ бахшида наметавонад.

Сирояти бактерияҳои бемориовар, хунукзанию гармозании организм, ғизои нодуруст ва камҳаракатӣ, истеъмоли машруботи спиртдор, сигоркашӣ, заҳролудшавӣ, шаклҳои гуногуни шуоъзанӣ, хусусан шуоъзании ултрабунафш ва рентгенӣ омилҳои носолимӣ шуда метавонанд. Миқдори зиёди ин шуоъҳо ҳуҷайраҳоро маҳв ё захмдор карда, аппарати ирсии онҳо – молекулаҳои КДН-ро хароб месозанд. Ғайр аз ин, шуоъзанӣ эҳтимол ба пайдоиши шаклҳои нав, аз ҷумла омосҳои гуногун мусоидат карда, ҷараёни муътадили ҳамлро вайрон кунад. Кори аз ҳад зиёди фикрӣ ва ҷисмонӣ, ғалоғулаи зиёд дар истеҳсолот ва рӯзгор, камхобӣ ва истироҳати начандон кам боиси носолимии одам шуда метавонанд.

Саломатиро реаксияи муҳофизатӣ – мутобиқшавии организм нигоҳ дошта, муҳити дохилӣ ва созгори онро ба шароити зиндагӣ мунтазам мувофиқ мекунад. Реаксияи муҳофизатӣ мутобиқшавиро бо роҳи рефлексӣ ва ҳуморалӣ танзим карда метавонад. Дар ин реаксия фаъолияти олии асаб нақши асосӣ мебозад.

Дард яке аз реаксияҳои муҳофизатии организм мебошад. Дард чун бонги хатар дар бораи носозии ягон ҷойи бадан хабар медиҳад. Дард посбони солимӣ, фарёди узви бемор барои ёрӣ мебошад. Ҳангоми бо таъсири осеб барангехта шудани ретсепторҳо дард пайдо мешавад, дар бофтаю узвҳо бисёртар моддаҳои фаъоли биологӣ ҷудо мешаванд, масалан, дар хун миқдори ҳормони адреналини ғадуди болои гурда зиёд мегардад. Ишораи дард одамро водор месозад, ки барои ҳифзи саломатиаш тадбирҳо андешад.

Баланд шудани ҳарорати бадан – вараҷа, яке аз реаксияҳои муҳофизатии мутобиқшавии организм мебошад.

Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан баъзе микроорганизмҳо, хусусан вирусҳо, зудтар нобуд мешаванд. Ҳарорати баланд боиси пурзӯр шудани ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо гардида, кори фаготситии лейкотситҳоро метезонад ва дигар реаксияҳои муҳофизатии организмро ба кор медарорад. Дар вақти беморӣ духтурон бемориро аз рӯйи хусусияти тағйирёбии ҳарорат муайян мекунанд. Бинобар ин то омадани духтур ҳарорати баданро бо роҳҳои гуногун паст кардан норавост. Вале дар вақти аз +50°С зиёд шудани ҳарорати бадан, онро муҳофизатӣ шуморидан мумкин нест. Дар чунин ҳарорат хатари лахтшавии сафедаҳои организм, пеш аз ҳама сафедаҳои системаи асаб, пеш меояд. Сафедаҳои лахтшуда вазифаи ҳаётии худро гум мекунанд.


Мавзӯи пурра >> Саломатии одам ва роҳҳои муҳофизати он

ҚаблӣСаломатии одам ва роҳҳои муҳофизати он
БаъдӣОмилҳои ҳифзи саломатӣ